«ТАНГЕМ»-ҲО АЗ КӮЧАҲО ҒАЙБ МЕЗАНАНД
Бино ба иттилои сардори маркази матбуотии бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе подполковники милитсия Шерафган Латипов, таи ду рӯз дар кӯчаҳои шаҳр оид ба қатъ гардонидани мусофиркашонӣ тавассути ба истилоҳи халқӣ «тангем» - ҳо дар хатсайрҳои қаблӣ муайянгардида, рейди махсуси кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ гузаронида шуд. Ба иттилои ҳамин манба, мақсад аз гузаронидани чунин санҷиш бехатар гардонидани ҳаракати нақлиёт дар тамоми хатсайрҳои пойтахт мебошад.
Аз 21 – уми июни соли ҷорӣ ҳаракати «тангем» - ҳо дар тамоми хатсайрҳо пурра қатъ карда шудааст. Дар сурати дар хатсайрҳо пайдо шудани ин намуди нақлиёт ронандагони онҳо баъди огоҳӣ шуданашон то 700 сомонӣ ҷарима карда мешаванд. Дар сурати такроран баромадан дар яке аз хатсайрҳои шаҳрӣ ронанда аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум карда мешавад.
Боис ба ёдоварист, ки дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаракати ин микроавтобусҳои сохти чинӣ дар роҳи «Протоколӣ» қатъ карда шуда буд. Акнун шаҳрвандон аз хатсайрҳо ғайб задании «Чанху», «Дамаск», «Хафей»- ро, ки дар байни мардум бо номи «тангем» маълуманд, чи тавр қабул мекунанд, вақт нишон медиҳад.
Бо вуҷуди таъкиди сахти кормандони «БДА» -и шаҳри Душанбе субҳи рӯзи 25 – уми июн дар хатсайри «2», «11», «15» ва «25» шумораи зиёди ин навъи нақлиёт мушоҳида гардид, ки аз ду якест: ё инҳо «таға»- доронанд ва ё қонуншиканҳое мебошанд, ки тавассути додани 2 сомонӣ ба нозирони роҳ худашонро шоҳу таъбашонро вазир пиндошта мегарданд.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2551-lr-----.html