07:24:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Некӣ бимонад ҷовидон. Амри хайри Ситора Азимӣ

Овозхони тоҷик Ситора Азимӣ ташаббусеро бо номи "Некӣ бимонад ҷовидон" ба роҳ андохтааст, ки ҳадафаш бо иҷрои ягон кори амалӣ ёрӣ расондан ба пирону дармондагон аст.

sitora-azimi_123265445.jpgСитораи Азимӣ, овозхони тоҷик ва роҳбари гурӯҳи “Садои Шарқ” таҳти унвони “Некӣ бимонад ҷовидон” маъракаеро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук раҳандозӣ кардааст, ки ҳадафи он кӯмак ба ниёзмандон аст. Ситора аз ҳаводорони худ даъват кардааст, ки ба ин маърака бипайванданд ва ҳар яке панҷ нафари дигарро низ бо худ биёранд. Шеваи кори гурӯҳи хайрия ин аст, ки аъзои он ҳар яке муносиб ба касбу кори худ ба дармондагон ёрӣ мерасонанд. Ин ёрӣҳам ба шакли тиббӣ ва ҳам дастёрӣ дар кори рӯзгор будааст. Масалан фаъолони маърака метавонанд ҳавлии мардуми бедастёрро побел кунанд ва ё ба оилаи ҷавон дар нигоҳубини кӯдаки онҳо ёрӣ расонанд.

Ситора мегӯяд, “кори хайр ё кӯмак ба атрофиён қариб аз зеҳни аҳли ҷомеаи Тоҷикистон зудуда шудааст. Мо баъзан ба кӯмакҳои куллӣ аҳамият медиҳем, аммо кӯмакҳои ҷузъӣ, ки метавонанд як нафарро шод кунанд ё як рӯзи умрашро осон гардонанд, фаромӯш шудаанд.” Овозхони тоҷик меафзояд, “нарм кардани замини бузургсолон, ки ёрдамчӣ надоранд, тоза кардани ҳавлии онҳое, ки зӯрашон ба кори рӯзгор намерасад, ба мактаб бурдани кӯдакони оилаҳои ҷавоне, ки зану шавҳар ҳарду кор мекунанд ва вақти расидан ба бачаҳои худро надоранд, магар ин гуна ёриҳо муҳим нестанд?”

Назарбегим Қосимова аз аввалин нафароне, ки ба маъракаи “Некӣ бимонадҷовидон” ҳамроҳ шуд. Назарбегим, як табиби занона, ки ҳоло дар мураххасии модарӣқарор дорад. Ӯ бо даъвати Ситора даст ба кор шуд ва  ҳамчун табиб ду ҳамсояи кӯҳансолашро, ки имкони ба дармонгоҳ рафтан надоранд, ба “шефӣ” гирифт.

“Ман хостам дар хона бекор нашинаму дар доираи ҳамин аксия ба шахсони ниёзманд аз рӯи ихтисосам ёрӣ  расонам. Масалан, ду ҳамсояи ман зану шавҳар ҳарду маъюби гурӯҳи дуюманд ва ба кӯмаки тиббӣ ниёз доранд. Ман бештар ба онҳо аз нигоҳи тиббӣ кумак мерасонам,”- мегӯяд Назарбегим Қосимова.

Иштирокчии дигари ин маърака Ҳанифамоҳи Эмомӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳанифамоҳ хабари маъракаи кӯмак ба ниёзмандонро аз дӯсташ Назарбегим Қосимова шунидааст. Ӯ мегӯяд: “Як ҳамсоязани калонсол дорам ва ҳар субҳ ба ӯҳаргуна хӯришҳо омода карда медиҳам, ба ҳамсояи дигарам дар корҳои поккории хонааш ёрӣ мерасонам ва ҳоло кӯшиш дорам ба Пётр Черкасский, ки бо вуҷуди 90 сол доштанаш дар Донишгоҳи технологӣ ба ҳайси кӯчарӯб кор мекунад, кӯмак расонам.”

Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома мекунад ва Ситора Азимӣ барои хайрхоҳтарин фаъолони маърака ҷоизаҳое ҳам ҷудо кардааст.

Аммо дастёрони маъракаи “Некӣ бимонад ҷовидон” мегӯянд, ки онҳо кори хайрро на барои ҷоиза, балки ба хотири инсондӯстӣ ва ғамхорӣ ба ҳаққу ҳамсоя анҷом медиҳанд. Онҳо мегӯянд, агар маърака муваффақ бошад, шояд онҳо битавонанд ҳамаи иштирокдоронро ҳифз кунанд ва корҳои хайриявиро боз ҳам идома бидҳанд.

Ситораи Азимӣ, созмондиҳандаи маъракаи “Некӣ бимонад ҷовидон” ба тоҷикони хориҷи кишвар низ муроҷиат кардааст, ки аз якдигар бохабар бошанд ва ба ҳам кӯмак расонанд. Ҳоло беш аз сад нафар ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар, аз Русия, Туркия ва Қазоқистон ба ин маърака ҳамроҳ шудаанд.

Як довталаби магистратура дар Донишгоҳи миллии Туркия, ки худро Фаррух муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки  дар тӯли ду рӯз тавонист се дӯсташро барои пайвастан ба ин маърака ташвиқ кунад. 

Ин маърака шояд дар зеҳни насли бузургтари кишвар “темурчиён” ё талабаҳои ёрирасонро зинда мекунад, ки дар замони Шӯравӣ маъруф буданд ва рисолаташон ҳам аз кӯмак ба дармондаҳо буд.

Теъдоди нафароне, ки ба кӯмаки ҷисмонӣ, поккорӣ, хариди ғизо ва ҳатто як ҳарфи хуб ниёз доранд дар Тоҷикистон кам нестанд.

Сӯҳроб Алламуродов аз 5-солагӣ фалаҷ аст ва 25 сол боз аробачаи маъюбӣ пойҳои ӯро иваз кардааст. Ӯ мегӯяд, корҳои зиёде дорад, ки бидуни дасту пои солим иҷро намешаванд ва агар касе аз ин гурӯҳ битавонад ба ӯ ёрӣ расонад, бисёр хурсанд мешуд.

“Ман маъюб ҳам бошам, дар кӯча сақич ва тухми офтобпараст мефурӯшам. Баъзе ҳолатҳо мешавад, ки аз сабаби бисёр будани нақлиёт аз ин тарафи роҳ ба он тараф гузашта наметавонам ё ҳангоми боридани борон таъҷилан  борҳои фурӯшиямро ҷамъ карда наметавонам. Дар бисёр ҳолатҳо ҳамеша ба кумаки нафаре ниёз дорам ва хуб мешуд иштирокчиёни ин аксия аз ҳоли ман ҳам бохабар шаванд,”- мегӯяд Сӯҳроб Алламуродов.

Маъракаи “Некӣ бимонад ҷовидон” дар шакле, ки анҷом мешавад, падидаи тоза аст. Шаҳноз Комилзода, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, барои таъмини тамоми мардуми ниёзманд бо кӯмакҳои лозим маъракаҳои фарогиртаре лозиманд: “Мардуми тоҷик аз азал самимӣ ҳастанд ва ҳамеша ба якдигар кӯмак мерасонанд. Барои як нафарро аз ин тараф ба он тарафи роҳ гузарондану ба монанди ҳамин корҳои ҷузъиро анҷом додан, зарурат ба ягон аксия нест. Ин амалҳоеянд, ки мардум ҳар рӯз барои якдигар анҷом медиҳанд, хуб мешуд, ба ягон масъалаву проблемаи ҷиддитар саҳми худро мегузоштем.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi