15:08:13 28-уми Июни 2025 сол

Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм

Аз тарафи судҳои шаҳру навоҳии вилоят соли 2022-юм вобаста ба терроризму экстремизм 103 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 118 нафар баррасӣ шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29 адад бештар мебошад. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд иттилоъ доданд.

terror_9865655421.jpgСоли 2021-ум судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 74 парванда нисбат ба 122 нафар баррасӣ намудаанд. Ба иттилои манбаъ, давоми соли 2022   ягон нафар зан ва ноболиғ бо ин ҷурм равонаи зиндон нашудааст.

Шумораи парвандаҳои вобаста ба терроризму эксремизм дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гаштааст:

Судҳои шаҳру ноҳияҳо соли гузашта вобаста ба терроризму экстремизм 103 парванда баррасӣ кардаанд.

2_terror_9865655421.jpg

Дар маҷмӯъ давоми соли 2022   нисбати 118 нафар шаҳрвандон бо ҷурми шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро аз ҷониби суди шаҳру навоҳии вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта кам мебошад.

Сарчашма: Суди вилояти Суғд

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Назари Шумо

Security code
навсозӣ