12:18:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Номи қотили Умаралӣ Қувватов то ҳол маълум нашудааст

Наздикони УмаралӣҚувватов, раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз қатли ӯ дар Истамбул пулис ҳанӯз ҳуввияти қотилро мушаххас накардааст ва дар чорчӯби ин парванда танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мемонад.

umarali-quvvatov-652155445.jpgАбдурашид Ҳамидов , яке аз нафарони наздик ба раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” УмаралӣҚувватов дар Истамбул рӯзи 2 июн дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз ҷамъи онҳое ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи қатли ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия дастгир шуда буданд, имрӯз танҳо гумонбари асосӣ – Сулаймон Қаюмов – дар боздошт боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Абдурашид Ҳамидов, таҳқиқи парвандаи қатли Қувватовро бахши зиддитеррори пулиси Истамбул пеш мебарад, вале муфаттишон гуфтаанд, ки то ҳол шахсияти нафареро, ки ба Қувватов тир андохтааст, муайян накардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд: “Ба ғайр аз Сулаймон Қаюмов чанд нафари дигар ҳам ҳаст, ки рӯяшон шубҳа афтодааст. Онҳоро барои бозпурсӣ бурда меоранд, вале дар пушти панҷара имрӯз фақат Қаюмов мондааст. Дар пулис ба мо гуфтанд, ки Сулаймон Қаюмов бо вуҷуди далелҳои зиёд то ҳол иқрор накардааст. Мо фикр мекунем, ки шояд хонаводааш дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор дорад ва ба ин далел, ӯ аз иқрор шудан метарсад.”

Аммо Раҳмон Қаюмов, бародари Сулаймон Қаюмов дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, касе аз онҳо ба далели қазияи Сулаймон мавриди фишору таъқиб қарор нагирифтааст: “Ҳанӯз пеш аз ин ҳодиса моро чанд бор даъват карданд ва баёнот гирифтанд, ки бародаратон онҷо чӣ кор мекунад ва чаро ба ин “Гурӯҳи 24” пайвастааст? Мо гуфтем, ки мо инҷоем ва аз кору бори ӯ дар Туркия хабар надорем. Баъди боздошташ як бори дигар рафта баёнот додем. Дигар тамом. На моро ягон бор даъват карданд, на касе ба дари хонаи мо омадааст, ки Сулаймон иқрор кунад ё накунад. Ба Худо қасам, ягон кас нисбат ба мо дар масъалаи Сулаймон зӯроварӣ накардааст.”

Раҳмон Қаюмов афзуд, барои аёдати Сулаймон Қаюмов ба Истамбул рафта буданд ва Сулаймон ҳангоми мулоқот гуфтааст, ки бо тӯҳмат масъулияти қатли Қувватовро ба гардани вай задаанд ва дар асл ӯ гуноҳе надорад: “Ман худам натавонистам пешаш бидароям, вале Сулаймон ба як бародари мо, ки бо ӯ дар боздоштгоҳ кӯтоҳ мулоқот дошт, гуфтааст, ӯ аз ин кору бор (сӯиқасд ба УмаралӣҚувватов) дарак надошт ва дар ҳаққаш тӯҳмат шудааст.”

УмаралӣҚувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз меҳмонӣ дар манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд ва ҷанозаи ӯро ду рӯз баъд дар оромгоҳи Килёси ин шаҳри Туркия ба хок супурдаанд.

Ҳамсару ду фарзанд ва ду муҳофизи Қувватов, ки ӯро дар он меҳмонӣҳамроҳӣ мекарданд, билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Сулаймон Қаюмов баланд карданд, ки дар ин сӯиқасд даст дорад. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом вазъашон бад шуда буд ва ба ҳамин далел, аз меҳмонӣ барвақт хестанд. Ташхиси пулис баъдан дар бадани Қувватов осори доруи клозапинро, ки барои табобати беморони гирифтори маризии рӯҳии шизофрения истифода мешавад, маълум кард.

УмаралӣҚувватов, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешуад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд. Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонданд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣқарор доданд.

Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул ва Гадоев як дафъа – дар тобистони соли 2014 дар Мадрид, пойтахти Испания - бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале дар ҳарсе маврид дархости истирдоди онҳо ба Тоҷикистон рад шуд.

УмаралӣҚувватов ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш моҳҳои охир дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди кушта шудани раҳбари “Гурӯҳи 24” зану фарзандони ӯ дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳандагӣ ба даст оварданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi