08:27:04 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Б.Файзуллоев: "Вавилон"-ро пачақ карданианд

Ширкати “Вавилон-М” мегӯяд, Кумитаи андоз бо ҷарима бастани ин ширкати ватанӣ ба суди ширкатҳои хориҷии фаъол дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон амал мекунад.

behzod-fayzulloev_85656.jpgБеҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон-М” рӯзи 19 январ дар суҳбат бо мо гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳи иқтисодӣ, ки баҳси онҳо бо Кумитаи андозро ба фоидаи ин идораи давлатӣҳал кардааст, розӣ нест ва дар сурати бетағйир мондани ҳукм дар зинаҳои болоӣ ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Беҳзод Файзуллов ҳамчунин гуфт: “Ширкати “Вавилон” дар соли 2013 332 миллион сомонӣ даромад дошт. Аз ин 125 миллионашро андозҳо, маоши кормандон ва хароҷотҳои дигар ташкил мекунанд. Моро Кумитаи андоз 341 миллион сомонӣ аз андоз қарздор кардааст. Ман ҳайронам, ки аз куҷо 341 миллион андозро ба мо часпонданд, дар ҳоле ки даромади умумии ширкат ҳамин қадар нест. Ба назари мо, Кумитаи андоз зархариди ширкатҳои дигари мобилии хориҷӣҳаст, ки мехоҳанд моро аз бозор ронанд. Дар ин сурат 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар ширкати мо кор мекунанд, бекор мемонанд.”

Ҷаноби Файзуллоев аз он изҳори ҳайрат кард, ки Кумитаи андоз нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ, ки моликонашон комилан шаҳрвандони хориҷианд, чунин сахтгир нест, аммо ягона ширкатеро, ки 25 дарсади саҳмияҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад, чунин ҷаримаҳои ҳангуфт бастааст. Вай афзуд: “25 дарсади саҳмияҳои “Вавилон М” ба ширкати “Вавилон Т” тааллуқ дорад. Моликони ширкати “Вавилон Т” ҳамагӣ шаҳрвадони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо медонанд, ки 25 фоизи ширкат аз они тоҷикҳо ҳаст, ҳамонҳоро паҷақ кардан мехоҳанд, тамом!”.

Нусратуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар нишасти хабариаш гуфт, «Вавилон-М» аз давлат 341 миллион сомонӣқарздор аст ва бояд ин пулро қисм-қисм пардохт кунад. Ӯ гуфт, ҳадафи Кумитааш аз чунин «сахт» гирифтани ин ширкат танҳо иҷрои рисолати худ, яъне ҷамъоварии андоз аст, вагарна ба «Вавилон-М» ғаразе надоранд.

Ҷаноби Файзуллоев афзуд, ин ки 75 фоизи ширкат дар дасти ширкати оффшорӣ аст, ҷои тааҷҷуб надорад, чунки фаъолияти ширкатҳои оффшорӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷоиз аст. Ӯ аз чандин ширкатҳои оффшорӣ, аз ҷумла корхонаи тавлиди аллюминий “Талко” ва ширкати IRS ёдовар шуд, ки низ оффшорӣҳастанд ва дар Тоҷикистон фаъоляит доранд. Файзуллоев мегӯяд, дар сурати чунин бархӯрд кардани Кумитаи андоз бо бизнес ягон сармоядори хориҷӣ ба Тоҷикистон намеояд.

Ширкати “Вавилон-М” яке аз чор ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон буда, беш аз 3 миллион муштарӣ дорад. “Вавилон-М” ягона ширкатест, ки 25 дарсади саҳмияҳояш моли шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Аз дигар ширкатҳои бузурги фаъол дар бозори мобили Тоҷикистон - “Билайн” ва “Мегафон” - ҷузве аз ширкатҳои мобилии Русияанд. Қисме аз саҳмияҳои Тселл ба бунёди Оғохон ва бахши аъзами сармояҳояш ба ширкати мухобиротии “Telia Sonera”-и Шветсия тааллуқ дорад.       

Кумитаи андоз: "Молики "Вавилон-М" ширкати оффшорӣ аст"

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, моликони умдаи ширкати “Вавилон-М” як ширкати оффшорӣ дар Вирҷиния ва ҳамчунин шаҳрвандони Русияанд. Нусратуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба баҳси ин ниҳод бо ширкати мобилии "Вавилон-М" гуфт, “75 дарсади саҳмияи ин ширкат дар ихтиёри ширкати офшории “Хайтрон” аст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабти ном шудааст.”

Ин нуктаро ҷаноби Давлатов пас аз суоли хабарнигорон дар мавриди ин ки чаро ду ширкати русии “Мегафон” ва “Билайн” дар мурофиаҳои додгоҳӣғолиб омаданд, аммо ширкати “Вавилон”, ки гуфта мешуд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст, не?, иброз дошт. Вай гуфт, назорати пардохти пурра ва дурусти андозҳо вазифаи аслии Кумитаи андоз аст ва нисбат ба ширкати “Вавилон“ низ кумита рисолати худро анҷом додааст, на бештар аз он.

 Нусратулло Давлатов гуфт: “Мо ба ҷуз аз ин ҳолатҳо (насупоридани андозҳо) баъзе маълумотҳои иловагӣ низ дорем, ки агар лозим шавад, мегӯем. Лекин мо корҳои назоратиро дар ширкати “Вавилон” идома медиҳем.”

Нусратуллоҳ Давлатов дар посух ба суоли хабарнигори мо дар робита ба баҳси ин ниҳод бо ширкати мобилии "Вавилон" гуфт, ки Кумитаи андоз бо ин ширкат дар остонаи созиш қарор доранд. Вай гуфт, Кумитаи андоз ҳадафи муфлис кардани ҳеҷ як ширкат, аз ҷумла ширкати "Вавилон"-ро надорад ва дар ин баҳс ғаразе дар миён нест.

Вай гуфт, ин баҳс ба манфиати буҷа ҳал шудааст ва танҳо марҳилаи назоратӣ боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Нусратуллоҳ Давлатов, ширкати "Вавилон" 1 миллион доллар ба буҷа пардохт кардааст ва онҳо бо раҳбари ин ширкат мувофиқат кардаанд, ки маблағи боқимондаро қисм-қисм пардохт кунанд.

Раиси Кумитаи андоз дар ин нишасти хабарӣ гуфт, як қисми моликияти "Вавилон" ширкатҳои афшорие ҳастанд, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния ба қайд гирифта шудаанд ва як қисми дигари моликияти он аз ширкатҳои Русия мебошанд.

Баҳси ин ду ниҳод аз чанд моҳ ба ин тараф идома дорад ва "Вавилон-М" қарори Кумитаи андоз, ки қарзу ҷаримаҳои ин ширкатро 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб карда буд, қабул накард ва ба додгоҳ муроҷиат намуд. Вале додгоҳҳамчунон ки раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, баҳсро ба фоидаи Кумита ҳал кардааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ чунин баҳсҳои чандмиллиондолларӣ дошт, вале ахиран Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси онҳоро ба фоидаи ширкатҳои русӣҳал кард. Кумитаи андоз танҳо "Мегафон"-ро 94 миллион сомонӣҷарима баста буд. Аммо ин ширкатҳо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти кассатсионӣ оварданд ва ин додгоҳ баҳсро ба нафъи онҳо ҳал кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi