21:45:46 02-уми Июни 2025 сол

ҚАБЕҲТАРИН ҲАЛОЛЕ, КИ ҲАТТО БА МУҲИТИ ЗИСТ ЗАРАР ДОРАД

Шояд бо мутолиаи ин хабар каме тааҷҷуб кунед. Ба гузориши «Нюсойнтест», муҳаққиқон мегӯянд, ки ҷудоӣ миёни ду нафар пас аз талоқ, танҳо таъсири равонӣ дар пай надорад, балки ба ҷои зисту зиндагии ҳамсарон ва пайвандони онҳо низ таъсир мегузорад. Ба ин тартиб онҳо фазои бештареро ишғол мекунанд, энергияи бештареро сарф мекунанд ва ҳар яке ҷудогона беш аз як хонавода об сарф менамоянд. Шояд миқдори зарар аз як хонаводаи аз ҳампошида бар асари талоқ камтар бошанд, аммо замин, об ва энергияи бештареро ба худ ихтисос медиҳанд.

 

razvodБа гуфтаи муҳаққиқон, масрафи манобеъе, ки рӯз ба рӯз маҳдуд мешаванд, талоқ афзоиш медиҳад. Бо хондани ин хабар ва бо назардошти эътиқод ва пойбандии хонандагони шарифи ин рӯзнома ба омӯзаҳои шариъати ислом хостем, мавзӯъи талоқро аз нигоҳи Қуръон то қадри тавон манзури шумо созем. Шариъати ислом ҳамсардориро мояи оромиши марду зан медонад, ки ҳама ба он ниёз доранд. Оромиши ҳамсарон сабабгори ободии дину дунё ва оромии ҷомеа мебошад. Аммо гоҳе вақт мешавад, ки ғубори қаҳру ғазаб ва ҷаҳли мардум ба хушунат табдил меёбад ва он боис ба осибпазирии оромиву ободии оила мегардад. 

 

Ин осибпазирӣ ва хушунатҳои оилавӣ ҳамсаронро нигарон мекунад. Бадин минвол онҳо барои ҷудоӣ ва аз ҳам пошидани оила роҳ меҷӯянд. Қуръони карим дар нахуст марҳилаи бесуботии ҳамсарон -пайравони ойини шариъати муҳаммадиро ин гуна тавсия медиҳад: «Вақте, ки тарси ҷудоии онҳоро дошта бошед, пас довареро аз ҷониби мард ва довареро аз ҷониби зан бифирстед, агар (эшон) хоҳони ислоҳи онҳоро дошта бошанд, Худованд онҳоро муваффақ мегардонад, ҳамоно Худованд доно ва бохабар аст». (Нисо, ояи 35)

 

Дар марҳилаи дувум, ки инсон азми ҷудоиро дар сар мепарварад, Худои таъоло чунин мегӯяд: «Барои касоне, ки савганд мехӯранд, ки бо занони хеш наёмезанд, чаҳор моҳ мӯҳлат аст. Пас агар бозоянд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст. Ва агар азми талоқ карданд, Худованд шунаво ва доност!» (Бақара, ояҳои 226-227)

 

Марҳилаи сеюм, ки мард вожаи талоқро ба забон оварда, ҷудоии ҳамдигарро талаб мекунад, Худои карим мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас, ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин ваҷҳ раҳояшон кунед». (Аҳзоб, ояи 49) Ва низ фармудааст: «Эй паёмбар, агар занонро талоқ  медиҳед, ба вақти идда талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто- Парвардигоратон битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед: Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст!» (Талоқ, ояи 1).

 

Ӯ, таъоло дар робита ба талоқи раҷъӣ (дар шариъати ислом ду навъи талоқ вуҷуд дорад: талоқе, ки шавҳар метавонад, бе никоҳ ба ҳамсараш руҷӯъ кунад ва онро талоқи раҷъӣ меноманд ва талоқи боин, талоқе, ки мард беникоҳи мусалмонӣ наметавонад, ки ба занаш дубора руҷӯъ кунад) ва дар хусус идда-мӯҳтал поидани занон баъд аз гирифтани талоқ фармудааст:

 

«Бояд, ки занони муталлақа (талоқ шуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба боз гардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст» (Бақара, ояи 228).

 

Дар хусуси шумори талоқҳо бошад, Худои карим ин тавр гуфтааст: «Ин талоқ  ду бор аст ва аз он пас ё ба ваҷҳи некӯ нигаҳ доштани ӯст ё ба ваҷҳи некӯ раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд. Пас агар боз занро талоқ дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, магар он, ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ  диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоя мекунанд, руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуми доно баён мекунад!» (Бақара, ояҳои 229-230).

 

Эзоҳ: гуфтани се талоқро дар як маҷлис дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа ва ҷумҳури уламо се талоқ медонанд. Ин донишмандон бо истинод бо ҳадисе, ки онро имом Бухорӣ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят кардааст, ки «марде зани худро се талоқ кардааст. Сипас он зан шавҳари дигар карда зуд талоқ гирифтааст». Аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) пурсида шудааст, ки оё ҳамон зан ба шавҳари аввалаи худ ҳалол мегардад ё не? Паёмбар фармуданд: На, то он вақте, ки шавҳари наваш ӯро бичашад, ҳамчуноне, ки шавҳари аввалаш чашида буд» (яъне бояд бо ӯ ҳамхобагӣ дошта бошад). Пас агар се талоқи кардани шавҳари аввалаш воқеъ намешуд, Паёмбар ҳеҷ вақт барои бозгаштан ба шавҳари аввалаш мамониат намекард. Инчунин ҳазрати Умар (р) дар замони хилофаташ  се талоқ ба як лафз ва дар як маҷлисро се талоқ ҳисоб мекарданд. Манбаъ: «http:turajon.com».

 

Худои карим баъд аз содиршавии лафзи талоқ ва аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар ҳукмҳои дигареро дар ин маврид ҷорӣ кардааст ва амалӣ кардани ин аҳкомро зарур медонад. Ҳазрати Парвардгор мефармояд:

 

«Ҳар гоҳ занонро талоқ  додед ва мӯҳлаташон қариб омад ё ононро ба ваҷҳи некӯ нигаҳ доред ё ба ваҳҷи некӯ раҳо созед. Ва нигоҳашон мадоред (ба қасди дароз кардани идда), то ки бар онҳо зиён бирасонед ё ситам бикунед. Ва ҳар кас, чунин кунад, ба хештан ситам кардааст. Ва оёти Худоро ба лаъбу лаҳв магиред ва аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст ва аз оёту ҳикмате, ки барои панди шумо фиристодааст, ёд кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст! Ва чун занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон сар омад, монеъ машавед, ба никоҳи ҳамсарони худ, ҳар гоҳ ки миёнашон ризояте ҳосил шуда бошад, дароянд. Касе, ки аз шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошад, инчунин панд гирад. Ва ин шуморо беҳтар ва ба покӣ наздиктар аст. Худо медонад ва шумо намедонед!» (Бақара, ояҳои 231-232).

 

Ва ҳамчунин фармудааст: «ҳар ҷо, ки худ сукунат ихтиёр кардед, онҳоро низ ба қадри тавоноии худ манзил диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то дар машаққат қарорашон диҳед. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед, то ин ки таваллуд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва бо тарзи некӯ бо якдигар тавофуқ  кунед. Ва агар ба тавофуқ  нарасидед, аз зани дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад!» (Талоқ, ояи 6).

 

Дар ояҳои зикршуда хондем ва дидем, ки дар ҳама маврид мард метавонад, ки занашро талоқ бидиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки шариъати ислом тамоми ҳуқуқҳои занро дар мавриди талоқ нодида гирифтааст. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки  ба зан бо сабабҳои гуногун, ба мислӣ беморӣ, бемадорӣ, бесарпарастӣ ва ғайбати беш аз шаш моҳу бенафақа гузоштани ҳамсар, шариъати ислом ҳуқуқ додаст, ки талоқашро талаб кунад.

 

Ёдрас мешавад, ҳамаи аҳкоми дар боло зикршудара дар мавриди талоқ шарҳу тафсилҳои алоҳидаи худро низ доранд ва дар фурсатҳои муносиб бо истифода аз мутахассисон бо тафсил ҳар яки онҳоро низ баён хоҳем кард…

 

Дар ривояте аз Расули Акрам(с) ба ин маъно мехонем, ки манфуртарин ва ё қабеҳтарин ҳалол дар назди Худои таъоло талоқ аст. Ба ростӣ ҳамин талоқ аст, ки ҷамъи зану марди ҳамсаршударо парешон мекунад ва дар бештари маврид фарзандони бегуноҳ бештар аз дигарон азоб мекашанд ва…

 

Шояд хонандаи ин сатрҳо аҳволи баъзе аз ҳамсарони бахтбаргаштаро ба хотир оварда хеле ғамгин шуда бошад… бо ин ҳама хушо ба ҳоли ҳамсароне, ки ошиқона, бо дӯстиву муҳаббат ва чеҳраҳои пур аз табассум пастиву баландиҳои рӯзгоронро пушти сар мекунанд ва дар тӯли умр, боре ҳам калимаи талоқро ба забон намеоранд, аслан ин вожаро аз фарҳангу луғатномаҳои худ пок кардаанд…

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4561-kabehtarin-halole-ki-hatto-ba-muhiti-zist-zarar-dorad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854