00:53:43 12-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ХУДКУШИИ СЕ ЗИНДОНӢ ВА БАРКАНОРИИ РАИСИ МАҲБАС

Ботурхон Исмоилов, сарвари муассисаи ислоҳии ЯС 3/2 - и Ваҳдат ва муовинаш аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ин барканорӣ дар пайи чанд худкушии мармуз ва беназмиҳо дар ин муассиса иттифоқ афтод.

/images/stories/2012/07/17_zindon-170712.jpgМақомоти Сарраёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки барканории Ботурхон Исмоилов ба ин ҳаводис рабт надорад, балки ӯ ба кори дигар гузаронда шудааст ва ҳоло сарварии муассисаи ислоҳии бачагонаро ба зимма дорад. Аммо дар бораи муовини ӯ иттилое дода нашуд.

Тайи бист рӯзи моҳи гузашта дар маҳбаси мавсум ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат се зиндонӣ даст ба худкушӣ задаанд. Тибқи иттилои манобеи мо, рӯзи 6-уми июн Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом ба далоили норӯшан дар утоқе худро ба дор овехтааст.

Дар таърихи 22-уми июн бошад Алишер Қосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе дар бемористони маҳбас ва рӯзи 26-уми июн Аҷик Қаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархор аз захми теғи ба пои худ задааш, ки таркиби хунашро заҳролуд кард, фавтидаанд.

Аммо аз худкушии маҳбуси дигар - Далер Азизов ҷилавгирӣ шудааст, ки дар вақти муоина дар гарданаш ҷароҳатҳо аз теғи алмос мушоҳида шудааст. Қаблан дар сӯҳбат бо мо мақомоти Сарраёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи беназмиҳо ва марги маҳбусон дар маҳбаси мазкурро рад карда буданд.

Аммо пас аз ин ҳаводис, бино ба иттилои расонаҳо, додситонӣ алайҳи сардухтури маркази тиббии Муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат дар робита ба ду «худкушӣ»-и мармуз дар ин муассиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Толибхон Азимов, корманди додситонии вилояти Хатлон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ таъйин шуд.

Масъулини Сарраёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон дар тамос бо мо аз тафсилоти мавзӯъ худдорӣ карданд ва танҳо афзуданд, ки ҳоло вазъ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат мӯътадил аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi