06:38:46 30-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АКАДЕМИЯИ ВКД: АЗ КАЛТАКЗАНӢ, МУШТЗАНӢ…БОЯД ДАСТ КАШЕМ

Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон вобаста ба шиканҷа тибқи моддаи 143 дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои ҷумҳурӣ парванда ворид нагардидааст ва аз ҷониби судяҳо низ парвандаҳои марбут ба шиканҷа баррасӣ нашудааст, вале аз руӣ моддаҳои 314, 316, ки дар таҷрибаи судӣ ҳаст, парвандаҳо баррасӣ шудаанд.

/images/stories/2012/07/31_sudi-oli-310712.jpgИн нуктаро Нусратулло Абдуллоев, Раиси Суди Олии Тоҷикистон иброз дошт. Номбурда илова намуд, ки аз рӯи талаботи моддаи 5-и сарқонуни кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардидааст ва талаботе, ки аз моддаи 14 бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пеш аз ҳама Сарқонуни Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим медарорад.

Вай мегӯяд, ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида шуд, баъд аз гузаронидани он пленуми Суди Олӣ баргузор гардид, ки дар ин пленум 5 қарор қабул гардид: «Яке аз ин қарорҳо ба танзим даровардани қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ роҷеъ ба шиканҷа буд. Қарори пленуми Суди Олӣ ҳамчун санадҳои меъёри ҳуқуқӣ барои таҳқиқбаранда барои муфаттиш, барои суд ва барои судияҳо ҳатмӣ аст.

Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон барои мутобиқ гардонидани қонунҳои миллии кишвар ба санадҳои меъёри байналмилалӣ, ки аз Конвенсияи бар зидди шиканҷа бармеояд , дар кодекси ҷиноятӣ модаи 143 дараҷааш 1-ро, ки аз 3 қисм иборат аст, илова кард, ки он ҳам бошад вобаста ба шиканҷа аст». Бояд зикр намуд дар гузориши ахири Афви байналмиллал омадааст, ки дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон шиканҷаву бадрафторӣ ба як амали оддӣ табдил ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин гузориш аз ҳукумати Тоҷикистон дархост шудааст, ки барои решакан намудани ин амали номатлуб ҷиддӣ талош кунанд. Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Давлатов, мушовири давлатии президенти кишвар иброз намуд, ки онҳо гузориши ахири ин созмони мазкурро эътироф намекунанд ва аз дигар нуқтаи назар инкор ҳам намекунанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа ҷой надорад:

«Гузориши Афви байналмилал дар асоси баъзе маводҳои зиёдаравонаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва матбуоти тоҷик тартиб дода шудааст. Вобаста ба шиканҷа то ин вақт-ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам дар тӯли 20 соли истиқлолияти кишвар мубориза бурда мешуд». Ҷумъахон Давлатов изҳор дошт, ки бо сабаби мувофиқ намудани қонунгузории кишвар бо Конвенсияи зиддӣ шиканҷа моддаи алоҳидаи 143 бо нишонаи 1-ро қабул кардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Ҷумъахон Давлатов мегӯяд, шиканҷа пеш дар модаи 117 ва дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ мавҷуд буд, ки дар ҷиноятҳои мансабӣ ворид мешуд, ҳоло бошад ба ҷиноятҳои муқобили шахсият ворид карда шудааст, ки мақсади ягона ин аст, ки вобаста ба шиканҷа омори алоҳида бурда шавад, то шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз он огоҳ карда шаванд. Номбурда афзуд, ҳукумати Тоҷикистон гузоришгари вижаи Созмони миллали муттаҳидро иҷозат додааст, то озодана аз руӣ барномаи худ вобаста ба шиканҷа санҷиш гузаронанд:

«Мо гузориши ин намояндаи СММ-ро интизор ҳастем, ки дар оянда тибқи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо амал намоем». Анна Хаоуш, мушовир оид ба ҳуқуқи инсон дар дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо қайд кард, ки ҳисоботчии махсуси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба шиканҷа бори аввал ба Тоҷикистон моҳи майи ҳамин сол ташриф оварда, бо кормандони ҳукуматӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот дошт ва инчунин аз маҳбасхонаҳо, аз он ҷумла аз боздоштгоҳҳои муваққатии кишвар боздид намуд.

Дар гузориши ниҳоии худ Анна Хаоуш вазъиятро бо шиканҷа дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ номид. Ин намояндаи СММ таъкид намуд, ки махсусан дар соатҳои аввали боздошт шахсони боздоштшуда аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади иқрор шудани боздоштшудагон барои даст доштанашон дар ҷиноят, ки гӯё аз ҷониби онҳо содир шудааст, мавриди азобу уқубат ва шиканҷа қарор мегиранд.

Анна Хаоуш зимни баромадаш дар як ҳамоише, ки таҳти унвони «Бартараф намудани ҳолатҳои шиканҷа дар фаъолияти милитсия» дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт, ки бо қабул намудани чораҳои нави қонунгузорӣ ва инчунин таҳияи механизмҳои амалӣ барои гузаронидани тафтишоти самараноки ҳодисаҳои шиканҷа, ин вазъият бояд тағйир ёбад:

«Бисёре аз чораҳое, ки дар Стратегияи ислоҳоти милитсия ва лоиҳаи нави қонун оид ба милитсия ворид гаштаанд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати касбӣ ва профессионализми кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ворид сохтани чораҳои нави интизомӣ дар беҳтар намудани фаъолият дар мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа кӯмак мерасонанд».

Ба андешаи Карим Солиев, муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи тамаддуни ҷаҳонӣ аз усулҳои куҳнаи ғайриқонунии ҷамъоварии далелҳо ва исботкунӣ бо роҳи калтакзанӣ, муштзанӣ, таҳдид ва ҳатто бо роҳи қасамфармоӣ бояд даст кашем: «Ва роҳҳои нави ҳозираро бо истифодаи меъёрҳои қонун ва воситаҳои техникии ҳозиразамон бояд истифода намоем. Барои ҷамъоварии далелҳо ва исботкунӣ роҳҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мо бояд аз ин роҳҳо кор бигирем».

Ибодуллоҳи Раҳматулло, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi