ЭЪТОИ ҶАВОИЗИ РӮДАКӢ: "ҲАРЧИ ДОРЕМ, ҲАМИН АСТ"
Давлати Тоҷикистон мусаввабаи худро дар бораи эътои “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2010" имзо кардааст. Бар асоси ин санад, ҷоизаи мазкур дар бахши ҳунар ба Мирзоватан Миров, коргардон ва ҳунарпешаи мардумӣ барои таҳияи намоишномаи “Чашмони бародари қиёматӣ”, ба Миралӣ Достиев, овозхони уперо ва ҳунарпешаи мардумӣ барои силсилаи сурудҳои “Меҳроби меҳрам, Тоҷикистон” эъто шуд.
Дар бахши наққошӣ Сӯҳроб Қурбонов, наққоши маъруф, барои офаридани мусаввараҳои чаҳоргонаи “Ҳамосаи истиқлол” барандаи ин ҷоизаи давлатӣ шуд. Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ва илм ба шоъир Доро Наҷот барои маҷмӯъаи шеърҳои “Маҳтобе хамида дар рукӯъ” ва адабиётшинос Соҳиб Табаров "барои силсилаи рисолаҳои адабии солҳои ахир" супурда шуд.
Ду сол қабл Кумитаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои бузургдошти 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии ҷудогонае "дар бахши тарҷума, пажўҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ" таъсис дода буд.
Имсол ин ҷоиза баъд аз маргаш ба Александр Болдирев, шарқшиноси маъруфи рус, барои силсилаи рисолаҳои илмию адабиаш дар бораи Низомӣ ва Хоқонӣ, Зайниддини Восифӣ ва Дарвеши Деҳакӣ ихтисос ёфт. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яксолдармиён эъто мешавад. Мукофоти пулие, ки ҳамроҳ бо ин ҷоиза эҳдо мешавад, 3500 дулори омрикоиро ташкил медиҳад.
Пас аз дарёфти ин ҷоиза, ки ба гуфтаи масъулон, "Ҷоизаи рақами як" дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дорандагони он ба болотарин навъи ҳаққи қалам ва ҳуқуқ барои фаъолияти худ мустаҳиқ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон дар матбуъот ва маҳофили мухталиф аз коҳиши эътибори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шиква мекунанд.
Ин афрод иддаъо мекунанд, ки дар муқоиса бо имрӯз дарёфти ин ҷоизаи баланд қаблан хеле мушкил буд ва танҳо афроди сазовор ба он даст меёфтанд. Аммо Мӯъмин Қаноъат иддаъоҳо дар бораи "хотирбинӣ" дар ҷараёни интихоби барандагони ин ҷоизаро рад карда ва ин амрро номумкин хонд.
Оқои Қаноъат гуфт барои ҳар давраи эътои ҷоиза кумитаи онҳо то 20 асарро дар се марҳила меомӯзанд ва баррасӣ мекунанд ва раъйгирии ниҳоӣ ба сурати пӯшида сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, шароит ва меъёрҳои дарёфти ҷоиза зиёд ҳастанд. Яке аз шароити интихоби барандагон ин аст, ки фаъолияти барҷастаи номзадҳо бояд дар зарфи се то панҷ соли ахир анҷом шуда бошад.
Ин меъёр тақдими ҷоиза ба бархе аз шахсиятҳоеро, ки дар гузашта фаъолияти барҷастае доштанд, номумкин месозад. Аз сӯйи дигар, оқои Қаноъат мегӯяд: "Аз рӯйи усули кумита, асар бояд нотакрор ва замонавӣ бошад. Аммо Шумо медонед, ки Тоҷикистони мо ҳанӯз дар ҷустуҷӯи услуби ҳувияти тоҷиконаи хеш аст ва мо беҳтаринашро аз ҳар он чи ки ҳаст, интихоб мекунем."
Бо ин вуҷуд, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар замони Шӯравӣ танҳо дар се бахш эъто мешуд, вале дар давраи истиқлол ин рақам ба панҷ ҷоиза расид. Ду сол қабл Кумитаи ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷоизаи шашум, яъне як ҷоизаи байналмилалиро ба ин теъдод изофа кард. Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 1964 таъсис шуда ва нахустин барандаи он шоъири маъруф Мирзо Турсунзода буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2800----q---q.html