12:59:07 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУЗОРИШҲО АЗ ТИРАНДОЗИИ ШАБОНА ВА ЭЪЗОМИ НЕРӮИ БЕШТАР БА ХОРУҒ

Гузоришҳои расида аз шаҳри Хоруғ ҳокӣ аз тирандозӣ дар маҳаллаи мавсум ба “Селхозтехника”-и ин шаҳр дар шаби гузашта будааст. Ин дар ҳолест, ки манобеъи расмӣ дар Бадахшон ба расонаҳои Русия гуфтаанд, ки шаби гузашта авзоъ дар ин шаҳр ором будааст.

/images/stories/2012/07/27_tj_kharog304dfdfdd.jpgМанобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки дар маҳаллаи "Селхозтехника" нерӯҳои давлатӣ мустақар шудаанд. Ба гуфтаи як сокини маҳаллӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, як манзили маскунӣ дар ин минтақа дар асари исобати хумпора оташ гирифта, вале ба бошандагони он осебе нарасидааст.

Ҳамчунин, вай мегӯяд, ки садои шиллики гулӯла дар шаҳри Хоруғ аз соъати 22:00-и шаби гузашта то соъати 5:00-и субҳи имрӯз идома дошта ва дар ҳоли ҳозир вазъи шаҳри Хоруғ ором будааст.

Вале ҷавоне аз шаҳри Хоруғ, ки худро Боб муъаррифӣ кард, соъати 10:30-и имрӯз, ҷумъаи 27 июл, аз тариқи интернет хабар дод, ки садои шиллики гулӯлаи тактирандозони (снайперҳо) давлатӣ, ки дар кӯҳистони шаҳр қарор гирифтаанд, дар маҳаллаи мавсум ба Бархоруғи ин шаҳр шунида мешавад.

Аз сӯйи дигар, иддае аз сокинони ноҳияи Рӯшон дар суҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфтанд, ки шоҳиди убури сутуне аз зиреҳпӯшҳо дар масири Душанбе-Хоруғ шудаанд.

Бархе аз сокинони Хоруғ, ки дар ду рӯзи оромии нисбӣ аз Бадахшон ба шаҳри Душанбе паноҳ бурдаанд, аз он нигаронанд, ки дар сурати азсаргирии даргириҳо миёни давлат ва шӯришиёне, ки давлат онҳоро "ҷиноятпеша" медонад, шаҳри Хоруғ ба вайронае табдил хоҳад ёфт.

Дар ин шаҳр ҳудуди 30 ҳазор сокин ба сар мебаранд ва дар фасли тобистон кӯдакону навҷавонон ва донишҷӯёни зиёде барои анҷоми таътилоти тобистона ба шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари Бадахшон мераванд.

Иртиботот бо Бадахшон то ҳол комилан барқарор нашуда ва танҳо дар бархе аз навоҳии дуртар аз шаҳри Хоруғ бархе аз ширкатҳои телефуни ҳамроҳ хадамоташонро дубора барқарор кардаанд.

Нигарониҳо аз оғози амалиёти дубора дар шаҳри Хоруғ дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри рӯзи 25 июл раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории давлат вазъи амниятӣ дар Бадахшонрро баррасӣ карда ва аз мардуми ин устон, бавижа афроди бонуфузи маҳаллӣ, хостааст, ки дар анҷоми амалиёт барои боздошти афроди ба гуфтаи ӯ "ҷиноятпеша" ва муҷозоти онҳо бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин, Қодири Қосим, устондори Бадахшон, субҳи он рӯз дар ҷамъи муътаризон дар Хоруғ хабар дод, ки Президент Раҳмон дастури оташбас ё қатъи амалиёт дар маркази вилояти Бадахшонро додааст.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ба дунболи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, рӯзи 24 июл оғоз шуд.

Женерол Назаров рӯзи шанбеи 21 июл дар як муноқиша бо афроди номаълум дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд ва мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, масъули посгоҳи марзии Ишкошимро, ки аз фармондеҳони бонуфузи мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ маҳсуб мешуд, дар ин ҳодиса мазнун донистаанд.

Аммо оқои Айёмбеков дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи худ ва наздиконаш бо ин ҳодисаро такзиб кардааст.

Масъулони Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохила, эълом кардаанд, ки дар амалиёти 24 июл дар шаҳри Хоруғ 30 нафар аз афроди мусаллаҳи мухолифи давлат кушта ва 40 нафари дигар боздошт шудаанд.

Ҳамчунин, масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Афғонистон аз боздошти "гурӯҳе аз ҳамдастони афроди ҷиноятпеша дар Хоруғ" дар қаламрави он кишвар хабар доданд.

Бадахшон минтақае кӯҳистонӣ буда ва бо беш аз дувист ҳазор ҷамъият аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин вилоят дар замони ҷанги дохилии панҷсола дар солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон аз пойгоҳҳои аслии мухолифон маҳсуб мешуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi