19:38:58 02-уми Июни 2025 сол

САДҲО МУСОФИР ДАР ПАНҶАИ ТАРМАҲОИ МАЙХУРА

Даҳҳо мошин бо садҳо мусофир, ки бо роҳи мошингард аз шимол ба Душанбе меомаданд, дар наздикиҳои деҳаи Майхураи гарданаи Анзоб дар банди тарма мондаанд. Бино бар хабари Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, шаби гузашта дар километри 65-уми роҳи мошингари Душанбе-Хуҷанд дар наздикиҳои деҳаи Майхура тарма фаромадааст.

 

Ба қавли шоҳидони ҳол, баландии ин тарма, ки роҳро банд кардааст, тақрибан 10 метр ва дарозияш 30 метр будааст. Зафар Мирзобошиев, раиси ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди сад мошин, ки аз сӯи Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, дар банди ин тарма мондаанд.

 

Вале шуморе аз ронандагони ин мошинҳо ва мусофирзанон бо телефон бо Радиои Озодӣ дар тамос шуданд ва гуфтанд, тарма пеши роҳи тақрибан 200 мошин ва 800 мусофирро гирифтааст. Онҳо гуфтанд, теъдоде аз ин мардум бештар аз 10 рӯзи ахир дар банди як тармаи дигар дар гарданаи Шаҳристон буданд ва ҳамакнун боз дар Анзоб дармонданд.

 

Ҷаноби Мирзобошиев, масъули ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Айнӣ мегӯяд, сарфи назар аз камбуди василаҳои фаннӣ масъулон талош доранд, то роҳро боз кунанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http:/ijtimo/1867-2010-03-05-10-43-42.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854