16:14:12 21-уми Апрели 2026 сол

«Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон»

Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, рӯзи 27-уми феврали соли 2026 дар толори прокуратураи вилояти Хатлон доир гашт, дар он як масъала:Натиҷаи таҳлили таҷрибаи тафтишотию судии ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар соли 2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

1 shuroi hamohangsoz 6565452121Ахбороти сардори Раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Аваззода Ш.Т., муовини якуми сардори Раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Ашурзода Қ.А., сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон Нуъмонзода З.М.

Дар ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иштирок намуданд:

Аъзоёни шуро: - сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон - сардори РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-майор Мирзозода Нусратулло Неъмат - сардори РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар генерал-майори адлия Аваззода Шараф- сардори РАНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Ҳикматзода Иззатулло - сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон полковники хадамоти гумрук Ҳалимзода Эраҷ - сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Ҷурабеки Ҷума - сардори Раёсати иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мушовири адлияи дараҷаи 2 Амиршозода Сайфулло Амиршо.        

Дар ҷалласа кормандони масъули прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма ҳузур дошта, ҳамчунин сардорони раёсатаҳои тандурустӣ, маориф, беҳдошти замин ва обёрӣ, сарраёсати молияи вилоят, роҳбарони ташкилотҳои барқии вилоят даъват ва иштирок намуданд.

Раиси шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон - прокурори вилоят генерал-майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозиро кушода эълон намуд.

Баъдан ахбороти сардори Раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Аваззода Ш.Т., муовини якуми сардори Раёсати АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Ашурзода Қ.А., сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар маомоти прокуратураи вилояти Хатлон Нуъмонзода З.М. шунида шуд.

Азҷумла сардори шуъбаи назорати тафтишоти пешакӣ дар маомоти прокуратураи вилояти Хатлон Нуъмонзода З.М. дар баромадаш чунин иброз дошт:

Муайян карда шуд, ки гарчанде ошкоркунии ин қабил ҷиноятҳо ва муқаррар намудани зарари аз онҳо расонидашуда сол то сол зиёд гардида бошад ҳам, вазъи барқарор кардани зарар чандон ба талабот ҷавобгуй нест.

Дар ин давра аз ҷониби макомоти назорати давлатии молиявии РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти субъектони хоҷагидор 291 санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуда, маблағи зарари дар рафти санҷишҳо ошкор кардашуда 30 198 793 сомониро ташкил дода, аз он 29 280 195 сомонӣ барқарор карда шудаанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давра аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят вобаста ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ 254 (прокуратура -177, РАНДМ ва МК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар - 37, РАНДМ ва МК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 29, РКДАМ - 3 ва РВКД - 19) ҷиноят ошкор карда шудааст.

Аз 177 парвандаи ҷиноятӣ, ки аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он мавриди тафтиш қарор дода шудаанд, 151 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 173 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо фиристода шудааст.Маблағи зарар бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ 12 713016 сомониро ташкил намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 6 729 694 сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 3 838 214 сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.

Аз ҷониби муфаттишони шуъбаҳои тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтару Кӯлоб ҳамагӣ 51 парванда оғоз ва тафтиш карда шуда, аз инҳо 50 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 57 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудаанд.

Маблағи умумии зарари муқарраршуда бо ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ 2 380 796 сомониро ташкил дода, дар рафти тафтиши пешакӣ 2 369 031 сомонӣ барқарор карда шудааст, ки ҳамаи онҳо ба манфиати давлат мебошанд.

Аз ҷониби муфаттишони мақомоти корҳои дохилии вилоят 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шуда, аз инҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 12 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст. Пешбурди 3 парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаи 230 қисми 1 сархати 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи тобеъият ирсол карда шудааст. Маблағи зарари бо ин парвандаи ҷиноятӣ 574 985, сомониро ташкил намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 168 623 сомонӣ барқарор карда шудааст.

Аз ҷониби муфаттишони РКДАМ дар вилояти Хатлон бошад 2 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ оғоз карда шуда, 1-тои он аз рӯи тобеият ирсол карда шуда, бо 1 парвандаи ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.Маблағи зарар бо ин парвандаҳои ҷиноятӣ 453 200 сомониро ташкил дода, он пурра барқарор карда шудааст.

Аз тарафи суди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2025 203 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 237 нафар бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии судӣ қарор дода шудааст.Аз ин шумора бо 198 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 231 бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ анҷом ёфтааст.Таҳлил нишон дод, ки содиршавии ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар соҳаҳои алоҳидаи мақомоти давлатию ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла дар зерсохторҳои раёсати маорифи вилоят дар соли 2025 дар умум 48 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар вилоят нишондиҳандаи баландтарин буда аз инҳо дар дар 21 ҳолат нисбати директорони муассисаҳои таълимӣ, дар 7 ҳолат нисбати мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ, дар 9 ҳолат нисбати муовинони директор ва мудирони хоҷагӣ, 11 ҳолат нисбати муҳосибон, сармуҳосибон ва мутахассисон мебошанд.

Дар сохторҳои Раёсати тандурустии вилоят бошад 11 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 5 ҷиноят аз ҷониби кормандони муассисаҳои давлатии "Беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои сил", 3 ҷиноят аз ҷониби кормандони марказҳои саломатӣ, 3 ҷиноят аз ҷониби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 2 ҷиноят аз ҷониби муовинони сардухтури беморхонаҳо оид ба корҳои хоҷагӣ ва ғайра содир карда шудаанд

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони масъули Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияҳо 5 ҷиноят, аз ҷониб масъулини корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзили коммуналӣ”-и шаҳру ноҳияҳо 7 ҷиноят содир карда шудаанд, ки вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати шахсони ҷиноят содирнамуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, ҷинояткорон бо ҳукмҳои судӣ маҳкум гардидаанд.

Таҳлил муайян намуд, ки шумораи бештари ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар фаъолияти кормандони масъули шабакаҳои барқии вилоят ва сохторҳои шаҳру ноҳиявии он (49 адад) ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 40 ҷиноят аз ҷониби назоратчиҳои барқ, 6 ҷиноят аз ҷониби сарнозирони барқ ва 3 ҷиноят аз тарафи сардорони шуъбаву бахшҳои шабакаҳои барқӣ содир шудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати нозир-барқчиёни дар боло зикршуда бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 45-парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандаҳои ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол карда шуда, номбурдагон бо ҳукмҳои суд маҳкум гардидаанд.

Дар натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти самти мазкур муайян гардид, ки яке аз сабабу омилҳои асосии ба содир гардидани ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ мусоидаткарда ин дар фаъолияти ташкилоту идора ва корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ дар рафти ҳуҷҷатгузорӣ риоя нагардидани талаботҳои қонунгузорӣ дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ мебошад. Яъне дар рафти анҷом додани амалиётҳо дар ин самт ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, нақшаи ҳисобҳо, ҳисоботи молиявӣ, шартномаҳо, ҳуҷҷатҳои дигари марбути баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявии ташкилотҳо ва дафтару китобҳои бақайдгирии онҳо дуруст ва ба таври дахлдор тартиб ва ба роҳ монда намешаванд.

Бо мақсади пешгирӣ намудан ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои фаъолияти молиявидошта, дар ҷалласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Зайниддинов В.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ