20:59:33 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

БОЗДОШТИ ҚУМАНДОНИ ВУЛУСВОЛИИ ШУҲАДО ДАР РОБИТА БО ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ

Эҳтимолан Корӣ Вадуд яке аз даҳ гумонбари афғон аст, ки бо дархости Тоҷикистон боздошт шудааст.

/images/stories/2012/07/31_turma-kabul-310712.jpgМақомоти амниятии Афғонистон ба мо таъйид карданд, ки раҳбарияти вазорати умури дохилаи ин кишвар Қорӣ Вадуд, фармондеҳи пешини ҷиҳодиро, ки ба ҳайси қумандони амниятии вулусволии Шуҳадо дар Бадахшони Афғонистон иҷрои вазифа мекард, дар робита бо ҳодисаҳои Хоруғи Тоҷикистон боздошт кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти Афғонистон, ин шахс аллакай ба Кобул интиқол ёфтааст. Самунвол Сахидод, фармондеҳи умури  амниятии Бадахшони  Афғонистон дар сӯҳбат бо мо дар ин замина гуфт:

- Ин танҳо як нафарест, ки аз рӯи ин қазия боздошт шудааст, вале ҳоло ин боздоштҳо  идома хоҳанд кард.

Хабарнигори мо дар Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ки Қорӣ Вадуд, ки дар ҳамкорӣ бо силоҳбадастони тоҷикистонии мавриди ҷустуҷӯ дар Бадахшон  гумонбар мешавад, эҳтимолан яке аз даҳ нафар фармондеҳонест, ки дар феҳрасти мавриди ҷустуҷӯи ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Тибқи иттилои расмии ҷониби Афғонистон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии кишвари ҳамсоя Ҳомиди Карзай феҳрасти 10 қумандони афғонро таслим кардааст, ки ба гумони Душанбе эҳтимолан дар “аъмоли террористӣ ва ҳам қочоқи маводи мухаддир” даст дошта, бо гурӯҳҳои ҷангӣ дар хоки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардаанд.

Тибқи манобеи мӯътамад, Раҳмон аз Карзай хостааст, ки дар боздошти афроди гумонбари афғон кӯмак кунад. Вале коршиносони бетараф дар робита бо эҳтимоли боздошт шудани тамоми қумандонҳои гумонбари афғон шак карда мегӯянд, ки  як далелаш дар ҳамкории ин  қумандонҳо бо афроди наздик ба ҳукумати Афғонистон буда метавонад.

Самунвол Сахидод ҳамчунин хабари дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар хоки Хоруғ кушта шудани 8 шаҳрванди Афғонистонро таъйид кард ва гуфт, ки чаҳор шаҳрванди дигари Афғонистон дар ҷараёни ҷангҳои Хоруғ боздошт шуда, дар дасти сохторҳои қудратии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар таҳаввулоти дигар, мақомоти Афғонистон умедворӣ кардаанд, ки Тоҷикистон дар зудтарин фурсат марзҳои худ бо ин кишварро боз мекунад. Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон зимн, як нишасти хабарӣ дар Кобул умедворӣ кардааст, ки бо анҷоми амалиёти низомӣ дар Бадахшони Тоҷикистон, марзи ду кишвар дубора боз хоҳад шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон бо ишора ба сафари ахири Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматуллоҳ Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Кобул ба Душанбе дар амри истиқрори сулҳ ва тақвияти марзҳо кӯмак хоҳад кард.

Ба дунболи амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон ҳама гузаргоҳҳои наздисарҳадии худ бо Афғонистонро дар вилояти Бадахшон баст. Дар маҷмӯъ дар Бадахшон се гузаргоҳи давлатӣ бо Афғонистон - дар мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз, Теми шаҳри Хоруғ ва гузаргоҳи Ишкошим дар ноҳияи Ишкошим фаъолият менамоянд. Ҳоло як гузаргоҳи дигар дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бунёд мешавад, вале то кунун ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Баъд аз шурӯи амалиёти махсуси  нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ рзи 24 июл, Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд. Инчунин рӯзи 25-уми июл президент, Эмомалӣ Раҳмон бо Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон сӯҳбате анҷом дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi