15:45:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз $1 млрд расид

Табодули мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар 10 моҳи соли равон ба беш аз $1 млрд расид. Тавре мо хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 30 ноябр ба мухбири ТАСС намояндаи тиҷоратии ФР дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар ҳошияи конфронси ҳаштуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, иттилоъ дод.

Evgenij-Korenkov«Русия дар тӯли 12 сол чун пештара яке аз шарикони фаъоли Тоҷикистон дар самти иқтисод ва савдо ба ҳисоб рафта, давоми 8-10 сол ҳиссаи мубодила аз 20-24% поён нарафта, тибқи натиҷаи 10 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи мол беш аз 1 млрд долларро ташкил дод»,-зикр намуд Коренков. Ба гуфтаи ӯ, ин рақам таърихӣ буда, тибқи натиҷаҳои солона интизор меравад ин нишондиҳанда ба 1,1-1,2 млрд доллар расад. «Ин афзоиш нисбат ба соли 2020 беш аз 25%-ро ташкил дод»,-афзуд намояндаи Палатаи савдо ва иброз дошт, ки дар навбати аввал аз ФР техникаҳои соҳаи сохтмон ва мошинҳо ворид мешаванд.

Намояндаи Палатаи савдо оид ба вусъат ёфтани сохтмонҳо дар Тоҷикистон, алалхусус дар Душанбе сухан карда, афзуд ки дар ин самт талабот ба металл, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ афзуда, воридоти он зиёд карда мешавад. Ӯ инчунин дар сатҳи муқаррарӣ қарор доштани воридоти маводи сӯзишворӣ дар гардиши мол миёни ду кишвар (35%) ишора кард.

«Дар самти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба ин соҳа машғул аст ва талабот ба техникаи кишоварзӣ хеле зиёд аст»,-изҳор медорад Коренков. Ӯ аз баргузории бузургтарин намоишгоҳи техникаи кишоварзии «Рӯзи саҳрои Русия» дар шаҳри Душанбе, ки дар 15 соли охир беназир маҳсуб мешавад, сухан кард. Дар намоишгоҳи мазкур 16 ширкати русиягӣ намояндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи Коренков, дар ҷараёни намоиши мазкур ҷонибҳо барои харидории беш аз 30 адад мошинҳои кишоварзӣ ба тавофуқ расиданд.

Коренков ҳамчунин оид ба раванди болоравии воридот ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ иброз намуд, ки воридот аз Тоҷикистон ба Русия то 2 маротиба афзоиш ёфт. «Ин бо шарофати созишномаи байни хадамоти гумруки ду кишвар оид ба назорати содакардашудаи гумрукӣ, ба истилоҳ долони сабз ба даст омадааст ва ҳоло ин танҳо маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва меваҳои хушк аст»,-гуфт ӯ. «Моро Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Русия дастгирӣ намуданд ва пешниҳоди мазкур дар якҷоягӣ бо ҷониби Тоҷикистон ба Хадамоти гумрук равона гардида, дар кӯтоҳтарин муддат баррасӣ карда мешавад»,-иттилоъ дод намояндаи палатаи савдо.

Дар бораи конфронс

Дар конфронси 8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ» ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: роҳҳои ҳалли шаҳрӣ» баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати саноат ва савдои ФР



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi