02:52:48 04-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ АФСАРИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ

Як афсари пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар қатли хонуме мазнун дониста шудааст. Манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ахиран як афсари русро ба иттиҳоми қатли хонуме, ки ҳамсари бидуни қайди издивоҷи ӯ буда, боздошт кардаанд.

 

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб рух дода, афсари рус дар яке аз воҳидҳои низомии пойгоҳи Русия дар ин кишвар маъмурият доштааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар, ба далели ворид насохтани халал дар раванди таҳқиқот, аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, ки Сергей Ведянин, шаҳрванди Русия ва афсари пойгоҳи ин кишвар дар Тоҷикистон бо Анжелика Головина бидуни қайди издивоҷ бо ҳам зиндагӣ мекарданд.

 

Вай афзуд, ки “бо далоили номаълуме миёни онҳо баҳсе сурат мегирад ва дар пайи ин амр оқои Ведянин ҳамсари худро ба қатл мерасонад.” Феълан, ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Сергей Ведянин боздошт шуда, мақомоти интизомӣ ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Манобеъи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ карданд.

 

Зимнан, воҳидҳои низомии пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон мустақар ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, дар чанд соли ахир, соҳибназарон аз афзоиши мавориди ҷароим дар миёни низомиёни рус дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар авохири моҳи август, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду афсари рус хабар дода буданд, ки гуфта мешуд онҳо дар қатли як ронандаи токсӣ мазнун дониста шуданд.

 

Телевизиюни давлатии Тоҷикистон бо пахши тасвири видиюӣ, нишон медод, ки ин ду афсари рус дар қатли ронандаи токсӣ иқрор мешуданд. Таъкид мешуд, ки “ин ҷиноят дар ҳолати мастии афсарони рус рух додааст.” Маҳамадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки моҳе қабл таҳқиқи ин парвандаи ҷиноӣ анҷом ёфта буд ва барои муҳокима ба додгоҳ ироа шудааст. Вале дар бораи натиҷаи муҳокимаи додгоҳии ин парванда то ҳол гузориш нашудааст.

 

Зимнан, даст доштани ду афсари рус дар қатли як ронандаи токсӣ дар ҳоле эълом шуда буд, ки миёни давлати Тоҷикистон ва Русия баҳсҳо дар бораи шароити дурнамои ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

 

Аз сӯйи дигар, ахиран манобеъи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ хабар доданд, ки як афсари ин пойгоҳ ба далели тақаллубкорӣ ва сирқати маводд ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар тобистони соли ҷорӣ расонаҳои гурӯҳии Русия хабар доданд, ки дар пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон бархе аз текнулужиҳои мушакии Русия ошкор шуданд, ки гурӯҳе аз афсарон қасд доштанд, онҳоро ба сурати қочоқ ба кишвари дигаре интиқол диҳанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854