ПОРЛУМОН БУҶАРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Имрӯз, порлумони Тоҷикистон, ба баррасии лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2010 мепардозад. Қарор аст, лоиҳаи ин қонунро вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ба вакилони мардумӣ шарҳ бидиҳад.
Дар нишасти навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҳамчунин сарвазир Оқил Оқилов ва раҳбарони як қатор ниҳодҳои молии кишвар низ ҳузур хоҳанд дошт. Бино бар ин лоиҳа, буҷаи давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми бештар аз 6,5 миллиард сомонӣ ба назар гирифта шуда, таварруми пули миллӣ 7 дарсад ва рушди истеҳсолот 5 дарсад ба нақша кашида шудааст. Тафсилоти бештар аз ин хабар бо муҷарради ба даст омадан нашр хоҳад шуд.
«Озодӣ»