ТАСИМИМ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҚСИМИ ГӮШТИ РОЙГОН БА ФАҚИРОН
Шаҳрдории Душанбе масъулони бозорҳои пойтахти Тоҷикистонро муваззаф карда, ки ҳамарӯза шуморе аз хонаводаҳои фақирро бо гӯшт таъмин кунад. Ҳамакнун қассобони бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз панҷ то сӣ килугром гӯштро ройгон ба афроди камбизоъат, ки асомии онҳоро шаҳрдорӣ дар ихтиёрашон мегузорад, тавзеъ хоҳанд кард.
Аз сӯйи дигар, Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки “Тоҷикматлубот”, як ниҳоди давлатии тиҷоратӣ тасмим гирифтааст, ҳамарӯза як тунн гӯшти гови “хушсифатро” ба оилаҳои камбизоъат бо нархҳои арзон ба фурӯш гузорад. Шаҳрдорӣ ҳамарӯза ба “Тоҷикматлубот” низ асомии чунин хонаводаҳоро ироа хоҳад кард.
Ба гуфтаи оқои Саидов, ин мавзӯъ дар ҷалсаи шаҳрдории Душанбе бо ширкатҳои тиҷоратӣ ва имом-хатибони масоҷид дар иртибот ба фарорасии моҳи Рамазон матраҳ шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз имомони масоҷид даъват кард, дар кори танзими нарху наво дар бозорҳо мушорикат кунанд. Тасмим шуд, ки ҳар имом-хатиб аз фаъолияти як бозори шаҳр назорат барад ва тоҷирони онҷоро барои коҳиши қиматҳо ҳидоят кунад.
Ҳамчунин қассобони растаи гӯштфурӯшӣ дар маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе барои ба фурӯш расонидани ҳамарӯзаи як тун гӯшти "хушсифат" бо нархи 23 сомонӣ ибрози омодагӣ кардаанд.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин ба тоҷирон дастур додааст, ки фурӯши гӯшти “хушсифат” бар ивази 23 сомонӣ барои як килугромро роҳандозӣ кунанд. Аммо дар бозорҳои Душанбе ҳоло низ гӯшти гов бо ҳамин қимат ба фурӯш мерасад, аммо кайфияти ин гӯшт дар ивази чунин қимат хуб набуда ва дарвоқеъ нигаронкунанда аст.
Қассобон дар сӯҳбатҳои бидуни сабт мегӯянд, ки арзиши як кило гӯшти босифат ҳоло муъодили 27-28 сомонӣ аст, вале шаҳрдорӣ боло бурдани арзиши гӯштро иҷоза намедиҳад. Яке аз қасообон гуфт: “Мо ҳама ночор мешавем моли пир харидорӣ кунем, то ин ки бо ин қимат ба фурӯш расонем. Агар гӯшти хушсифат биёрем, қиматаш баланд мешавад ва милисаҳо дӯконҳоямонро мебанданд.”
Ду моҳи қабл пулиси Душанбе хабар дода буд, ки чанд қассоберо боздошт кардаанд, ки бо қимати боло гӯшти гов ба фурӯш гузоштаанд. Дар пайи ин ҳодиса, Президент Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат бо хитоб ба вазири кишоварзӣ ва муъовини нахуствазири ин кишвар дар умури кишоварзӣ гуфт, ки “шумо моро гаравгони чиҳил қассоб кардаед!”
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки мизони тавлиди гӯшт дар кишвар панҷ дарсад афзоиш ёфта ва қимати он то бист дарсад боло рафтааст. Беш аз 90 дарсади тавлидоти гӯшт ба бахши хусусӣ ихтисос шудааст. Кишоварзон мегӯянд, ки болоравии қимати ғизои ҳайвоноти аҳлӣ омили аслии болоравии арзиши гӯшт дар бозорҳо шудааст. Онҳо иддаъо доранд, ки маҳдуд сохтани арзиши фурӯши гӯшт, ба рушди ин бахши кишоварзӣ латма ворид хоҳад кард.
Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон иқтисоди бозаргониро низоми иқтисодии кишвар эълом кардааст ва эъмоли чунин маҳдудиятҳо ба бахши хусусӣ, хилофи чунин низоми иқтисодӣ арзёбӣ мешавад. Ба эътиқоди бархе аз иқтисоддонҳо, танҳо дар сурати афзоиши тавлидоти коло ё мавод метавон аз болоравии қиматҳо дар бозорҳо ҷилавгирӣ кард ва ниҳодҳои давлатӣ бояд шароити рушд барои бахшҳои иқтисодро фароҳам кунанд.
Соҳибназарон дар ин замина мегӯянд, ки ниҳодҳои давлатӣ барои коҳиши қиматҳо дар бозорҳои шаҳр бояд талош кунанд, ки барои туҷҷор шароити яксон барои рақобат фароҳам кунанд. Онҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки ба унвони мисол, ҳарчанд гози моеъ ба Тоҷикистон умдатан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад, вале арзиши як литри ин мавод дар Душанбе се сомониву даҳ дирам аст, вале дар Хуҷанд ду сомониву бист дирам мебошад.
Ҳамакнун шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки соҳибони марокизи маводи сӯхт тасмим гирифтаанд, ки ба манзури фарорасии моҳи Рамазон “довталабона” аз 2-уми август қимати як литр гози моеъро то ду сомониву 90 дирам коҳиш медиҳанд. Аз сӯйи дигар, шаҳрдории Душанбе ҳамасола барои коҳиш ва ё ҳадди ақал барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати колоҳо ва мавод дар бозорҳо иқдом мекунанд, вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки ин амр натоиҷи мусбате дар пай надоштааст.
Би-Би-Си