ОЁ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН ИСЛОҲПАЗИР АСТ?
Дар як ҳамоиш масоили умдаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла вазъияти озодии баёну виҷдон, мавориди шиканҷа ва дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ, ҳуқуқи маълулону кӯдакон, ақаллиятҳо ва ҳаққи сокинон ба манзил дар ин кишвар баррасӣ шуд.
Ин нишасти дурӯза ба ибтикори давлати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) рӯзҳои 21 ва 22 июл дар Коҳи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор шуда ва дар он намояндагони ниҳодҳои зирабти давлатӣ, аз ҷумла, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар, мақомҳои додситонӣ ва идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари дохилию байналмилалӣ ширкат доштанд.
"Омбудсмен озод нест"
Маҳмадалии Ҳаитзод, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, бахусус, аз фаъолияти Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон интиқод кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Ҳаитзод, бо вуҷуди шикоёти мукаррар ва гуруснанишинии аҳли хонаводаи Атобулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзобод, дар назди дафтари Омбусдмен дар моҳи декабри соли гузашта Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар, аз ҳуқуқи ин афрод дифоъ накардааст.
Ӯ гуфт, ки афзун бар ин, оқои Ализода аз маъмурони пулис хостааст, ки оқои Рақибовро бо аҳли хонаводааш аз сохтмони ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон хориҷ кунанд. Ба эътиқоди муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, азбаски Омбусдмен аз тарафи раиси ҷумҳурии ин кишвар таъйин мешавад, ӯ дар фаъолияти худ озод набудааст.
Масъулони Идораи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфтанд, ки Зариф Ализода, ваколатдор ва Музаффар Ашӯров, раиси бахши таъмини ҳуқуқи башари дафтари раёсати ҷумҳурӣ бо Атобулло Рақибов муддати се соъат сӯҳбат карда ва мавзӯъи ҷудо кардани қитъаи замин барои ӯро матраҳ карда буданд.
Зимнан, тибқи иддаъои мақомоти ноҳияи Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон, манзили Атобулло Рақибов дар соли 2004 ба таври ғайриқонунӣ дар қитъаи замине, ки ба ӯ ихтисос надошт, сохта шуда ва ба ҳамин хотир тахриб карда шудааст. Тайи ду соли ахир оқои Рақибов бо хонум ва панҷ фарзандаш бидуни сарпаноҳ монда ва барои ҳалли мушкили манзил ба ниҳодҳои мухталифи қазоии Тоҷикистон муроҷиъа карда буд.
Нигаронӣ аз мавориди шиканҷа
Аз сӯйи дигар, масъулони бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ба вуҷуди мавориди зиёди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба мазнунон ва зиндониён дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон ишора карданд.
Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки бо вуҷуди дархостҳои мукаррар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ба ин созмонҳо, бахусус созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, иҷозаи вуруд ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои ин кишварро надодаанд ва аз ин лиҳоз, иттилоъ дар бораи мавориди шиканҷа дар ин кишвар танҳо тавассути шикоёти наздикони маҳбусон ҷамъоварӣ мешавад.
Паём Фурӯғӣ, пажӯҳишгари масоили ҳуқуқи башар дар Фарҳангистони САҲУ дар Бишкек, мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба Қарордоди байналмилалии алайҳи шиканҷа пайвастааст, вале ин кишвар ҳануз Прутукули довталабонаи ин қарордод алайҳи шиканҷаро имзо накардааст.
Оқои Фурӯғӣ гуфт: “Қирғизистон ва Қазоқистон ин прутукулро тасдиқ кардаанд ва мо гумон мекунем, ки агар давлати Тоҷикистон низ ба онҳо бипайвандад ва прутукулро имзо кунад, ин амр барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард.”
Дар ҳамин ҳол, Шаҳноза Нодирова, як масъули Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳамоиш эълом кард, ки ин кишвар омодаи ҳамкорӣ бо созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ дар заминаи назорат бар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо буда ва ҳеч монеъе барои имзои қарордод бо ин созмон вуҷуд надорад.
Ширкаткунандагони ҳамоиши дурӯзаи ҳуқуқи башар дар Душанбе гуфтанд, ки то ҳол фаъолияти системи қазоии Тоҷикистон шаффоф набуда, шаҳрвандон, бахусус, сокинони манотиқи рустоӣ, ба ҳангоми дастрасӣ ба иттилоъот дар бораи системи қазоӣ бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд.
Нақзи ҳуқуқи башар дар мубориза бо терурисм
Ба эътиқоди Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик, ниҳодҳои интизомию амниятии Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терурисм ҳуқуқи сокинони кишварро нақз мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Юсуфов, ҳуқуқи афроди мазнун ё гумонбар дар аъмоли теруристӣ аз сӯйи бозрасон маҳдуд ва нақз мешавад. Масалан, онҳо саривақт аз хадамоти вакили мудофеъ бархурдор намешаванд ё алайҳи онҳо аз зӯр ва шиканҷа истифода мешавад.
Оқои Юсупов афзуд: "Пӯшида нест, ки шахсони мазнун дар терурисму ифротгароӣ азобу шиканҷа мешаванд, аммо исботи ин падида минбаъд дар додситонӣ ва додгоҳ душвор аст. Додгоҳҳо, ки бояд бетараф бошанду ба қазия беғаразона нигоҳ кунанд, дар ҳолати шикоят аз шиканҷа аз гумонбар далоили раднопазир талаб мекунанд. Аммо дар ҳоле ки шахс дар маҳбас аст, гирдоварии далелҳо ғайримумкин аст."
Ӯ бо ишора ба қазияҳои марбут ба бархе хабарнигорон гуфт, ки ҳатто хабарнигорони мустақил, ки дар бораи амалиёт алайҳи терурисм ё мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон гузоришҳу матолибе таҳия ва нашр мекунанд, мавриди таҳдиду таъқиби ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор мегиранд.
Абдуқаюм Юсуфов аз мушкилоти нашрияю хабарнигорони мустақил дар ҷараёни амалиёти алайҳи терурисм дар водии Рашт ва вилояти Суғд дар авохири соли гузашта ёдовар шуд ва гуфт, ки бархе аз мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба таври ошкор хабарнигоронро таҳдид кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Карим Солиев, муъовини раиси Окодемии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, эҳтимоли нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти алайҳи терурисмро рад накард ва гуфт, ки тадобири амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз аъмоли теруристӣ дар мавориде "бихоҳем ё нахоҳем" ба маҳдудияти озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон мунҷар мешавад.
Оқои Солиев гуфт, ки чанде қабл ду нафар ба гумони фаъолиятҳои теруристӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда буданд ва маъмурон бо истифода аз шиканҷа аз онҳо дар мавриди маҳалли бумбгузорӣ иттилоъ дарёфт кардаанд.
Ӯ ин суолро матраҳ кард, ки оё бадрафтории маъмурон нисбат ба мазнунон дар аъмоли терурисм дар мавориде, ки амнияти умумӣ зери хатар аст, оё тавҷеҳпазир аст ё на? Оё тадобири зиддитеруристӣ нисбат ба масоили ҳуқуқи башар авлавият доранд? Оё мешавад ҳуқуқи башарро қурбони амният кард?
Вале оқои Солиев дар посух ба ин суолҳо афзуд: "Фаъолиятҳои теруристӣ маъмулан ҳамаи ҳуқуқро помол мекунанд, аммо ин бад-он маъно нест, ки вуқӯъи аъмоли теруристӣ нишонаи нотавонии давлат дар таъмини ҳуқуқи башар бошад. Қонунҳои зиддитеруристӣ ва таҷрубае, ки ҳуқуқи башарро нодида мегиранд ё нақз мекунанд, маҳкум ба шикаст буда ва барои як ҷомеъаи ҳуқуқбунёд қобили қабул нестанд."
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аз истротежии зиддитеруристие, ки мутобиқ бо мавозини ҳуқуқи башар аст, ҳимоят мекунад ва ин гуна истротежиро барои пирӯзӣ дар ҷанги идеулужик бо терурисм дар дарозмуддат муассир медонад. Оқои Солиев афзуд, ки ҳеч гуна мавориди нақзи ҳуқуқи башар тавҷеҳи қонунӣ надорад.
Расонаҳо: Танқид ё таҳқир?
Ширкаткунандагони ҳамоиш маҳдудият дар бахшҳои озодии баён ва виҷдон, мамонеъат аз ибодати ҷавонон ва фишор бар нашрияҳои мустақил ва хабарнигоронро низ аз анвоъи нақзи ҳуқуқи башар арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, хабарнигори нашрияи мустақилли "Озодагон", дар солҳои ахир қазияҳои марбут ба тӯҳмат ва таҳқир алайҳи нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳои Тоҷикистон афзоиш ёфта ва маъмулан, мақомоти давлатӣ бо ин гуна иттиҳом хабарнигоронро ба додгоҳ мекашанд.
Ба эътиқоди оқои Мирзо, дар бештари маворид интиқод аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳамчун тӯҳмат ё таҳқир арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, ӯ пешниҳод кард, ки муфодди марбут ба таҳқиру тӯҳмат аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон барандохта ва шомили қонуни мадании ин кишвар карда шавад. Гуфта мешавад, ду ҳафта пеш чунин иқдоме дар Қирғизистон бо дастури Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии ин кишвар анҷом шуда ва ин аввалин кишвар дар Осиёи Миёна аст, ки муқаррароти марбут ба тӯҳмат ва таҳқирро "ғайриҷиноӣ" кардааст.
Оқои Мирзо афзуд: "Тоҷикистон худро давлате демукротик ва ҳуқуқбунёд эълом кардааст. Дар тамоми кишварҳои демукротик ва ҳуқуқбунёд чунин муқаррароти ҷиноӣ вуҷуд надоранд. Аз сӯйи дигар, додгоҳҳо дар Тоҷикистон мунсифона ҳукм содир намекунанд ва ин бар фаъолияти рӯзноманигорон низ таъсир кардааст. Ҳамчунин, имкони суиистифодаи мансабдорон аз ин бандҳои қонун вуҷуд дорад."
Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки дар мавриди муқаррароти қавонини Тоҷикистон дар бораи ифшо накардани манбаъи хабар, бавижа дар ҷараёни пайгирии қазоёи ҷиноӣ, ки мунҷар ба нақзи ҳуқуқи хабарнигорон мешавад, таҷдиди назар шавад.
"Таҷовузи фарҳангӣ"
Абдураҳмон Абдуманнонов, аз масъулони хабаргузории расмии "Ховар", зимни суханронӣ дар бораи фаъолияти расонаҳо дар Тоҷикистон гуфт, ки имрӯз расонаҳои давлатӣ бештар ба "таърифу тавсифи мансабдорон" ва расонаҳои мустақил бештар ба "танқид" машғуланд. Вай хостори он шуд, ки расонаҳо, сарфи назар аз таъаллуқоти худ, бояд аз мавзеъгириҳои яктарафа ва ғаразомез худдорӣ кунанд ва бештар ба фикри расондани иттилоъ ба мардум бошанд.
Аз сӯйи дигар, Маҳмадалии Ҳайит, аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби умдаи мухолиф, зимни интиқод аз телевизиюнҳои давлатӣ гуфт, ки онҳо бештар ба ҷойи бозтоби масоили умдаи ҷомеъа ба "таърифу тавсифи як нафар ва аҳли рикобаш" машғуланд.
Вай афзуд: "Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон, ки аз андози мардуми камбизоъати ин кишвар фаъолият доранд, ба инкубатори рақсу тарона табдил ёфтаанд. Таҷовузи фарҳангии як маҳал болои ҳама аст. Ман дар ҳеч ҷойи дунё надидаам, ки як маҳал таҷовузи фарҳангӣ кунаду, масалан, имрӯз мардуми Хуҷанд ба ҷойи "Шашмақом" "Фалаки роғӣ" хонанд, духтари хуҷандӣ куртаи чакан ба бар кунаду рақси қумбоқ кунад."
Дар ҳамоиши дуруӯзаи масоили ҳуқуқи башар дар Душанбе ҳамчунин масоили марбут ба нақзи ҳуқуқи кӯдакон, маълулон, ҳуқуқ ва озодиҳои намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ ва масоили дигар низ барарсӣ шуд.
Ширкаткунандагони ҳамоиш, ки бахше аз тадорукот барои баррасии масоили ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Шӯрои ҳзуқуқи башари СММ Женев дар моҳи октябр аст, тасмим гирифтанд пешниҳодҳои худро барои беҳбуд бахшидан ба вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба мақомоти зидахли давлатӣ ироа кунанд.
Би-Би-Си