15:36:37 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

'ЧАШМПӮШИИ' МАҚОМОТИ ТОҶИК АЗ ШИКОЯТИ ПАНОҲАНДАЕ ЭРОНӢ АЗ ОЗОРИ ҶИНСӢ

Як зани паноҳандаи эронӣ дар Душанбе мегӯяд мақомоти маҳаллӣ аз расидагӣ ба шикояти ӯ дар бораи ин ки як табаъаи Тоҷикистон ба вай қасди таҷовуз карда, худдорӣ кардаанд. Отифа Пичанд, як зани эронитабори 27-сола, тайи ҳашт моҳи ахир ҳамроҳ бо шавҳараш дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти Кумисериёи паноҳандагони СММ дар ин кишвар ба сар мебарад.

/images/stories/2013/02/13_atifeh_130213.jpgВай дар оғози соли ҷорӣ ба мақомоти пулис дар шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳодиса шикоят карда буд. Дар шикояти ӯ омадааст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон худро ба ӯ ронандаи токсӣ муъаррифӣ карда ва пас аз савор шудан ба мошин қасди таҷовуз ба ӯро кардааст.

Ин шикоятро додситонии низомии шаҳри Душанбе баррасӣ кардааст, зеро дар ҷараёни таҳқиқоти муқаддамотӣ ошкор шуда, ки фарди муттаҳам як донишҷӯи Донишкадаи низомии вобаста ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон будааст.

Пас аз анҷоми таҳқиқоти муқаддамотӣ додситонии низомӣ дар номае расмӣ ба Отифа Пичанд гуфтааст, ки ба далели "набудани аломатҳои таркиби ҷиноят" дархости ӯ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин табаъаи тоҷик рад карда шудааст.

Аммо Отифа Пичанд мегӯяд, ки мақомоти тоҷик ба қазияи ӯ ғайриъодилона ва муғризона назар кардаанд ва аз расидагии комил ба ин қазия худдорӣ кардаанд. Вай мӯътақид аст, ки ба шикояти ӯ ба ин хотир расидагии ҷиддӣ нашуда, ки вай як зан аст ва инҷо нисбат ба занон табъиз мешавад. Ҳамчунин, вай худро паноҳандаи сиёсие медонад, ки феълан аз ҳимояти ҳеч давлат ва кишваре бархурдор нест.

Намояндагони додситонии низомии шаҳри Душанбе аз шарҳи расмии ин қазия ба Би-би-сӣ худдорӣ карданд. Вале онҳо таъйид карданд, ки чунин шикоятеро аз ин зани паноҳандаи эронӣ гирифтаанд, ҳарчанд натавонистаанд иддаъоҳои ӯро собит кунанд.

Пешниҳоди 'дамгирӣ'

Хонуми Пичанд мегӯяд як рӯз ӯ дар хиёбони Борбади шаҳри Душанбе мунтазири васоили мусофирбарӣ буд, ки як худрав дар назди ӯ истод. Ронанда розӣ шуда, ки ӯро то макони лозим дар ивази маблағе мебарад.

Аммо пас аз ин ки хонуми Пичанд савори мошин шуда, ронандаи утумубил ба ӯ пешниҳоди "дам гирифтан" дар ивази сад сомонӣ карда ва бидуни ризояти вай мошинро ба самти дигар рондааст.

Ба гуфтаи хонуми Пичанд, пас аз он ки ӯ аз нияти ронанда огоҳ шуда, талош кардааст ба наҳве аз мошин фирор кунад, вале ронанда дарҳои утумубилро ба сурати утумутик қуфл карда ва талош кардааст ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад.

Бино ба гуфтаи хонуми Пичанд, ӯ барои раҳоии худ бо ронандаи мошин дастбагиребон шуда ва сурати ӯро гоз гирифтааст. Дар ин лаҳза худраве дигар аз ақаби мошине, ки вай дар он гирифтор шуда буд, наздик омада ва буқ задааст.

Дар ин ҳангом ронанда барои лаҳзае аз ӯ ғофил шуда ва Отифа тавонистааст аз ин фурсат истифода кунад ва аз панҷараи мошин худро ба берун андозаду фирор кунад. Афроде дар наздикӣ ӯро дидаанд ва кумакаш кардаанд, то ба идораи пулис рвад ва аз ин ҳодиса гузориш кунад.

Хонуми Пичанд ин қиссаро ба таври муфассал дар шикоятномаи худ оварда, аммо додситонӣ гуфтаааст, ки ҳеҷ далеле барои исботи суханони ӯ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ривояти Отифаи Пичанд бо он чи ронандаи мошин ба онҳо гуфта, тафовут доштааст. Бо ин ҳол, маълум нест, ки бо такя бар чи меъёре додситонӣ ҳарфи ронандаи мардро пазируфта ва аз иддаъоҳои ин зани паноҳанда сарфи назар кардааст.

Ин дар ҳолест, ки хонуми Пичанд мегӯяд, қабл аз ирсоли шикояти ӯ ба додситонии низомӣ маъмурони пулиси маҳаллӣ бо ронанда мулоқот доштаанд. Дар суҳбат бо маъмурони пулис ронанда "гуноҳи худро эътироф карда" ва маъмурон аз ӯ хостаанд, то ин "писари ҷавонро бубахшад."

Ин зани паноҳандаи эронӣ меафзояд, ки ронанда ба ӯ аз тариқи маъмурони пулис дар ивази пас гирифтани шикояташ ваъдаи пардохти ғаромат карда, аммо вай шикояти худро пас нагирифтааст.

Хонуми Пичанд мегӯяд: "Агар ин ронанда бегуноҳ буд ва ҷиноятеро муртакиб нашуда буд, пас чаро ӯ ба ман ғароматпулӣ пешниҳод кард? Чаро пулисҳо эътирофи ӯро ба унвони далели иртикоби ҷурм сабт накарданд. Пас аз ин ҳама, додситонӣ ба ман нома менависад, ки ҷинояте сурат нагирифтааст ва барои оғози парвандаи ҷиноӣ далоили кофӣ надоранд."

Қазияи Отифа Пичанд, ки паноҳандае хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, аз мавориди нодири шикоёти занон дар бораи таҷовуз ва озору азияташон аз суйи мардон аст, ки мақомот аз расидагӣ ба он худдорӣ кардаанд, вале ӯ мехоҳад мардум дар борааш иттилоъ ёбанд.

Сукут дар бораи таҷовуз

Мудофеъони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамарӯза мавориди зиёди озору азияти занон ва таҷовуз ба онҳо дар ин кишвар сурат мегирад, вале дар инҷо аксари занону духтарон аз шикоят дар бораи таҷовуз ё қасди таҷовуз ба мақомоти интизомӣ худдорӣ мекунанд.

Фишори иҷтимоъӣ, беобрӯӣ ва доғи нанг, тарс аз интиқомҷӯйӣ ва баэътимодии занҳо ба мақомоти интизомӣ дар мавриди расидагӣ ба шикоёташон мӯҷиб мешавад, ки бисёре аз занону духтарони озордида ва таҷовузшуда дар бораи ин гуна ҳаводис сукут ихтиёр кунанд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, қавонини Тоҷикистон дар заминаи ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва озору азияти занон комил нест ва исботи ҷароими марбут ба таҷовуз ва ё озори ҷинсӣ дар чорчӯби ин қавонин маъмулан душвор аст, зеро аксари ин ҷароим дар хало ва бидуни шоҳид сурат мегиранд ва ё мардум камтар ҳозир мешаванд дар бораи ин гуна ҷароим шаҳодат бидиҳанд.

Ба гуфтаи фаъъолони умури занон, маъмурони пулис ва додситонии Тоҷикистон нисбат ба занҳо ҳамеша бо чашми табъиз менигаранд ва маъмулан ба шикоёти онҳо дар бораи таҷовуз ва хушунат бо баҳонаи "исботи худро наёфтан" ҳамвора худдорӣ мекунанд.

Дар ҳоле ки мақомҳои додситонии низомии Тоҷикистон аз расидагӣ ба шикояти Отифа Пичанд имтиноъ ҷустаанд, ин зани паноҳандаи эронӣ, ки дар ғурбат бидуни кори муносиб ва дар вазъи иқтисодии ногуворе ба сар мебарад, мегӯяд, ки барои кирояи вакили мудофеъ ҷиҳати пайгирии ин қазия сармояи лозим дар ихтиёр надорад.

Ин дар ҳолест, ба гуфтаи хонуми Пичанд, давлати Тоҷикистон борҳо ба дархости паноҳандагии ӯ ва шавҳараш, ки беш аз ҳашт моҳ боз дар инҷо ба сар мебаранд, посухи рад додааст.

Саидмуъмин Кабиров, вакили мудофеъи онҳо, ки аз сӯйи Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон парвандаи онҳоро дар додгоҳҳои Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, гуфт, ки ду додгоҳ дар шаҳри Душанбе дархости паноҳандгии онҳоро рад карда ва қарор аст Додгоҳи олӣ дар ояндаи наздик ба барарсии ин мавзӯъ пардозад.

Отифа Пичанд ва ҳамсараш аз масеҳиёни прутестон ҳастанд, ки мегӯянд соли гузашта кишвари худро ба далоили сиёсӣ ва мазҳабӣ тарк карда ва мехоҳанд ба кишваре амну осуда муҳоҷират кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi