03:10:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ВУРУДИ МАРГТАЛАБОН БА ҚИРҒИЗИСТОН: ЭҲТИМОЛ Ё ВОҚЕИЯТ?

Шариф Назаров гуфт, нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои рафъи ҳамагуна ҳамлаҳо таҷруба ва тавони кофӣ доранд.

Шариф НазаровШариф Назаров, сардори Идораи корҳои дохилии Суғд, рӯзи 3-юми апрел хабари вуруди эҳтимолии ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) ба Қириғизистонро такзиб карда ва гуфт, дар ин авохир ҳеҷ тақозоеро аз тарафи кишвари ҳамсоя дарёфт накардаанд. Вай афзуд, "ҳозир вазъ таҳти назорат ва бе мушкил аст ва дар бораи гурӯҳи террористие, ки ба хоки Қирғизистон гузаштан мехоҳад, аз расонаҳо мешунавем."

Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд ҳудуди 270 километр хатти марзи муштарак доранд ва пайроҳаҳои кӯҳӣ аз ин минтақа ба Афғонистон мебарад. Ба гуфтаи коршиносон, бо ин роҳи душворгузари кӯҳистон гурӯҳҳои чанднафарии ҲИУ ва қочоқгарони маводи мухаддир метавонанд ба водии Фарғона ворид шаванд.

Ҳодисаи тирамоҳи соли 1999, ки гурӯҳи ҲИУ таҳти раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ аз шимоли Афғонистон тавассути хоки Тоҷикистону Қирғизистон хост ба қаламрави Узбакистон роҳ кушояд, дар ёди сокинони наздимарзии минтақа боқӣ мондааст.  

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, эҳтимол бо эълони хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон, гурӯҳҳои террористии иборат аз сокинони Осиёи Марказӣ, махсусан аъзои ҲИУ ҳамин гуна нақшае ҳам дар сар мепарваранд, ки ба кишварҳои минтақа ворид шаванд. Ӯ илова кард, ки чунин авзоъ ва хатари умумӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистону Қирғизистон ҳамоҳангии бештари фаъолиятро тақозо мекунад.  

Ҳамоҳангӣ дар муқобила бо гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрави фаромарзиро нерӯҳои тоҷику қирғиз дар соли 2008 дар минтақаи марзии Исфараву Бодканд ба намоиш гузошта буданд. Дар он амалиёти якҷоя, гурӯҳи мусаллаҳе, ки ба боздоштгоҳи муваққати Қайроққум ва қисми низомии марзбонӣ дар Исфара ҳамлаи мусаллаҳона бурда, ба хоки Қирғизистон фирор карда буд, хунсо ва раҳбарони он кушта шуданд.

Саҳбон Қурбонов, коршинос аз Исфара мегӯяд, ҳамакнун дар муқоиса ба 5-6 соли пеш назорати марз ҷиҳати ҷилавгирӣ аз убуру мурури гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ беҳбуд ёфтааст. Ин коршинос афзуд, "аммо ҳоло гузаштани гурӯҳҳои террористӣ аз кӯҳистони баланд, ки зери барф мондааст, аз Афғонистон ба Тоҷикистон, масалан то Исфараву аз ин ҷо ба самти Қирғизистон хеле душвор аст, агар номумкин набошад. Дигар ин ки мардум ҳам ҳушёр шудаанд. Чунки намехоҳанд ноамнӣ ё задухӯрд шавад, аз ин ба ҳама сокинони ҳамон маҳал ҳам зарарҳои ҷонию молӣ мерасад."

Аммо бархе коршиносони маҳаллӣ бар онанд, ки тавони нерӯҳои тоҷику қирғиз ба ҳадде нест, ки хатти марзро таҳти назорати доимӣ нигаҳ доранд. Дар ҳоле ки воқеияти вуруд ё эҳтимоли вуруди террористони маргталаб аз Тоҷикистон ба Қирғизистон на аз ҷониби мақомоти тоҷик ва на мақомоти қирғиз то ҳол тасдиқ нашудааст, бори дигар сокинони манотиқи наздимарзиро ба ёди ҳодисаҳои хатарангезе андохтааст, ки дар сурати ба вуқӯъ пайвастан, зиндагии орому амнияти онҳоро барҳам хоҳад зад. Хатаре, ки на танҳо ба амнияти сокинони Қирғизистон, балки ба ҳама сокинони минтақа таъсир хоҳад дошт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi