13:52:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУХОЛИФАТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТАРҲИ РОҲИ ОҲАН АЗ ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН

Вазири таробарӣ ё ҳамлу нақли Қирғизистон тарҳи роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон-Эронро барои кишвараш қобили қабул надонист. Қалиқбек Султонов, вазири таробарии Қирғизистон гуфтааст, ки ин тарҳ судовар нест ва кишвараш “ба он посухи рад хоҳад дод.” Ба эътиқоди ин мақоми қирғиз сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон барои кишвараш аҳаммияте бештар дорад.

/images/stories/2012/06/18_train_189612.jpgДар ҳамин ҳол, АКИpress, хабаргузории Қирғизистон, аз қавли Манучеҳр Муродӣ, сафири Эрон дар Қирғизистон навиштааст, ки “барои Эрон муҳим нест, ки хатти роҳи оҳан аз қаламрави кадом кишвари минтақа убур мекунад – Тоҷикистон ё Узбакистон.”

Оқои Муродӣ гуфтааст: “Агар тарҳҳои минтақаии иртиботиро баррасӣ кунем, рӯшан аст, ки кӯтоҳтарин масир ба бандарҳо аз тариқи Эрон аст.” Дар идомаи суҳбати худ сафири Эрон афзудааст, ки барои давлати кишвараш фарқ намекунад, ки давлати Қирғизистон кадом як аз ин тарҳҳоро интихоб мекунад. “Муҳим ин аст, ки дар ниҳоят ин масир бо роҳи оҳани Эрон бипайвандад.”

Мануҷеҳр Муродӣ ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш омода аст ҳазинаи тарҳи сохтмони қитъаи қирғизистонии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистонро сармоягузорӣ кунад. Хабаргузории АКИpress ҳамчунин аз қавли Қалиқбек Султонов навиштааст, ки тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон ҳам аз лиҳози роҳбурдӣ (истротежик) ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ барои Қирғизистон судовар аст.

Вай афзудааст: “Тоҷикистон ба мо тарҳи роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Эронро пешниҳод мекунад. Ҳарчанд ин тарҳ ҳанӯз баррасӣ нашудааст, вале мавриди тавваҷуҳи мо низ нест. Мо ба он посухи радд хоҳем дод.”

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Эронро яке аз аҳдофи миллии кишвар дар заминаи раҳои аз бунбастӣ иртиботӣ унвон мекунанд. Зеро маҳдудиятҳо дар интиқоли вогунҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави Узбакистон амнияти иқтисоди Тоҷикистонро зери суол бурда ва дар зиндагии мардум низ асароти манфӣ бар ҷой мегузорад.

Соли 2009 давлати Тоҷикистон ба сохтмони мустақилли як қитъаи тарҳи роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Эрон аз шаҳри Ваҳдат то Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро, оғоз кард.

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар авохири ҳафтаи гузашта бо раванди сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан ошно шудааст. Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Оқилов аз “суръати корҳои сохтмонӣ” изҳори қаноъатмандӣ кардааст.

Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар ин муддат панҷ килуметри роҳи оҳан ва ҳудуди сӣ адад таъсисот сохта шудаанд. Владимир Сабкалов, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳазинаи тарҳи ин қитъаи роҳ ҳудуди 130 милюн дулор аст дар ин масир бояд 18 пул ва як тунел сохта шаванд.

Ба гуфтаи вай, баъд аз анҷоми иҷрои ин тарҳ интиқоли вогунҳо ба вилояти Хатлон имконпазир хоҳад шуд. Зеро, аз авоили соли ҷорӣ Узбакистон қитъаи роҳи “Амузанг-Хатлон”-ро барчид ва ҳамакнун вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои вилояти ҷанубии Тоҷикистон то ба Душанбе интиқол мешаванд.

Оқои Сабкалов зимни шарҳи изҳори назари вазири таробарии Қирғизистон мабнӣ ба худдорӣ аз ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Эрон, гуфт, ки ин амр ҳаққи ҷониби Қирғизистон аст.

Вай афзуд: “Вале ин мақоми қирғиз далел пеш наовардааст, ки чаро ин тарҳ судовар нест. Қаблан коршиносон таҳқиқ карда буданд ва натоиҷи пажӯҳиши онҳо ҳокист, ки дар зудтарин фурсат ин масир метавонад ба роҳи аслии интиқоли коло миёни кишварҳои шарқӣ табдил шавад.”

Ин масъули ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳамчунин гуфт, ки дар гузашта коршиносони рус ҳазинаи сохтмони роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Тоҷикистон–Эронро ҳудуди 4,5-5 милёрд дулор арзёбӣ карда буданд.

 

Зимнан, ҳоло ширкати эронии “Метру” ба таҳияи асноди фаннӣ ва молии ин тарҳ машғул аст ва интизор меравад то авохири соли ҷорӣ ин санад омода шавад. Гузашта аз ин, дар дидори ахири руасои ҷумҳури Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе дар мавриди иттисоли роҳи оҳани ин се кишвари форсизабон тавофуқ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, ки изҳори назари вазири нақлиёти Қирғизистон дар мавриди судовар будани роҳи оҳани Чин-Қирғистон-Узбакистон то ҷое дуруст аст.

Вай гуфт: “Ин масир ҷузъе аз роҳи Чин ба Урупо аст ва давлати Қирғизистон қасд дорад дар зудтарин фурсат аз сохтмони ин ҷодда суде ба даст оварад. Вале агар мо масири роҳи оҳан аз Чин ба самти бандарҳои шарқиро баррасӣ кунем, беҳтарин роҳ аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад буд.”

Ба эътиқоди оқои Шабдолов, сохтмони ин роҳи оҳан бидуни мушорикати Қирғизистон низ имконпазир аст. Вай гуфт: “Чиниҳо ба наздикии марзи Тоҷикистон дар Бадахшон роҳи оҳан кашидаанд. Аз он ҷо метавон тавассути Помир ба Афғонистон ва сипас ба Эрон хатти роҳи оҳан кашид. Таҷрубаи роҳсозони чинӣ иҷрои ин тарҳро имконпазир месозад.”

Ба иттилоъи оқои Шабдолов, ҳоло кишварҳои шомили тарҳи роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин машғули музокирот ва таҳияи созишномае дар ин замина ҳастанд. Вай афзуд: “Дар ҳар сурат, аз Чин ба Эрон роҳи оҳан тавассути Тоҷикистон хоҳад гузашт.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi