19:18:51 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН НОМАТЛУБ БОҚӢ МЕМОНАД"

 

Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон ба далели адами пешрафт дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар интиқод кардааст. Дар гузориши солонаи ин созмони муътабари байналмилалӣ, ки вазъи ҳуқуқи башар дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон дар соли 2011 баррасӣ шудааст, Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои ғайриозод боқӣ мондааст.

hrwlogobigИн гузориш, ки рӯзи якшанбеи 22 январ мунташир шуд, мегӯяд вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамоно номатлуб боқӣ мемонад. Ин созмон гуфтааст давлати Тоҷикистон ба амалӣ сохтани қонуни саркӯбгарона дар бораи дин идома додааст ва маҳдудиятҳои тозаеро барои озодиҳои мазҳабӣ ва таълими мазҳабӣ қонунӣ кардааст.

Дар гузориш омадааст, ки ба гунаи собиқ мақомот озодии расонаҳоро маҳдуд кардаанд ва рӯзноманигорон, аз ҷумла Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ба далели фаъолиятҳои ҳирфаии худ таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Мудофеъони ҳуқуқи башар гуфтаанд дар ҷомеъаи Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ба увнони муҷшкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дидабони ҳуқуқи башар менависад низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон аз истиқлол бархурдор нест ва ғайримуассир аст.

Дар баррасии созмони Дидабони ҳуқуқи башар омадааст, моҳи майи соли 2011 Зариф Ализода, омбудсмени ин кишвар, ки дар собиқ мушовири раиси ҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ буда, гузориши худро дар бораи фаъолияти ин ниҳод тайи солҳои 2009 ва 2010 мунташир карда, ки дар он масоили мавҷуд дар заминаи ҳуқуи башар, аз ҷумла вуҷуди шиканҷа, озодии баён, ҳуқуқҳои марбут ба манзил ва ҳуқуқи кӯдакон тафсил ёфтаанд.

Ба гуфтаи Дидабони ҳуқуқи башар бархе созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ омбудсмени Тоҷикистонро ба далели адами иродаи сиёсӣ дар вокуниши муассир ба тахаллуфот интиқод кардаанд.

Шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо

Таҳиякунандагони гузориши созмони Дидабони ҳуқуқи башар гуфтаанд шиканҷа аз мушкилоти идомадор дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад шиканҷа барои водор сохтани мазнунин ба эътирофи иттиҳомот дар мароҳили аввалияи боздошт истифода мешавад. Дар ин марҳала дар бисёре маворид боздоштшудагон аз дастрасӣ ба вакили мудофеъ ва тамос бо наздикони худ маҳруманд.

Ин созмон менависад сарфи назар аз ин ки мақомоти Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2011 бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх музокира анҷом додаанд, вале ба ин кумита иҷоза надодаанд аз боздоштгоҳҳо боздид кунад. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ низ аз чунин иҷоза аксаран маҳрум ҳастанд.

Ин созмон менависад агарчи маъмулан омилони эъмоли шиканҷа муҷозот намешаванд, вале мақомот барои муҷозоти омилони шиканҷа гомҳои андаке бардоштаанд. Дар гузориш аз маҳкумияти ду корманди ниҳодҳои интизомӣ дар робита ба марги Исмоил Бачаҷонови 31 сола дар идораи пулис дар моҳи январи соли 2011 ба унвони як иқдоми бесобиқа ёдоварӣ шудааст.

Гуфта мешавад ин ду маъмури ниҳодҳои интизомӣ ба иттиҳоми "ворид намудани осеби амдӣ ба саломат, ки муҷиби марг шуда" ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуданд, аммо баъд аз татбиқи қонуни афв муддати маҳкумияти онҳо ба шаш сол коҳиш ёфт. Корманди дигаре дар ҳамин робита ба далели он чи "саҳлангорӣ" номида шуд, ба муддати се сол зиндон маҳкум шуд, аммо бо татбиқи қонуни афв озод шуд.

Дар гузориш аз қавли расонаҳои Тоҷикистон аз қазоёи дигари афроди бозоштшуда, ки баъд аз боздошт даргузаштаанд, ёд шудааст. Аз ҷумла қазияи марги Сафарӣ Сангов, ки 1 марти соли 2011 дар робита ба мавзуъи маводи мухаддир боздошт шуд ва чанд рӯз баъд дар бемористон даргузашт. Баҳромиддин Шарифов, ки ба таърихи 14 октябр боздошт шуд ва рӯзи 30 октябр дар бемористон ҷон дод.

Пулис мегӯяд ин ҳарду талош кардаанд худкушӣ кунанд, аммо наздикони онҳо исрор мекунанд, ки иллати марги онҳо ҷароҳоте буда, ки ба асари лату кӯб дар идораи пулис бардоштаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст дар робита ба ин парвандаҳо таҳқиқот анҷом медиҳад.

Дар моҳи июл Илҳом Исмонов ва 52 тани дигар дар додгоҳи вилояти Суғд дар робита ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон муҳокима шуданд. Афви Байналмилал гузориш дод, ки дар ҷараёни баррасии боздошт ба таърихи 12 ноябри соли 2010 қозӣ иддаъои оқои Исмоновро дар мавриди шиканҷа шудан, аз ҷумла бо истифода аз шуки барқӣ ва оби доғ нодида гирифтааст.

Афви Байналмилал гуфтааст афроди дигари муттаҳам дар ин парванда низ аз эъмоли шиканҷа ва рафтори номуносиб ба ҳангоми боздошт шикоят кардаанд.

Озодии матбуъот

Дидабони ҳуқуи башар мегӯяд дар соли 2011 расонаҳои Тоҷикистон мисли солҳои қабл таҳти фишор будаанд. Ин созмон менависад масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба ироаи иттиҳомоти ифтиро алайҳи расонаҳо идома додаанд, ки ба назар мерасад ҳадафашон хомуш сохтани расонаҳо будааст.

Дар моҳи феврали соли 2011 созмони Гузоришгарони бидуни марз гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд васоили ахбори умумро таҳти кунтрули худ нигаҳ бидоранд, ва барои расидан ба ин ҳадаф аз шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ворид кардани фишори молӣ, ироаи иттиҳоми ифтирои афрод истифода мекунанд.

Ин созмон мегӯяд гурӯҳи Артикл19, ки озодиҳо дар ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, навиштааст, ки тарҳи пешниҳодии қонуни матбуъоти Тоҷикистон ҷавобгӯи истондордҳои байналмилалӣ нест.

Дар ин гузориш ба унвони намунаи маҳдуд сохтани озодии матбуъот аз даъвои миёни муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва нашрияи "AsiaPlus", қазияи бастани нашрияи "Пайкон", қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори мунтақиди мақомот, мавриди зарбу шатм қарор гирифтани Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот", маҳкумияти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ёдоварӣ шудааст.

Вазорати адлия Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ ва муассиси нашрияи “Пайкон”-ро барои расман мутталеъ насохтани ин вазорат аз тағйири макони бюро ин ниҳодро ба додгоҳ кашида буд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли "Нури зиндагӣ", ба “тамаъҷӯӣ, барангехтани низоъи маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир” муттаҳам шуда буд.

Субҳи рӯзи 7 феврал афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар наздики манзили маскунии вай ҳамла карда ва ӯро ҳадафи зарбу шатм қарор доданд. 13 июни соли 2011 Урунбой Усмонов ба иттиҳоми иртибот бо созмони мамнуъи мазҳабии Ҳизби Таҳрир боздошт шуд. Ӯ ва Би-би-сӣ ин иттиҳомро беасос хонданд.

Ба асари эътирозҳои байналмилалӣ оқои Умонов ба сурати машрут аз зиндон озод шуд, парвандаи ӯ бо иттиҳоми ширкат дар созмони мазҳабии ифротии мамнуъ қатъ шуд ва ба таърихи 14 октябр додгоҳ ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард ва ҳамзамон бо татбиқи оқнуни авф озод кард. Дар додгоҳ оқои Усмонов гуфт шиканҷа шудааст.

Озодиҳои мазҳабӣ 

Дидабони ҳуқуи башар мегӯяд дар соли 2011 мақомоти Тоҷикистон маҳдудиятҳо бар озодиҳои мазҳабиро афзоиш додаанд. Тибқи қонуни ҷадид дин давлат аз ихтиёроти густурдаи кунтрули таҳсилоти мазҳабӣ ва анҷоми маросими мазҳабӣ бархурдор аст. Ин созмон менависад мақомот ба ворид кардани фишор бар омӯзиши сабтнашудаи мазҳабӣ идома медиҳанд ва 15 нафар аз омӯзгорони мазҳабӣ дар ин замон муҷозот шудаанд. Ҳамчунон бастани масоҷиди сабтношуда идома доштааст.

Ин созмон мегӯяд ба таърихи 2 август Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези масъулияти волидайнро имзо кард, ки он волидонро мувазаф месозад, ки кудакони зери 18 соли худро нагзоранд дар фаъолиятҳои мазҳабӣ ширкат кунанд. Дар моҳи июн бо ворид сохтани тағйирот дар қонуни дин давлат таъин кардааст, ки афрод танҳо дар сурати иҷозаи давлат ҳаққи таҳсил дар муассисоти мазҳабӣ дар хориҷро доранд.

Бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз таҳдиди ифротгароӣ давлат аз фаъолияти бархе аз созмонҳои аққалиятҳои мусалмон, ки фаъолияташон бо хушунат рабт надорад, ҷилавгирӣ кардааст. Ҳамчунин аз созмони ақаллияти масеҳӣ мисли "Шоҳидони Яҳуво" ҷилавгирӣ шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки занон ва духтарон дар Тоҷикистон бо таюъизи ҷинсиятӣ ва хушунати хонаводагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Нақши кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ

Дар моҳи октябр Шурои созмони Милали Муттаҳид дар масоили ҳуқуқи башар нахустин бор вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ кард. Ба асари ин баррасӣ пешниҳодоте ба давлати Тоҷикистон ироа шуд.

Давлати Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, ки бо хушунати хонаводагӣ, истифода аз кори кӯдакон мубориза хоҳад кард ва дар қавонин худ дар бораи шиканҷа тибқи меъёрҳои Созмони Милал тағйирот ворид хоҳад кард ва иддаъоҳо дар мавриди шиканҷаро таҳқиқи хоҳад кард. Созмони Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд дар ҷараёни сафари оқои Раҳмон ба Урупо дар моҳи июн масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон матраҳ шудааст

Ба навиштаи Дидабони ҳуқуқи башар дар моҳи апрел Омрико ва Тоҷикистон даври дувуми гуфтугӯҳо дар бораи ҳамкориҳоро анҷом додаанд. Сафорати Омрико дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе гуфтааст Роберт Блейк, муъовини вазири хориҷаи Омрико гуфтааст, дар гуфтугу бо оқои Раҳмон масоили ҳуқуқи башар ва озодии баёнро матрҳ кардааст. Тайи соли 2011 Омрико ҳамвора дар робита ба озодии баён ва ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон интиқод кардаанд.

Дар гузориши Дидабони ҳуқуқи башар омадааст, Иан Келли сафири Омрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ба таърихи 3 апрел гуфт давлати Тоҷикистон "ба ҳангоми тазаккур аз ворид кардани фишор бар иҷрои маносики динӣ масоили амняти сиёсиро матраҳ мекунад."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi