ОЗОДИҲОИ ДИНӢ. ТОҶИКИСТОН "МАВРИДИ НИГАРОНИҲОИ МАХСУС"
Тоҷикистон дар гузориши имсолаи Кумиссиюни Амрико дар умури озодии динӣ баҳои мусбат нагирифт. Кумиссюни Амрико дар умури озодиҳои байнулмилалии мазҳабӣ дар гузориши имсолаи хеш Тоҷикистону Туркияро дар феҳрасти вайронкунандагони ҳуқуқҳои динӣ шомил кардааст.
Ин ду кишвар ба рӯйхатти “мавриди нигаронии махсус” ворид шудаанд, ки қаблан Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Ироқ, Кореяи Шимолӣ, Чин ва дигаронро фаро мегирифт. Дар ҳамин ҳол, сафири Туркия дар Иёлоти Муттаҳида Малик Тан ин гузориши Кумиссюни Амрико дар умури озодии байнулмилалии диниро “ғайримунсифона” хондааст.
Гузориши кумиссюн ҳамчунин кишварҳоеро ном бурдааст, ки бино бар нақзи ҳуқуқи диндорон аз тарафи ҳукумат ба дидбонии махсус ниёз доранд. Русия, Беларус ва Афғонистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо шумурда шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро кафолат додааст, қонунҳои дигар ва дастурҳои ҳукумат ин озодиҳоро тахриб мекунанд. Аз ҷумла, қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва ҳам қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд, ки чанд банду фасли он ибодат наврасон дар масҷидҳоро манъ мекунад.
Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2009 қабул шудааст, нуфузи давлатро ба пайравони дин густариш дод. Дар пайи қабули ин қонун дастури номнависи дубораи созмонҳои динӣ бо талаб ва шароити нав сабаби аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи динӣ шуда ва сабти номи созмонҳои навро мушкилтар кардааст.
Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо ин иддаоро рад карда ва гуфтаанд, ҳадафи онҳо на маҳдуд кардани озодиҳои динӣ, балки риояи қонунҳои кишвар аст. Кумиссюни ИМА дар умури озодии байналмилалии динӣ соли 1998 аз тарафи Конгресси ин кишвар барои таҳияи маълумот аз вазъи озодиҳои динӣ дар саросари ҷаҳон барои раисиҷумҳур, вазири умури хориҷӣ ва қонунгузорҳои Амрико таъсис шудааст.
«Озодӣ»