10:54:22 09-уми Майи 2025 сол

КОҲИШИ ҚОБИЛИ МУЛОҲИЗАИ ПОСТГОҲҲОИ ПУЛИС ДАР ҶОДАҲО

Бештаре аз постгоҳҳои пулис дар ҷодаҳои утумубилгарди Тоҷикистон барчида шудаанд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ин амр ба далели сода шудани увзоъ ва боқӣ намондани ниёз ба вуҷуди постгоҳҳои зиёди пулис дар роҳҳо иттихоз шудааст.

police tajikistanИн дар ҳолест, ки дар гузашта, ронандагони васоили нақлия аз пулситонии маъмурони пулис дар ин постгоҳҳо шикоят мекарданд. Як мақоми вазорати умури дохилаи Точикистон рӯзи душанбеи 18 апреля ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран қарор дар бораи барчида шудани постгоххои пулис дар бештаре аз манотиқи кишвар содир шуд.

Ҳарчанд бархеҳо ҳадс мезананд, ки ин тасмим пас аз кушта шудани Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдуло" иттихоз ёфтааст, аммо ин мақоми пулис, таъкид кард, ки барчида шудани постгоҳҳо қабл аз амалиёти ахир дар минтақаи Рашт, ки дар пайи он Абдулло Раҳимов кушта шуд, гирифита шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло дар ҷодаҳои бузурги кишвар миқдори андаки постгоҳҳо боқӣ мондаанд. Вале, вай афзуд, ки дар атрофи шаҳрҳои бузург, аз ҷумла пойтахт, постгоҳҳои пулис ҳамчунон фаъол ҳастанд. Барои мисол, ҳоло дар масири аз Душанбе то шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ як постгоҳи пулис боқӣ мондааст, ҳарчанд, дар гузашта теъдоди онҳо ҳудуди панҷ маротиба бештар будааст.

Ронандаҳо мегӯянд, ки танҳо постгоҳҳе, ки дар масири Душанбе - Ёвон солҳои тӯлонӣ фаъол буд, барчида шудааст. Маҳмадалӣ Зайдуллоев, муъовини раиси пулиси роҳи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки давлат ба коҳиши миқдори постгоҳҳо алоқаманд аст. Ба гуфтаи вай, ҳоло постгоҳҳо умдатан дар манотиқи марзӣ боқӣ мондаанд ва дар манотиқи дигар маъмурон аз постгоҳҳои ба истилоҳ сайёр ё "мобилный” истифода мекунанд.

Оқои Зайдуллоев афзуд: “Аммо дар ҷодаҳои минтақаи Рашт, бо дарназардошти вазъи ин маҳал, се постгоҳи пулис боқӣ монд. Дар масири Душанбе-Хуҷанд се постгоҳ. Вале, бештаре аз постгоҳҳои дигар барчида шуданд.”

Ронандаҳо зимни истиқбол аз ин тасмими вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ин хушҳоланд, ки "роҳҳо камхароҷоттар мешаванд". Зеро ба гуфтаи аксари ронандагон, маъмурони постгоҳҳои пулис маъмулан аз ронандагон пул меситонидаанд.

Зимнан, миқдори постгоҳҳои пулис дар Тоҷикистон соли гузашта пас аз ҳодисаи фирори гурӯҳи биступанҷнафарии зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳ афзоиш ёфта буд.

Ба унвони мисол, теъдоди постгоҳҳои пулис дар масири Душанбе-Хуҷанд, ки қаблан сето буд, пас аз он ҳодиса то 12 адад расида буд. Ронанадаҳои худравҳо, ки он шабу рӯз аз ин масир убур мекарданд, мегуфтанд, ки маъмурони интизомӣ дар ин постгоҳҳо гаҳ-гоҳе мусофирони васоили нақлияро мавриди бозрасӣ қарор медоданд.

Зимнан, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ зимни нигаронӣ аз "таммаъҷӯйии" бархе аз маъмурони пулиси роҳ, аз ронандагони васоили нақлия даъват кард, ба онҳо пул надиҳанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ