06:09:24 31-уми Майи 2026 сол

“Қонун дар бораи асъор назорат мешавад!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъорро дар давраи соли 2025 мавриди санҷишу таҳлил карор дод.

8 maqolai asor 21544554Қайд бояд намуд, ки риояи иҷрои қонуни мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, муайян гардид, ки аз беназоратии мутасаддиёни мақомоти ваколатдор истифода намуда, баъзе шаҳрвандон ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд, ки ин ҳолат ба беқурбшавии пулли миллӣ оварда мерасонад. Муайян карда шуд, ки бо мақсади нигоҳдории қурби пули миллӣ дар ҳудуди вилоят 460-нуқтаҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи махсус таъсис додашуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Мутаассифона баъзе шаҳрвандон дидаю дониста, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва обрӯю эътибори миллат аст ба ҳар роҳу восита маблағҳои ба роҳи қалбакӣ омодашударо ба муомилот баровардаанд.

Чунончи, Ғайратов С. сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти “Тахти-Сангин”, деҳаи Гулистон дар сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон воқеъ дар шаҳри Турсунзода бар ивази маблағи 117000 рубли руссӣ, 50-адад купюраи 100 сомона ҷамъ 5000 сомонӣ харидорӣ намуда дидаю дониста, ки маблағҳои мазкур қалбакӣ мебошанд онҳоро ба муамилот баровардааст.

Нисбати Ғайратов С.М. 10 феврали соли 2025 бо моддаи 281 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳамин монанд, Каримов У. сокини ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Қайқубод, деҳаи Саридиж 5-адад купюраи 100 доллараи асъори ИМА, ки қалбакӣ буданд аз сарчашмаи номаълум дарёфт намуда, дидаю дониста 100-доллари онро ба шаҳрванд Маҳмадаминов Р.Ш. ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.

Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 3 феврали соли 2025, №02/55/25 маблағи 500 доллари ИМА аз Каримов У. гирифташуда муайн карда шуд, ки қалбакӣ будаанд.

Аз рӯи ҳолати мазкур 7 феврали соли 2025 нисбати Каримов У. бо моддаи 281 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешақӣ бурда шуд.

Сатҳи қурби асъор аз рақобатнокии молҳои миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот ва воридот вобаста буда, сатҳ ва суръати пасту баландшавии он яке аз нишондиҳандаҳои устувори иқтисодии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Баъзе шаҳрвандон ва соҳибкорон ба муҳимияти масъалаи мазкур нигоҳ накарда худсарона нуқтаҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ кушода, бе гирифтани иҷозатнома ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд.

Масалан, Бозоров Ф. дар ҶДММ “Бохтар алоқа”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ кор карда, дар нуқтаи хизматрасонии мазкур ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул гардида, 16 феврали соли 2025 аз харидори шартӣ маблағи 4000 доллари ИМА баробар ба 43200 сомонӣ харидори намудааст.Нисбати Бозоров Ф.Ф. 17 феврали соли 2025 бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Бо ҳамин монанд Умарзода У.Н. сокини ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки “Тус” бидуни иҷозатномаи махсус дар дохили бозори марказии ноҳияи Шаҳритус нуқтаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ кӯшода, 22 феврали соли 2025 аз харидори шартӣ маблағи 4000 доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ бар ивази маблағи 44810 сомонӣ харидори намудааст.

Ё ин, ки Назаров Икромҷон Холович, сокини ноҳияи Ёвон Ҷамоати шаҳраки Ёвон, дидаю дониста дар бозори марказии ноҳияи Ёвон ғариқонунӣ бо хариду-фурӯши асъори миллиию хориҷӣ машғул гашта, 19 августи соли 2025 маблағи 4300 (чор ҳазору сесад) доллари ИМА-ро маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ иваз намудааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати Умарзода У. ва Назаров И.Х бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Гарчанде, ки баъзе аз шаҳрвандон барои муомилоти ғайриқонунии бо асъори хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошанд, ҳам ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, такроран ба хариду фурӯши ғайриқонунии он даст задаанд.

Масалан, Меликов Ҷ. сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, барои машғул гардидан ба хариду фурӯши ғариқонунии асъори хориҷӣ аз якуми апрели соли 2024 бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, боз дидаю дониста 28 январи соли 2025 дар бозори марказии ноҳияи А.Ҷомӣ аз харидори шартӣ маблағи 300 доллари ИМА-ро бар ивази маблағи 3270 сомонӣ харидорӣ намудааст. Ба ҳамин монанд шаҳрвандон Толибов С. ва Исмоилов А. дар давоми соли баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан такроран ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул шудаанд.

Нисбати Меликов Ҷ., Толибов С. ва Исмоилов А. бо моддаи 286 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки чунин мисолҳо бисёранд.

Ҷаъбасту таҳлил нишон дод, ки бо бо натиҷаи санҷишҳои гузаронида дар ин самт 153 қонунвайронкуни ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намуани он 33 пешниҳод, 21 амр дода шуда, 80 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 14 парвандаи ҷиноятӣ ба маблағи 382389 сомонӣ оғоз карда шудааст.

Кормандони прокуратура дар ин асос вобаста ба фаҳмонидани моҳияти қонунгузории мазкур дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо баромад намуда, аз васоити ахбори омма низ истифода бурдаанд ва шаҳрвандони кишвар бояд ба моҳияти қонунҳои қабулгашта вобаста ба муомилоти асъор бояд дониши ҳуқуқии худро баланд бардоранд, зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Зайниддинов В.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ