"ИҚДОМИ ТОЗАИ ДАВЛАТ БАРОИ ИДОРАИ МУХОБИРОТ ВА ИНТЕРНЕТ"
Идораи мухобироти Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии куллия ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, онҳоро муваззаф кардааст, ки аз 1-уми май дастрасӣ ба шабакаи интернет ва иртиботи телефуниро танҳо аз тариқи “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии мухобиротӣ роҳандозӣ кунанд. Ширкатҳои хусусӣ огоҳ шудаанд, ки аз аввали моҳи май муҷаввизи онҳо барои дастрасии мустақили онҳо ба системҳои моҳвораии байналмилалӣ лағв хоҳад шуд. Далели ин амр “таъмини бехатарии давлат” ва танзими “радиобасомадҳо” унвон шудааст.
Ин номаи Бег Зуҳуров, раиси Идораи мухобироти Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел ба куллия ширкатҳои мухобиротӣ ироа ва мӯҳлати иҷрои он то 1-уми моҳи май, яъне се рӯз муайян шудааст. Ба гуфтаи коршиносони арсаи мухобирот, ҳадафи ин тасмим ба мавзӯъи таъсиси “Маркази воҳиди мухобиротӣ” рабт дорад, ки давлат барои роҳандозии он солҳои 2004 ва 2009 талош карда буд.
Аз ин роҳ масъулони арсаи мухобиротӣ қасд доранд, ки ширкатҳои хусусӣ ва хориҷии мухобиротӣ танҳо тавассути “Тоҷиктелеком” ба моҳовараҳо пайваст шуда ба мизоҷон сервиси интернетӣ ва иртиботи телефунӣ ироа кунанд. Дар ин сурат “Тоҷиктелеком” ба бозигари аслӣ дар бозори мухобироти Тоҷикистон табдил шуда ва давлат низ кунтрули комили ин арсаро дар ихтиёр хоҳад дошт.
Аммо талошҳои мо барои дарёфти шарҳи ин мавзӯъ аз сӯйи Бег Зуҳуров бенатиҷа буд. Телефуни мубайли оқои Зуҳуров хомӯш аст. Аммо ҷолиб ин аст, ки Қадамҷон Сайфиев, муъовини раиси Идораи мухобирот мегӯяд, ки дар бораи чунин тасмиме иттилоъ надорад.
Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мухобироти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ширкатҳои мухобиротӣ ин номаро тоза дарёфт кардаанд ва он дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор дорад.
Вай афзуд, танҳо баъд аз мулоқот бо раҳбарони ин ширкатҳо метавонад, назари расмии ин анҷуманро дар қиболи тасмими ахири Идораи мухобирот эълом созад. Аммо вай гуфт, ки Идораи мухобирот салоҳияти лағв кардани муҷаввизи ширкатҳои мухобиротиро дар ихтиёр надорад.
Оқои Эркаев гуфт: “Фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ дар чаҳорчӯби қавонини кишвар сурат мегиранд ва далеле барои лағви муҷаввиз вуҷуд надорад. Идораи мухобирот муваззаф аст, ки далоили ҷиддие дар ин замина ироа кунад.”
Вай афзуд, ки тасмими ахири Идораи мухобирот бояд мавриди бозрасии Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон низ қарор бигирад, зеро ин амр мухолифи сиёсати рақобати солими иқтисодӣ дар кишвар аст.
Вай мегӯяд: “Тоҷиктелеком” мисли ширкатҳои дигари мухобиротии Тоҷикистон як ширкати саҳҳомӣ аст ва рӯшан нест, ки тибқи кадом қонун давлат мехоҳад ба ин ширкат чунин имтиёзе ихтисос бидиҳад. Мутмаъинам, ки агар тасмими ахири Идораи мухобирот роҳандозӣ шавад, қимати сервисҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳанд рафт.”
Аз сӯйи дигар, як манбаъ аз ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки “Тоҷиктелеком” зарфияти таъмини фаннии чунин тарҳеро, ки ба куллия ширкатҳои дигари мухобиротӣ “трофики” интернетӣ ва мухобиротӣ ироа кунад, надорад. Гузашта аз ин, таъкид шуд, ки ҳарчанд ҳадафи тасмими ахири Идораи мухобироти Тоҷикистон “таъмини амният” унвон шудааст, вале иҷрои ин амр баръакс, хатароти ҷиддиеро ба дунбол хоҳад дошт.
Ин манбаъ афзуд: “Тасаввур кунед, ки аз ҳамлаи “вирусӣ” ё ба далели мушкили фаннӣ, фаъолияти “Тоҷиктелеком” мутаваққиф мешавад. Ва дар ин сурат куллияи Тоҷикистон бидуни мухобирот хоҳад монд. Магар ин таҳдид ба амнияти кишвар нест?”
Ин дар ҳолест, ки ҳоло ҳар як ширкати мухобиротии Тоҷикистон роҳҳои хусусии иртиботӣ бо моҳовораҳо ва иртиботи ноқилӣ бо кишварҳои дигарро дар ихтиёр дорад. Зимнан, ширкатҳои хусусӣ барои таъсиси чунин сервисҳо садҳо милюн дулор масраф кардаанд ва дар сурати иҷрои муқарарроти ахири Идораи мухобироти Тоҷикистон ин ҳама таҷҳизот бекор хоҳад монд.
Аз сӯйи дигар, ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё ин тасмими Идораи мухобироти Тоҷикистон бо ниҳодҳои дигари кишвар ҳамоҳанг шудааст ё хайр? Зеро, тибқи қавонини Тоҷикистон ҳалли масоили амниятӣ дар салоҳияти раиси ҷумҳур ва порлумони кишвар қарор доранд.
Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, чунин маҳдудият дар фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ метавонад, танҳо дар вазъияти фавқулода эъмол шавад ва ин амр метавонад, танҳо дар пайи фармони раиси ҷумҳур ва тасвиби он дар порлумон амалӣ шавад.
Би-Би-Си