13:48:56 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Буҷети соли 2014 ба андозсупорандагон вазнинӣ меорад?

Буҷети Тоҷикистон дар соли равон, ки аллакай тасдиқ шудааст, 13 миллиарду 901  миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта ҳудуди ду миллиард сомонӣ ё худ 15,3 фоиз зиёдтар мебошад.

buja-87898998Тавре аз ҳисобу китоби Вазорати молияи Тоҷикистон бармеояд, имсол бори асосии буҷаро андозсупорандагон мекашанд ва интизор меравад, ки аз ҳисоби андоз ба буҷа 6 миллиарду 924 миллион сомонӣ ворид гардад, ки ин нишондод нибат ба соли 2013  20 дарсад зиёд мебошад. Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон иброз медоранд, ки дар буҷети имсола, ки аллакай таъйид шудааст, манфиати бахши хусусӣ боз сарфи назар гардидааст.

Сироҷиддин Ҳафизов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, агар қисмати даромади буҷет зиёд пешбинӣ шавад, табиист, ки камшавии андозҳо сурат нахоҳад гирифт ва дар сурати пеш омадани хатари иҷро нашудани буҷет, Кумитаи андозу вазорати молияи кишвар метавонанд, бори андозсупорандагони алоҳидаро зиёд кунанду аксизу пардохтҳои навро ҷорӣ созанд.

Номбурда қайд намуд, ки барои нафаси озоди соҳибкорону андозсупорандагони Тоҷикистон зарур аст, ки давлат ҳадди ақал барои як ё ду соли оянда ҳаҷми даромаду хароҷоти буҷетро зиёд накунад: "Барои зиёд накардани қисмати даромади буҷет зарур аст, ки хароҷоти давлатӣ кам карда шаванд. Айни ҳол барномаҳои махсус, ки ба коҳиши хароҷоти давлатӣ равона шуда бошанд, мавҷуд надоранд. Имкон дорад, хароҷоти давлат ҳадди ақал 20 - 30 фоиз кам шаванд. Барои давлат зарур аст, ки хароҷоташро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ тавассути ҷалби бештари бахши хусусӣ ба ин соҳаҳо камтар намояд."

Бархе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ монеаи асосиро, айни ҳол дар умури иқтисоди Тоҷикистон тафаккури куҳнаи масъулини давлат медонанд, ки бештараш боқимондаи замони шӯравиянду ҳар чӣ зиёдтар кӯшиш мекунанд, бахши фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигарро зери дасти худ нигоҳ доранд. Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, ки имкон дорад, аз ҳисоби ба дасти бахши хусусӣ додани театру кинотеатр, гулгашту боғҳои давлатӣ ва ғайра, ки барои нигоҳдориашон маблағҳои калони буҷет равона мешаванд, хароҷоти давлат кам гардаду даромадаш зиёд гардад.

Дар шароити кунунӣ талаботу қонуни бозор низ ҳамин аст, ки бархе аз муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳатто маорифу тандурустӣ бояд дар музоядаҳои кушод бо нархи қимматтарини имконпазир фурӯхта шаванд ва кадоме бозоргир аст, фаъолияташро минбаъд густариш медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон хароҷоти буҷаро барои соли равон 14,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбати хароҷоти соли гузашта 1,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷаи соли ҷорӣ, яъне хароҷот аз даромад 242 миллион сомонӣ зиёдтар аст, ки ба гуфтаи масъулини Вазорати молия як такон барои зиёдтар кардани даромади буҷет хоҳад буд.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, буҷаи соли 2014 иҷтимоӣ буда, зиёда аз нисфи он ба маориф, илм, тандурустӣ, нафақа ва ғайра равона мешавад. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки даромади буҷаи соли 2014 на аз ҳисоби афзоиши андозҳо, балки аз ҳисоби васеъ шудани базаи андозӣ таъмин хоҳад шуд: "Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқан вақте истеҳсолу гардиши мол зиёд мешавад, даромади буҷа низ зиёд хоҳад шуд."

Ин дар ҳолест, ки тибқи дурнамо буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Таҳлилгарон тавсия медиҳанд, барои он, ки бори гарони буҷа танҳо ба гардани андозсупорандагон нағалтад, ҳукумат назоратро низ дар гумрук пурзӯр кунад, чун беназоратӣ дар гумрук аз як тараф даромади буҷетро кам мекунад, аз тарафи дигар фаъолияти соҳибкоронеро, ки дар доираи қонун кор мекунанд, мушкил месозад, чун маҳсулот тариқи қонунӣ истеҳсол ё воридшуда бо бори қочоқӣ аз нигоҳи нарх рақобат карда наметавонад.

Темур Раҷабализода, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi