10:14:37 27-уми Июли 2025 сол

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

0 imzoi sanadho 1255654445Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;

— Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;

— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

АМИТ «Ховар» 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ