15:39:15 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Маркази савдои гӯшти «Ёвар»- нархи дастрас ва бо сифате, ки интизораш будед

Таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз аҳдофи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин росто кӯшишҳои чашмгире ҳам ба харҷ дода шудааст. Аммо ҳанӯз ҳам дар ин бахш норасоиҳое ба чашм мерасанд.

yovar-gusht-4578777

Махсусан дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, таъмини мардум бо маводи хӯрокаи босифат бояд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ шуда, ба ин васила ба сокинон ва меҳмонони пойтахт маводи озуқаи ҷавобгӯи талаботи рӯз пешниҳод карда шавад. Ва дар ин замина дар бозорҳо сифати пешниҳод ва фурӯши маҳсулоти гуштӣ ва шириро бояд баланд бурд. Ин маҳсулот бояд дар ҳолати хуби санитарӣ нигаҳ дошта шуда, бо сифати баланд ба фурӯш бароварда шавад. Зеро дар ҳолати аз муҳлати муқарраршуда гузаштан ва ё дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ надоштани маҳсулоти гуштиву ширӣ онҳо метавонанд сабабгори сар задани ҳар гуна бемориҳо низ гарданд.

Самандар, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар яке аз бозорҳои пойтахт гӯшт мехарид, дар суҳбат ба хабарнигори «Рӯзгор» гуфт, ки «оилаи мо аслан кам гушт истеъмол мекунад, дар ҳафтае як ё ду киллограм, аммо бо ҳамин ҳол ҳам аксар вақт гушти босифатро дастрас карда наметавонам. Дар дӯконҳои гуштфурӯшӣ гуштро ду ё се рӯз кашол карда мемонанд ва ба он ҳам магас менишинаду ҳам чангу ғубори роҳ. Ба иловаи ин нархаш ҳам на дар ҳама вақт дастрас. Мо ниёзи оилаамон ба гуштро бештар маврид аз ҳисоби дигар маҳсулот бароварда мегардонем.»

Воқеан, ҳар яки мо ҳам борҳо шоҳиди он будаем, ки аксаран маҳсулоти гуштӣ дар бозорҳои мо бо роҳҳои ғайрисанитарӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳатто Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чанд боре маҳсулоти гуштии ҷавобгӯи меъёрҳои санитарӣ набударо аз фурӯш боздошта буданд. Зеро тухм ва гушти мурғ аз ҷумлаи маҳсулоти ниёзи аввалия буда, сифати хуби он асоси солимии ҷомеа аст, вале дар ҳолати аз муҳлати муайяншудаи истеъмолӣ гузаштани гӯшт ва тухм истифодаи онҳо инсонро ба бемории зиёд гирифтор мекунад.

Барои ҳалли ин мушкилот ифтитоҳи марказҳои бузурги фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва ё ширӣ муассир аст.

Маркази савдои гӯшти «Ёвар», ки дар арафаи Наврӯзи ҳаминсола ба фаъолият шуруъ кард, яке аз ҳамин гуна фурӯшгоҳҳоест, ки ҳамеша ба мардум маҳсулоти гӯштии дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта шуда ва босифатро пешкаш мекунад. Вақте мо ба ин маркази савдо рафтем, шоҳиди он шудем, ки воқеан марудми зиёде онҷо гӯшту маҳсулоти гӯштӣ харидорӣ мекарданд.

Ҳоҷӣ Мирзошариф, ки худро муштарии доимии «Ёвар» муаррифӣ кард, дар суҳбат ба мо гуфт, ки «худатон бинед, дар инҷо маҳсулоти гӯштиро дар кадом сатҳ пешниҳод мекунанд. Маҳсулоти гӯштӣ дар яхдонҳои замонавӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва Шумо бе ягон хавотирӣ онҳоро харидорӣ мекунед. Ман қариб се моҳ шуд, ки пайваста аз ин мағоза гӯшт мехарам. Зеро ба маҳсулоти ин мағоза бовар карда мешавад, ки ба саломатии аҳли оилаи ту нафъ мерасонанду зарар не. Ман гумон мекунам, ҳар нафаре, ки як бор ба ин мағоза барои хариди гӯшт меояд, дигар муштарии доимӣ мешавад. Зеро инҷо сифатеро меёбӣ, ки дар ҳақиқат интизораш будӣ»

Воқеан, маркази савдои гӯшти «Ёвар» фурӯшгоҳест, ки ба тамоми меъёрҳои нигаҳдорӣ ва пешниҳоди маҳсулоти гӯштӣҷавобгӯй аст. Толори тозаву озода, яхдонҳои муосир, маҳсулоти босифат имкон дода, ки ин маркази савдо бовари муштариёнро соҳиб шавад.

Умед Усмонов, масъули ин фурӯшгоҳ дар суҳбат ба мо гуфт, ки « ҳадафи аслии таъсиси ин маркази савдо ҳам дар ҳамин буд, ки мо ба мардум гӯшти босифату арзонро пешниҳод намоем. Мо кӯшиш мекунем бовари муштариёнро сазовор бошем ва ба онҳо ҳамеша маҳсулоти босифатро пешниҳод намоем.»

Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ парваришгоҳи махсусе барои чорвоён ташкил кардаанд ва дар он ҷо гову гӯсфандҳоро парвариш мекунанду баъдан забҳ карда, ба фурӯш мебароранд, аз ин рӯ маҳсулоти онҳо дорои сифати баланд буда, ба замми ин бо нархи аз бозор арзон ба мардум пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин, дар маркази савдои гӯшти «Ёвар» маҳсулоти гӯштии нодир аз тамоми нуқоти ҷаҳон чун Амрикову Ветнам, Бразилия, Аргентина ва Австралия ба фурӯш гузошта шудаанд, ки қаблан дар бозорҳои Душанбе дастнорас буд.

Шумо дар ин мағоза гӯшти паррандаҳои нодир аз Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон, гӯшти моҳиҳо, ҳасибҳои гуногун, консервҳо ва дигар навъи маҳсулоти гӯштиро дастрас карда метавонед.

Мағозаи гӯшти «Ёвар», яке аз бузургтарин мағозаҳои шаҳри Душанбе, ҳамеша саъй ба он дорад, ки ба боварии муштариён сазовор гашта, ба завқи онҳо эҳтиром гузорад ва барояшон ҳама вақт маҳсулоти босифатро пешниҳод намояд.

Шаҳриёр

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi