ХУДДОРИИ ӮЗБАКИСТОН АЗ ШИРКАТ ДАР РАЗМОИШҲО ДАР ТОҶИКИСТОН
Ӯзбакистон шикрати нерӯҳои мусаллаҳи худ дар размоиши кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро (СҲШ) ба таъвиқ андохт. Қарор аст, ин размоиш моҳи июни соли ҷорӣ дар размоишгоҳи вилояти (устони) Суғд, дар шимоли Тоҷикистон баргузор шавад.
Манобеъи низомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар гузашта низ Ӯзбакистон аз ширкат дар размоишҳои муштараки мушобеҳ дар қаламрави Тоҷикистон сарфи назар мекард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангаӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 12 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ниҳоии тадорукот барои омодагӣ ба баргузории размоишҳои кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд,
Оқои Маҳмадалиев афзуд, ки дар кори ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштанд, вале ҷониби Ӯзбакистон аз ширкат дар кори он худдорӣ кард. Ин манбаъ афзуд, ки гузашта аз ин, Ӯзбакистон ширкати худ дар ин размоишро ба таъвиқ андохтааст. Ба ин тартиб, ба эҳтимоли зиёд, низомиёни Ӯзбакистон барои ширкат дар ин размоиш вориди қалмарви Тоҷикистон нахоҳанд шуд.
Сухангӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар размоиши соли гузаштаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҷануби шаҳри Душанбе баргузор шуд, низомиёни Ӯзбакистон ҳамчунон ширкат надоштанд. Ҳарчанд ин кишвар аз аъзои созмони мазкур низ ҳаст.
Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ки дар ҷаласаи муқаддамотӣ дар шаҳри Хуҷанд барномаи баргузории размоиши кившарҳои узви СҲШ бо шумули низомиёни панҷ кишвар таҳия шудааст. Қарор аст, ин размоиш дар се марҳила баргузор шавад. Ҳадафи аслии ин размоиш тамрини амалиёти муқобалаи дастаҷамъӣ бо терурисм дар манотиқи кӯҳистонӣ унвон мешавад.
Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, интизор меравад, дар ҷараёни ин размоиш наҳваҳои ҷадиди шиносоӣ ва хунсо кардани гурӯҳи пайкорҷӯёнеро, ки як рустои кӯҳистониро забт кардаанд, тамрин шавад. Зимнан, барои бори нахуст аст, ки дар шимоли Тоҷикистон, ки шомили водии Фарғона аст, размоиши байналмиллалӣ бо ширкати низомиёни панҷ кишвари узви СҲШ, аз ҷумла Чин, баргузор мешавад.
Водии Фарғона, ки бархе аз маонтиқи Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро дарбар мегирад, аз манотиқи аслии даргириҳои қавмӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва амалиёти теруристӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амният дар порлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз тасмими Ӯзбакистон барои худдорӣ аз ширкат дар ин размоиш мутаассиф аст.
Вай гуфт: “Ширкати чунин як кишвари бузурги минтақа, ки бо кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарз аст, дар ин тамринот муҳим аст. Гузашта аз ин, Ӯзбакистон дар гузашта борҳо бо ҳамалоти теруристӣ рӯбарӯ шуда буд ва бояд дарк кунад, ки ба танҳоӣ бо ин зуҳӯрот наметавон мубориза бурд.”
Оқои Азимов афзуд, ки “феълан вазъи амниятӣ дар ҷаҳон ва бахусус дар минтақа, чандон хуб нест ва нерӯҳое вуҷуд доранд, ки дар вақти зарурӣ метавонанд вазъро ноором созанд.”
Ба эътиқоди оқои Азимов, ки дар гузашта симати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистонро бар уҳда дошт, баргузори тамринот дар шимоли Тоҷикистон дар заминаи таъмини амният дар минтақа “хеле муҳим ва зарурӣ” аст.
Зимнан, ба эътиқоди бештаре аз соҳибназарон, тасмими Ӯзбакистон барои худдорӣ аз ширкат дар ин тамринот ба ихтилофоти миёни мақомоти ин ду кишвар рабт дорад, ки аз соли 2000 ба ин сӯ рӯ ба сардӣ гароидааст.
Тӯли ин солҳо миёни ду кишвар иртиботи таробарӣ вуҷуд надорад, манотиқи ҳаммарз минкорӣ шуда ва гаҳ-гоҳе мақомоти ӯзбак дар ҳаракати вогунҳои тоҷикистонӣ аз қаламарви худ монеъа эҷод мекунад. Ба гуфтаи сиёсатшиносон, масоили танзиби захоири об ва энержии минтақа аз мавзӯъоте аст, ки ихтилофи назарҳое миёни Душанбе ва Тошканд барангехтааст.
Би-Би-Си