ШЕЪРДӮСТ ИДДАЪОИ НАШРИЯРО РАД КАРД
Мақомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкати эронии “Собир” дар ҷараёни бунёди тунели “Истиқлол” 10 миллион доллар зарар дидааст.
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон рӯзи сешанбеи 17 ноябр, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки маблағи қарордодии 39 миллиондолларии ин пружа комилан масраф шуда ва ҳамакнун ширкати “Собир” аз ҳисоби маболиғи худ корҳои бетонрезӣ ва бастани ҷараёни об дар дохили тунелро анҷом медиҳад. Оқои Шеърдӯст матлаби “Нақби “Истиқлол” ё ғори эрониҳо”-ро, дар “Нигоҳ”, нашрияи мустақили Тоҷикистон мунташир шудааст, муғризона хонда ва гуфт, ки муаллиф воқеъияти ҳолро таҳриф кардааст.
Дар ин матлаб вазъи номатлуби тунели “Истиқлол”, назири ҷараёни об дар дохили он, набудани рӯшноӣ ва таҷҳизоти тасфиа ё тозакунандаи ҳаво дар нақбро ба риштаи таҳрир кашида шуда ва ин пружа бо тунели сохти чинии “Шар-Шар” муқоиса гардидааст. Аммо сафири Эрон ин муқоисаро ғайримунсифона арзёбӣ карда ва гуфт: дар ҳоле ки ҳазинаи ин пружа яксон аст, аммо тӯли тунели “Истиқлол” 5 килуметр буда ва тӯли тунели “Шар-Шар” 2223 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, иртифоъи тунели “Истиқлол” аз ин тунел 1600 метр баландтар арзёбӣ мешавад. Зимнан, тунели “Истиқлол” дар моҳи июли соли 2006 аз ҷониби руасои ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда, вале то ба ҳол навоқиси он комилан ислоҳ нашудааст. Аз ҷумла, ҳанӯз талошҳо барои бастани ҷараёни об дар дохили тунел натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон гуфт, ки ширкати “Собир” ваъда додааст, то авохири моҳи оянда резиши обро дар тунел қатъ карда ва кунтрули об ба василаи қанотҳо ё лӯлаҳои махсус дар канори тунелро таъмин хоҳад кард. Оқои Шеърдӯст таъкид кард, ки ба ин хотир кор дар ин пружа дар се баст идомад орад, аммо ба далели камбуди неруи барқ мумкин аст иҷрои корҳо ба таъхир анҷом шавад.
Ҳабибулло Давлатов, муҳандиси кулли вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон хабари ба муддати ду ҳафта қатъ шудани интиқоли неруи барқ ба тунели "Истиқлол"-ро таъйид карда ва гуфт, ки ҳамакнун ин пружа бо нерӯи барқ таъмин шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон барои насби системи тасфиаи ҳаво, системи барқрасонӣ, рӯшноӣ ва алайҳи сӯхтори тунел ба 5 миллион доллари изофӣ ниёз вуҷуд дошта, вале ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди шароити тахсиси вом мушкили тахсиси маболиғ ҳалли худро наёфтааст.
Би-Би-Си