ТАЪСИСИ СИСТЕМИ ВОҲИДИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОН
Бо роҳандозии хутути интиқоли барқи “Ҷануб-шимол” системи воҳиди энержии Тоҷикистон тасис шуд. Ҳамакнун системи нерӯи барқи куллияи манотиқи Тоҷикистон ба ҳам пайваст аст.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад аз фардо, якуми декабр, Ӯзбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ хориҷ шавад. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хутути интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-шимол” рӯзи якшанбе дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бо ширкати Президент Раҳмон баргузор шуд. Ин хутути барқи 500-килувотӣ ва се хатти 220–килувотӣ дар дохили вилояти Суғд бо сармояи 420-милюндулории давлати Чин ва аз сӯйи ширкати ТВЕА-и ин кишвар як сол қабл аз мӯҳлат сохта шуд.
Коршиносон бо ишора ба зарурати ин хутути барқ мегӯянд, ки ҳамакнун вилояти Суғд, ки пешрафтатарин минтақаи санъатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таввасути ин хутут аз ҷануби кишвар, ки дар он ҷо нерӯгоҳҳои бузурге фаъоланд, барқ дарёфт мекунад. Дар гузашта нерӯи барқ аз ҷануби Тоҷикистон ба шимоли ин кишвар тавассути қаламрави Ӯзбакистон сурат мегирифт. Ба гуфтаи Президент Раҳмон, ин хутути барқ бо таҷҳизоти муъосир муҷаҳҳаз аст ва имкон дорад то 14 дарсад аз талафоти барқ ба ҳангоми интиқолро коҳиш бидиҳад.
Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ки интиқоли нерӯи барқ тавассути ин хутут, ки 325 килуметр аст, ба масрафи бештари барқ мунҷар хоҳад шуд. Зеро, фосилаи ин хутут зиёд аст ва ин амр аз лиҳози фаннӣ мӯҷиби афзоиши талафоти барқ мешавад. Дар гузашта барқи мавриди ниёзи вилояти Суғд аз ноҳияи Турсунзода, дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон, ки бо Ӯзбакистон ҳаммарз аст, ба ин кишвари ҳамсоя интиқол меёфт ва вилояти Суғд бо талафоти андаке онро дубора дарёфт мекард.
Вале акнун ба назар мерасад, ки тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ давлати Тоҷикистонро водор сохтааст, ки хутути “Ҷануб-шимол”-ро қабл аз мӯҳлат мавриди истифода қарор бидиҳад. Мақомоти Тоҷикистон ин тасмими Ӯзбакистонро аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ намедонанд. Ҳарчанд ҷониби Ӯзбакистон ин иддаъоро такзиб мекунад.
Зимнан, бархе аз коршиносон изҳор медоранд, ки тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ба суди ин кишвар нахоҳад буд. Зеро барқи мавриди ниёзи ин кишвар умдатан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад ва барои таъмини кайфияти он ин кишвар ниёз дорад, ки системи барқи худро бо системҳои барқи ҳамсоягонаш, ки умдатан энержии обӣ доранд, пайванд диҳад.
Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ба идомаи умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, дар шарқи Тоҷикистон, рабт дорад. Ӯзбакистон пайваста бо иҷрои ин тарҳ мухолифат карда ва иддаъо дорад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ дар таъмини об барои кишварҳои поёноби минтақа мушкилоте эҷод мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хутути “Ҷануб-шимол” бо ишора ба ин иддаъо гуфт, ки “ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст. Баръакс, мо ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои худ манфиъати онҳоро ҳатман ба инобат мегирем.”
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: "Мардуми ин кишвар дилпур бошанд ва бовар дошта бошанд, ки мо бо ҷалби маблағу имкониятҳои молиявии давлатӣ ва пеш аз ҳама бо такия ба азму ирода ва дастгириву пуштибонии халқи сарбаланд ва баъору номуси тоҷик, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, нерӯгоҳи Роғунро, ки дар раҳоӣ аз мушкилоти имрӯза наҷотбахши ягонаи халқи тоҷик аст, ҳатман бунёд менамоем.”
Оқои Раҳмон дирӯз ҳамчунин бо Асхат Каримбой, узви Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Чин ва Раиси Шӯрои сиёсӣ-машваратии ноҳияи Шинҷони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ дошт. Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамкориҳои ояндаи ин ду кишвар, бавижа дар бахши энержӣ, матраҳ шудааст.
Гуфта мешавад ҷонибҳо мавзӯъи сохтмони муштараки нерӯгоҳи обии Нуробод-1, нерӯгоҳи ҳароратии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500-килувотии Роғун ва хутути баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун-Душанбе ва Хуҷанд-Айнӣ-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Би-Би-Си