21:05:05 22-уми Майи 2025 сол

ИХТИЛОФ БАЙНИ ОМОРИ РАСМӢ ВА ҚИМАТҲО ДАР БОЗОР

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон то 6,7 дарсад боло рафтааст. Масъулини Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мегӯянд, ки ба болоравии мизони таваррум афзоиши қимати гандум ва орд дар бозорҳои кишвар, ки ҳудуди 21 дарсад гаронтар шуда, асар гузоштааст.

 

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, қимати бештари анвоъи маводии ғизоӣ ва хадамоти мавриди ниёзи мардум дар як моҳи ахир афзоиши қобили мулоҳизае доштааст. Аз ҷумла, гӯшт 18 дарсад, шир 9,1 дарсад, нахӯд 30 дарсад, пиёз 24,7 дарсад ва сабзӣ ду баробар гаронтар шудаанд. Танҳо қимати шакар дар бозор афзоиши шашдарсадӣ доштааст. Вале гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ нархи маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон дар ин муддат танҳо 3,2 дарсад боло рафтааст.

 

Дар ҳамин ҳол, қимати истифода аз телефуни манзилӣ 76,9 дарсад, хадамоти пизишкӣ 25,2 дарсад, нерӯи барқ 20 дарсад ва истифода аз оби ошомиданӣ 7,5 дарсад боло рафтааст. Бо ин ҳол, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҷмӯъ қимати хадамоти мавриди ниёзи мардум танҳо 5,3 дарсад рушд кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи ахир арзиши маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон, ки ба болоравии қиматҳои дигар таъсиргузор аст, то чиҳил дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз иқтисоддонҳои мустақил дар дурустии омори расмии давлати Тоҷикистон изҳори тардид мекунанд. Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ки омори расмӣ бо вазъияти воқеъии бозор дар Тоҷикистон тафовути зиёде дорад. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки тибқи гузориши Вазорати кишоварзӣ ва Ожонси омор ҳамасола ҳосили себзаминӣ (ё картошка) дар Тоҷикистон афзоиши қобили мулоҳизае дорад.

 

Вай гуфт: "Аслан, тибқи ин омор, нархи картошка дар Тоҷикистон бояд то даҳ дирам коҳиш ёбад ва ё чунин ба назар мерасад, ки кишоварзон миқдори зиёде аз ҳосили худро нобуд месозанд. Дар акси ҳол, ин миқдор себзаминӣ куҷо мешавад?"

 

Ҳамчунин, тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон, ҳамасола рушди истеҳсоли гӯшт мушоҳида мешавад, вале мардум мегӯянд, ки дар бозор онҳо танҳо болоравии қимати онро мебинанд. Оқои Умаров мегӯяд, ки ин амр бо қавоъиди иқтисоди бозорӣ созгор нест, зеро агар тавлиди навъе аз ғизо ё коло афзоиш ёбад, нархи он дар бозор бояд коҳиш ёбад.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як суханронии ахири худ вуҷуди чунин ихтилоф ё тафовутро ба афзоиши ҷамъият марбут донист, ки ахиран беш аз 7,5 млн нафар арзёбӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, мизони афзоиши тавлидоти кишоварзӣ ва санъатӣ дар Тоҷикистон бамаротиб бештар аз афзоиши ҷамъияти ин кишвар мебошад.

 

Ҳамакнун, суоли матраҳ ин аст, ки ба чи арқом ё оморе бояд эътимод кард? Ва оё Ожонси омори Тоҷикистон иттилоъи дурусте паҳн мекунад ё хайр? Барот Тӯраев, масъули бахши таваррум дар Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки зимни таҳия ва арзёбии иттилоъоти оморӣ онҳо аз равишҳои мутобиқ бо истондордҳои байналмилалӣ истифода мекунанд, ки эҳтимоли тақаллуб дар он вуҷуд надорад.

 

Вай афзуд: "Дуруст аст, ки дар гузашта, дар замони Шӯравӣ, бархе аз омор тақаллуб мешуд. Вале ҳоло ин эҳтимол ғайримумкин шудааст."

 

Ба гуфтаи вай, онҳо танҳо иттилоъотеро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунанд, ки бахшҳои ожонс аз манотиқи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба онҳо ирсол мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, эҳтимол дорад кормандони Ожонси омор дар тақаллуби арқом даст надошта бошанд. Вале ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мақомоти маҳаллӣ дар ин замина метавонанд муқассир бошанд.

 

Вай афзуд: "Онҳо аз мақомоти баландпоя тарс доранд ва талош мекунанд, ки судовар будани фаъолияти худро нишон диҳанд. Ба ин далел, омори ғайривоқеъӣ ироа мекунанд."

 

Ба унвони мисол, ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки бархе аз руасои навоҳӣ гузориш медиҳанд, ки "дар фалон миқдор замин кишти дубораву себора анҷом дода ва ҳосил гирифтаанд. Вале дар асл, ин қитъаҳои замин тӯли 10-15 соли ахир аслан шудгор нашудаанд."

 

Кейнстл Ҳензл, як масъули ниҳоди омори давлатии Олмон, ки бо фаъолияти Ожонси омори Тоҷикистон ошно шудааст, дар посух ба ин суол, ки оё ба омори ин ожонс метавон эътимод дошт, гуфт, ки "Ожонси омори Тоҷикистон дар роҳи дастёбӣ ба шаффофият дар фаъолияти худ аст."

 

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар шароити феълӣ эҳтимол дорад давлат низ ба пахши омори воқеъӣ чандон алоқаманд набуда бошад. Соҳибназарон ба унвони мисол мегӯянд, ки масалан, дар сурати эъломи мизони воқеъии таваррум, давлат муваззаф мешавад, ки мизони маъоши ҳадди ақал дар ин кишварро боло барад.

 

Ҳоло дар Тоҷикистон мизони ҳуқуқи ҳадди ақал 80 сомонӣ ва ҳуқуқи мутавассит 321 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар як моҳи ахир мизони воқеъии ҳуқуқ ё маъош дар муқоиса бо моҳи июл 7,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки мизони таваррум дар як моҳи охир боло рафта ва дар маҷмӯъ аз авоили сол муъодили 6,7 дарсад шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3398-2010-10-22-11-49-15.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ