02:30:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Наздикони шашгоники фавтида аз хунукназарии табибон шикоят доранд

Наздикони шашгоники дар Хуҷанд таваллудшуда, ки баъди як рӯз фавтиданд, аз хунукназарӣ ва беэътиноии табибони таваллудхонаи вилоятӣ шикоят доранд.

Онҳо мегӯянд, аллакай тавассути телефони боварӣ ба сарвазири кишвар арз кардаанд ва нақша доранд, аз болои табибон ба додситонӣ низ шикоят баранд.

Аввалин шашгоник – ду писар ва чор духтар дар таърихи Тоҷикистон, ки се рӯз пеш, 10-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Суғд ба дунё омаданд, баъди як рӯз фавтиданд.

Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ мегӯяд, табибони ин даргоҳ барои зинда мондани шашгоник ҳамаи кӯшишро кардаанд ва сабаби марги онҳо “пеш аз муҳлат ва камвазн ба дунё омадан” аст.

Вале Залияхон Раҳимова, модаркалони шашгоник марги набераҳояшро “сари вақт нарасонидани ёрии авалияи тиббӣ” арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки сабаби аслии фавти онҳо то ҳол барояш номаълум аст.

Ӯ рӯзи 13-уми январ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, соати 10:00 рӯзи 10-уми январ духтараш Муборак Соҳибоваи 26-соларо ба таваллудхонаи вилоятӣ бурдаанд, вале ба ӯ сари вақт кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида нашуд: танҳо баъди 1,5 соати интизорӣ зани ҳомиларо ба шӯъбаи қабул бурдаанд.

“Дар маҷмӯъ, духтарам пеш аз таваллуд 3 соат навбат поид ва интизор буд, ки ба ӯ кӯмак расонанд. Албатта, ин ба саломатии ӯ ва кӯдакон бетаъсир набуд. Танҳо баъди он ки хушдомани духтарам шӯру ғавғо бардошту аз духтурон талаб кард, ки ба келинаш кӯмак кунанд, момодоя ва ҳамшираҳо ба суроғи духтарам омаданд. Соати 15:00-и рӯзи 10-уми январ духтарам таваллуд кард”, - нақл кард Залияхон Раҳимова.

Ӯ гуфт, духтараш қаблан дар қайди Маркази репродуктивии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дошт ва дар он ҷо гуфта будаанд, ки таваллуди панҷгоникро интизоранд.

“Шароит ҳаст, вале эътибор намедиҳанд. Давлат барои занҳои ҳомила тамоми шароитро муҳайё кардааст, аммо ба духтари ман танҳо акушеркаҳо вобаста шуданд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон бори аввал шашгоник ба дунё меомад ва агар қаблан онҳоро дуруст ташхис карда, зери назорат мегирифтанд, шояд набераҳоям зинда мемонданд”, - гуфт модаркалони шашгоники фавтида.

Ӯ афзуд, ки оилаи духтараш қаблан низ як писари 8-моҳаашро аз даст дода буд ва марги шашгоник барояш дардовар аст.

Залияхон Раҳимова ҳамчунин аз он шикоят дорад, ки духтурон ҳангоми мушаххас кардани ҷинси набераҳояш низ иштибоҳ кардаанд. Вақте ду набераи аввал фавтидаро доданд, гуфтанд, ки “ду духтар аст, аммо вақте гуркоб кушода дид, як духтару як писар будааст”.

“Илова ба ин, ҳуҷҷатҳои фавти онҳо ҳам муҳр надошт. Мо натавонистем ҷасадҳоро ба хок супорем ва танҳо баъди як рӯз ҳуҷҷатҳоро дуруст кардем”, - мегӯяд Залияхон Раҳимова.

Бибии шашгоник нигаронӣ дорад, ки набераҳои навзодашро дарҳол ба кювез ва ё вакуум (шишаи махсус барои нигоҳдории кӯдакони пеш аз муҳлат таваллудшуда) нагузоштанд ва дар берун нигоҳ доштанд, ки ин аз нигоҳи тиббӣ қобили қабул нест.

Аммо Нурӣ Дадобоева мегӯяд, таваллудхона бо дастгоҳи тиббии лозима таъмин аст ва дар марги шашгоник табибон гунаҳкор нестанд. Ӯ барои исботи гуфтаҳояш зикр намуд, ки таваллудхонаи вилоятӣ дар ҷумҳурӣ мақоми сеюмро касб мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Залияхон Раҳимова, духтурон пас аз таваллуди шашгоник аз онҳо пурсидаанд, ки “чаро зани ҳомиларо барои таваллуд ба Русия набурдед, зеро дар Тоҷикистон барои таваллуди шашгоник шароит нест”.

Ҳамакнун, наздикони шашгоник мегӯянд, ба телефони боварии сарвазири кишвар аз болои хунукназҳарии духтурони таваллудхонаи вилоятӣ шикоят бурданд ва баъди мураххас шудани модари шашгоник - Муборак Соҳибова қасд доранд ба додситонӣ арз кунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз, 13-уми январ, шашгоники фавтидаро дар қабристони Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супориданд.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Суғд аввалин шашгоник дар таърихи Тоҷикистон таваллуд шуд. Пас аз таваллуд табибон вазъи онҳоро мутаъдил арзёбӣ карда буданд, аммо бо гузашти як рӯз, ҳамаи онҳо фавтиданд.

Ҳоло маълум нест, ки сабаби марги авалин шашгоник аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ санҷиш мешавад ё не.

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi