06:56:42 13-уми Июни 2025 сол

АЗ ХИЗМАТИ АСКАРӢ БА БИСТАРИ БЕМОРӢ

“Азоб буд... Гурусна мемондем, либоси хуб надоштем. Мумкин ҳамин чизҳо буд, ки ман то ҳол беморам...” Ин ҳарфҳои як ҷавон бо исми Фирӯз аст, ки пас анҷоми хидмати ҳарбӣ дар моҳи майи соли равон то ҳанӯз дар бистарӣ беморист.

 

Ӯ мегӯяд, шароити бади зист ва камбуди ғизову сару либос дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ӯро ба ин ҳол афкандааст. Ба гуфтаи Фирӯз, ду сол қабл ӯ бо хоҳиши худ ҳамчун ҷавони солим аз комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ рафт, вале аз он сӯ ҳамчун як ҷавони бемор баргашт. Болои бистари Фирӯзи бемор аз ҳама беш модари ӯ ғам мехӯрад. Зеро ба гуфтаи модари ӯ - Хуморбӣ Саидалиева ин дуввумин писараш аст, ки аз хизмати ҳарбӣ бемор бармегардад.

 

Вай мегӯяд, “се сол пеш бародарашро дар госпитал хабаргирӣ рафтем. Қариб мурда буд. Устухонҳояш метофт. Аз ҳамон омадан саломатиаш хуб нест. Мана боз додараш ҳамин хел касалӣ омад. Ҳарду фарзанди ман бедарду бетаб буданд. Бачаҳо қоил намешаванд, ки латтукӯб мекунанд, аммо маълум аст, ки онҳоро азоб додаанд”.

 

Бо вуҷуди бемордорӣ ва сарфи маблағи зиёд барои табобати ду писари аз хизмати ҳарбӣ бемор баргашта, касе аз мақомоти марбута ба ин хонавода кӯмак накардааст. Ба гуфтаи хонум Хуморбӣ, ба суоли волидайн, ки чаро фарзандони солими онҳо маъюбу касалманд шудаанд, ягон масъул посух нагуфт.

 

Дар ҳамин маврид мо хостем бо масъулини комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб сӯҳбат кунем, аммо эшон аз сӯҳбат бо мо худдорӣ намуданд. Маҳмадрасул Розиев, сардори комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки бидуни иҷозаи вазири мудофиаи кишвар бо хабарнигорон дар ҳеҷ маврид сӯҳбат намекунад.

 

Аммо Ҷумъахон Назриев, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, чунин омилҳо дили ҷавононро аз хизмати ҳарбӣ сард мекунад. Вай мегӯяд, аз ин ҷост, ки имрӯз аксари волидайн фарзандони худро ба Русия гусел мекунанд, то ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб нашаванд.

 

Аммо Фирӯз ҷавоне, ки аз хизмати ҳарбӣ касалманд баргашатааст, мегӯяд, ӯ ҳеҷ вақт зидди ба хидмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон нест. Ба андешаи ӯ хидмат ба Ватан қарз аст. Аммо вай мегӯяд, “намегӯям, ки ҷавонон ба хизмат нараванд. Ин қарзи ватандории ҳар як шаҳрванд аст. Аммо охир набояд, сарбозонро бе либоси гарм дар зимистон монанд ва шиками онҳоро гурусна. Барои мардбача хизмат қарз аст, вале вақте мебинад, ки як рафиқаш касал омадааст, дилаш аз хизмат мемонад. Шароити сарбозонро бояд хуб кунанд, ҳама ба хизмат меравад”.

 

Ҳоли ҳозир даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб ба итмом расидааст. Масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб низ эълон доштанд, ки имсол даъвати хизмати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артишро аз рӯи нақшаи давлатӣ сад дар сад анҷом додаанд.

 

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854