01:10:56 03-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ШУМОРИ МАСОҶИДИ ҶОМЕЪ ДАР ДУШАНБЕ

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ба даҳ масҷиди панҷвақта баргузории намози ҷумъаро иҷоза бидиҳад. Гуфта шудааст, ин амр “муваққатӣ ва истисноӣ” буда, вале дар сурати риояти ҳамаи муқаррароти қонун эҳтимол дорад, ин масоҷид ба сурати доимӣ ҳамчун масоҷиди ҷомеъ амал мекунанд.

 islam30452545.jpg

Бархе аз соҳибназарон иддаъо доранд, ки ин амр ба далели афзоиши шумори намозгузорон дар масоҷиди ҷомеъи пойтахти Тоҷикистон иттихоз шудааст. Дар қарори шаҳрдори Душанбе омадааст, ки ин амр ба манзури “танзими адои намози ҷумъа дар масҷидҳои панҷвақта” ихтисос шуда ва дар сурати риоя нашудани мақаррароти зарурӣ, он “бекор” карда мешавад.

Шаҳрдории Душанбе ба ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва беҳдоштии пойтахти Тоҷикистон дастур додааст, ки барои таъмини амният ва шароити беҳдоштии ин маҳаллот тадобире анҷом диҳанд. Ҳамчунин зарурати бунёди истгоҳи муваққатӣ барои васоили нақлия дар атрофи ин масоҷид таъкид шудааст.

Дар бахши дини шаҳрдории Душанбе ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки феълан дар пойтахти Тоҷикистон 53 масҷиди расман сабт шуда ва фаъолият мекунанд. Аз ин шумор 18 масҷид, масоҷиди ҷомеъ маҳсуб мешуданд. Ҳамакунун бо изофаи 10 масҷиди дигар шумораи масоҷиди ҷомеъ дар пойтахт ба 28 адад расидааст. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили адён дар Тоҷикистон зимни истиқбол аз ин тасмими шаҳрдорӣ гуфт, “мақомот хости сокинони шаҳрро ба инобат гирифтаанд”. Зеро, афзоиши миқдори масоҷиди ҷомеъ шароити адои намози ҷумъаро барои бештаре аз сокинон беҳтар мекунанд.

Вай афзуд: “Дар асл 18 масҷиди ҷомеъи қаблӣ низ зарфияти ғунҷоиши ҳамаи намозгузоронро дорад. Вале, сокинони бархе аз маҳаллот бояд барои расидан ба ин масҷид фосилаи тӯлониеро пиёда тай кунанд. Ҳамакнун ин мушкил аз байн хоҳад рафт.”

Оқои Ҳодизода шарҳи бархе аз соҳибназаронро аз ин иқдоми шаҳрдорӣ, ки мегӯянд “ҳукумат дар масоили мазҳабӣ нармтар мешавад” қабул надорад. Вай мегӯяд, баръакс, дар ин авохир, давлат барои тақвияти низоми дунявии давлатдории Тоҷикистон иқдомоти бештар анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи вай, ҳатто дар пайёми имсоли раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумони кишвар, дар муқоиса бо солҳои гузашта, ба масоили мазҳабӣ таваҷҷӯҳи камтаре шуд. Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, баъд аз ҳаводиси шарқи Тоҷикистон дар соли гузашта, давлаит ин кишвар дар фаъолиятҳои мазҳабӣ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст.

Аз ҷумла, бо даъвати Президент Раҳмон беш аз як ҳазор аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадориси исломӣ дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекарданд, ба ватан бозгардонида шуданд. Дар порлумони Тоҷикистон баррасии тарҳи қонун дар бораи вазифаи волидайн дар тарбияи фарзанд идома дорад, ки яке аз бандҳои он манъи масҷидравии ҷавонони зери ҳаждаҳсоларо дар назар дорад.

Аз сӯйи дигар, аз як сол қабл шаҳрдории Душанбе муқаррароти пешини худ дар бораи манъи истифода аз баландгӯякҳо ба ҳангоми хондани азонро лағв кард ва ҳоло дар бештаре аз масоҷид садои азон тавассути “динамик” шунида мешавад, вале бо садои начандон боло, ки қаблан шунида мешуд. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки тасмими шаҳрдорӣ дар бораи афзоиши шумори масоҷиди ҷомеъ баёнгари он аст, ки теъдоди алоқамандони адои намози ҷумъа бисёр мешавад.

Вай афзуд: “Дар бархе аз масоҷид намозгузорон рӯйи ҳавлии масҷид намоз мехонанд, ки ин қобили қабул нест. Ҳамзамон ҷамъияти Душанбе низ дар ҳоли афзоиш аст ва ифтитоҳи масоҷиди ҷадиди ҷомеъ як амри ногузир мебошад.”

Оқои Ҳайит мегӯяд, ки ин амр ба “нармшавии” мавқеъи давлат дар қиболи ислом рабте надорад ва хабар дод, ки зимни сафари ахири худ ба вилояти Суғд, огоҳ шудааст, ки дар қаламрави ин устон раванди баста шудани масоҷид ва эҷоди маҳдудиятҳо барои мусалмонон ҳамчунон идома дорад. Зимнан, дар чанд моҳи ахир дар Душанбе низ шуморе аз масҷидҳо баста шуданд. Вале, мақомот иддаъо доранд, ки ин масоҷид ба сурати ғайриқонунӣ сохта шудаанд. Ҳамчунин раванди таъйиди салоҳияти имом-хатибони масоҷиди Душанбе оғоз мешавад.

Зимнан, тибқи қонуни ҷадид ва баҳсбарангези Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” барои ҳар як 50 ҳазор мазҳабиён вуҷуди як масҷиди ҷомеъ зарур дониста шудааст. Тибқи омори қаблӣ, теъдоди сокинони Душанбе болиғ бар 700 ҳазор нафар аст, вале худи масъулони шаҳрдорӣ иддаъо доранд, ки ҷамъияти воқеъии пойтахти Тоҷикистон болиғ бар як милюн нафар аст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854