БОЗДОШТИ ШАШ НАФАР БА ЗАНИ УЗВИЯТ ДАР ҲИЗБИ ТАҲРИР
Маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ шаш нафарро дар шаҳри Душанбе ба занни узвият дар ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи мамнӯъ дар ин кишвар, боздошт кардаанд. Ин афрод ҳамагӣ бо ҳам хешу табор будаанд. Дар ин бора Сомина Ҳафизова, модари бархе аз афроди боздоштшуда ба Би-би-сӣ хабар дод. Манобеъи амниятӣ ин хабарро ҳануз таъйид накардаанд.
Хонуми Ҳафизова, ки худ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда ва дар пайи боздошти фарзандонаш ба Душанбе омадааст, гуфт, ки маъмурони амниятӣ рӯзи якшанбеи гузашта (21 ноябр) Ҳафиз Ҳафизов, писари ӯро аз манзилаш дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд. Ба гуфтаи вай, баъд аз ду-се рӯз маъмурони амниятӣ писарони вай Алибой ва Тоҷибой Ҳафизов, духтараш Ҳабиба Ҳафизова, ва домодҳояш Уматбой Раҳматов ва Алиҷон Додобоевро низ боздошт кардаанд.
Сайфура Ҳафизова, духтари дигари хонуми Ҳафизова низ ҳамроҳ бо ин афрод боздошт шуда, вале маъмурон пас аз ду рӯз ӯро ҷавоб додаанд. Модари ин афрод мегӯяд, ки маъмурон ба ҳангоми боздошти писарон, духтар ва домодҳояш онҳоро шиканҷа ва лату кӯб кардаанд. Сомина Ҳафизова афзуд: "Духтарчаам ҳомила аст, се фарзанд дорад. Ба сараш задаанд. Шавҳараш "чи ҳақ дорӣ, ки зани маро мезанӣ" гуфта пурсидааст, ки онҳо "аз ту шудагӣ ҳаромӣ бачаҳо ба ки даркор?" гуфта ва домодамро низ задаанд. Духтари хурдиамро ҳам, ки "чаро апаамро мезанед гуфта, ӯро ҳам задаанд."
Вай ҳамчунин гуфт: "Охир бачаҳои ман чи кори ҳаром карданд? Онҳо ҳаққи касеро нахӯрдаанд, ба касе коре надоранд. Мана, дуздҳо ва одамкушҳо рӯз дида гаштаанд. Чаро вайҳоро касе намепурсад, маҳбас намекунад, ин бегуноҳҳоро дастгир мекунанд?"
Боздошти ин афрод дар ҳолест, ки ҳануз сарнавишти Юсуфҷон Ҳафизов, писари калонии Сомина Ҳафизова, ки ҳафт моҳ пеш дар шаҳри Душанбе ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуда буд, ҳануз рӯшан нест. Вай мегӯяд, ки писаронаш ҳеч гуноҳе надоранд ва қабл аз боздошт ба тиҷорат машғул будаанд. Ба гуфтаи хонуми Ҳафизова, ҳарчанд вай дар ин муддат чанд бор писарашро дар боздоштгоҳ хабар гирифта, вале муҳокимаи додгоҳи вай то кунун доир нашудааст. Вай мегӯяд хонаводааш бисёр фақир буда ва имкони кироя кардани вукалои мудофеъ барои фарзандону домодҳояшро надорад.
Боздошти фарзандон ва домодҳои Сомина Ҳафизова дар ҳолест, ки Азимҷон Зоҳидов, яке аз домодҳои дигари вай, тайи чаҳор соли гузашта ба иттиҳоми мушобеҳе дар зиндон қарор доштааст. Рӯзи ҷумъаи 26 ноябр хабаргузории мустақилли Asia-Plus аз боздошти ду фарди дигари муттаҳам ба узвияти ҳизби Таҳрир дар навоҳии Зафаробод ва Исфараи вилояти Суғд хабар дод. Яке аз ин афрод Ёқуб Содиқов, 46-сола, дар гузашта ба ҷурми мушобеҳе дар зиндон ба сар бурдааст.
Ҳудуди даҳ рӯз қабл, манобеъи пулис аз боздошти як нафар ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир дар шимоли Тоҷикистон низ хабар дода буданд. Бино ба иттилоъи манобеъи умури дохилаи вилояти Суғд, Набиҷон Давлатови 42-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 18 ноябр боздошт шудааст. Ҳамчунин, пулис хабар дод, ки як ҳафта пеш аз боздошти оқои Давлатов, ду сокини маҳаллии шаҳри Истаравшан Шавкат Муҳаммадиеви 36-сола ва Дилшод Мухторови 32-сола низ барои узвият дар гурӯҳи мамнӯъи Таҳрир боздошт шудаанд.
Тайи беш аз даҳ соли гузашта беш аз 300 нафар аз пайравон ва тарафдорони ҳизби Таҳрир, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна мамнӯъ аст, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон боздошт ва барои давраҳои мухталиф ба зиндон маҳкум шудаанд. Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки ин гурӯҳ фаъолияти худро дар як соли ахир дар Тоҷикистон тақвият дода ва масалан шабнома ва баёнияҳои шадидуллаҳне алайҳи мақомоти ин кишвар пахш карда ва онҳоро ба "озору ситам нисбат ба мусалмонон" муттаҳам кардааст.
Дар яке аз баёнияҳои худ дар соли ҷорӣ ин гурӯҳ таҳид карда буд, ки агар давлати Тоҷикистон ба боздошт ва муҷозоти пайравони Таҳрир ва гурӯҳҳои дигари маҳабӣ идома диҳад, "дар ояндаи наздик ба сазои аъмоли худ хоҳад расид." Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳизби Таҳрир андешаи бунёди хилофате исломиро таблиғ мекунад, ки ин андеша таҳдиде ошкор барои давлат ва давлатдории миллии тоҷикон аст ва ба ин далел боздошту муҷозоти онҳо дар чочрӯби қонун сурат мегирад.
Қонуни асосии Тоҷикистон бар тамомияти арзии ин кишвар таъкид карда ва ҳар гуна таҳдид алайҳи онро маҳкум мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, мақомот мегӯянд ҳама гуна афрод ва гурӯҳҳое, ки андешаҳои онҳо таҳдиде барои тамомияти арзии Тоҷикистон аст, муҷозот мешаванд.
Вазорати хориҷаи Омрико дар гузориши ахири худ дар бораи вазъияти озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон аз давлати Тоҷикистон барои маҳдудсозии ин озодиҳо ва фишор бар гурӯҳҳои мазҳабӣ интиқод карда буд. Вале дар ин гузориш омада буд, ки Омрико мавориди боздошти пайравон ва тарафдорони ҳизби Таҳрирро нақзи озодиҳои мазҳабӣ арзёбӣ намекунад, зеро ин гурӯҳ як гурӯҳи сиёсию мазҳабӣ аст ва ғолибан фаъолиятҳои сиёсӣ анҷом медиҳад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3691-2010-11-28-05-56-48.html