16:29:15 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ОИЛАҲОИ МУҲОҶИРОН ҲАМ СОҲИБКОР МЕШАВАНД

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи Ковид – 19 бештарин зарбаи иқтисодию иҷтимоӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ расидааст. Як қисме аз онҳо дар Русия бидуни ҷои кор ва зист монданду, кисми дигар дар ватан бо мушкилоти сафар ва ё буду дош қарор гирифтанд. Вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо вазнин шуд.

1 oila-migrant 121245Дар ҳамин давра масъулини Ташкилоти ҷумҳуриявӣ ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” тасмим гирифтанд лоиҳаи “Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои кам кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID 19”-ро роҳандозӣ бикунад. “Ҳадаф, асосан дастгирии иқтисодию иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз пайомадoҳои пандемияи мебошад. Каме ҳам бошад занон оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро бо кор таъмин бикунем, то сатҳи зиндагии худро баланд бардоранд.” мегӯяд, Қурбон Назаров, мушовири лоиҳа одид ба соҳибкорӣ.

Ганҷина Юсупова ва Холнисо Убайдуллоева бори аввал аст, ки ба кор машғул шудаанд. То ин замон хонашин буданду дастнигари бародару падар буданд. Аммо ҳоло соҳиби касб ва кор ҳастанду соҳиби зиндагии худашон шудаад. Мисли Ганҷинаю Холнисо 30 зани дигар аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатии Mаҳаллаи “Гулханӣ”-и ҷамоати деҳоти Шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисорсоҳиби касб шудаанду 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ташкилоти мазкур беш аз 5 сол аст, дар самти рушди соҳибкории иҷтимоӣ фаъолият дорад. Ин лоиҳа яке аз даҳҳо лоиҳаҳои иҷтимоӣ онҳо мебошад, ки бо дастгирии Институти “Ҷамъияти Кушода” бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Ҷабборов, намояндаи шаҳри Ҳисор дар ҷамоати Гулханӣ, хамкории раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ш. Ҳисор бо ташкилоти ҷамъиятӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Таҳияи курсҳои касбомӯзӣ барои 30 зани деҳа маҳсули ҳамин ҳамкориҳост, ки тули 2 моҳ касб омӯхтанд ва рӯзҳои наздик ба онҳо шаҳоданомаи касбият тақдим мешавад. Дар ҳоли ҳозир 12 нафари онҳо бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд ва кушиш доранд то барои 15 нафари дигар ҳам ҷойҳои корӣ муҳайё бикунанд.  

2 oila-migrant 121245Яке аз бартариҳои ин лоиҳа дар он аст, ки дар самти соҳибкории иҷтимоӣ дар лоиҳаи мазкур ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳам давлатӣ ва ҳамчунин худи ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок мекнад.

Ба ақидаи роҳбари лоиҳа Шуҳрат Латифов, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шарвандон, худи гуруххои осебпазир таёр ҳастанд, ки мушкилоташонро ҳал кунанд, ки ин нишонаи устувории лоиҳа мебошад.

Масъулини лоиҳа фаъолияташонро дар ин самт идома додани ҳастанд. Тибқи наҳша онҳо кушиш мекунанд, то маҳсулоти ин занонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ кунанд ва дар гузарондани намоишгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Душане ва Ҳисор ёрии хуро расонанд. Ҳамчунин барои тавсеаи тиҷорати онҳо дасти кмак дароз намоянд, то даромади молиашон бештар шаваду сатҳи зиндагии худ ва оилаашон баландтар шавад.

Ганҷина алакай нахустин маблағи заҳмати худашро ба даст гирифта барои рушди кораш сарф кардааст. Бо ифтихор мегӯяд, алакай соҳиби муштарии худаш асту дар деҳа соҳиби обрӯ. Ният дорад дар оянда коргоҳи худро бунёд кунаду шогирдони фаровоне аз ҷумлаи духтарони бекори деҳааш тайёр кунад.

Шаҳноз Комилзода, "Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi