04:05:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶУСТУҶӮЙИ РОҲҲОИ РАФЪИ АВОҚИБИ БУҲРОН

 

 Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой дар шаҳри Екатеринбурги Русия тасмим шуд, ки дар чаҳочуби ин созмон сандуқи вижа барои рафъи авоқиби бӯҳрон таъсис шавад. 

Сергей Приходко, ёвари раиси ҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон мавзӯъи муқобала бо бӯҳрони ҷаҳонии молиро аз мавзӯъоти калидии ин ҳамоиш унвон карда ва гуфтааст, ки ба манзури талошҳои муштарак барои рафъи авоқиби бӯҳрон дар чаҳорчӯби СҲШ сандуқи вижае таъсис хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи рӯзномаи "Комсомолская правда"-и Русия ҷониби Ӯзбакистон эълом доштааст, ки ба далели "сарфи назар шудани манофеъи мардуми ӯзбак дар СҲШ, ин кишвар дар ин талошҳои муштараки кишварҳои узви СҲШ ширкат намекунад.

"Комсомолская правда" менависад: "Бори аввал нест, ки Ӯзбакистон дар ҷараёни баррасии масоили бисёрҷониба ба чунин деморш ё иқдом даст мезанад."

Ин дар ҳолест, ки ду рӯзе қабл, Ӯзбакистон бидуни ироаи далоили мушаххас аз имзои Мувофиқатнома дар бораи таъсиси Неруҳои воканиши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъии КММ дар шаҳри Маскав худдорӣ кард.

Дар ин ҷаласа дар канори кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозири Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳинд, Муғулистон ва созмонҳои байналмилалие чун СММ, КММ, СПАД ва УруОсиё ширкат доранд.

Оқои Приходко гуфтааст, ки дар ҷаласаи СҲШ мавзӯъи озмоиши бумби ҳастаӣ аз сӯйи Куриёи Шимолӣ ва авоқиби ин амал ба кишварҳои ҳамсоя ва дар маҷмӯъ ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ матраҳ шуда, аммо дар ин замина санади расмӣ тасвиб нахоҳад шуд.

Зимнан, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон субҳи имрӯз, 16 июн, вориди шаҳри Екатеринбург шуда ва дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ширкат кард. Бино ба иттилоъи ожонси "РИА Новости"-и Русия қарор буд, дирӯз оқои Аҳмадинажод бо Дмитрий Медведев, ҳамтои руси худ дидор кунад, вале сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Русия як рӯз ба таъвиқ афтод.

Ба навиштаи ин ожонсӣ дар ҳоле ки далоили расмии ин таъвиқ эълом нашудааст, вале имкон дорад, тазоҳуроти густардаи мухолифони давлати Эрон, ки ба нишонаи эътироз аз натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ба хиёбонҳои шаҳри Теҳрон рехтанд, дар тасмими сафари оқои Аҳмадинажод ба Русия асар доштааст.


Дидори Раҳмон бо Ҳу Ҷинтоу ва Россел


Давлати Чин тасмим гирифтааст, ки ба манзури пуштибонӣ аз тадобири алайҳи бӯҳронии давлати Тоҷикистон ба ин кишвар ба миқдори 60 милюн юан ё 8,78 милюн дулори омрикоӣ кӯмаки билоиваз тахсис бидиҳад. Ин нукта дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳу Ҷинтоу, раиси ҷумҳурии Чин, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Екатеринбург баргузор шуд, таъкид шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо аз раванди ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, эҳдоси роҳҳо ва пулҳои иртиботӣ, тунналҳо ва хутути барқи баландшиддат миёни ин ду кишвар ибрози ризоият кардаанд.

Ин манбаъ афзуд, руасои ҷумҳурии Чин ва Тоҷикистон ба густариши бештари ҳамкориҳо дар мавриди бунёд ва бозсозии роҳи утумубилрави масири Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва таъсиси минтақаи озоди тиҷоратию таробарӣ дар ноҳияи Мурғоб, дар шарқи Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти тарҳҳои бузурги ҳамкориҳо миёни Чин ва Тоҷикистон ҷонибҳо хостори таъсиси сандуқи муштараки сармоягузорӣ шудаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ табодули коло миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2008 муоъдили 1 милиёрду 250 милюн дулор буда ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 80 дар сад афзоиш ёфтааст.

Зимнан, президент Раҳмон дар шаҳри Екатеринбург бо Эдуард Россел, раиси вилояти Свердловски Русия мавзӯъи таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷи маъодин, ҳамкориҳо дар бахши ҷаҳонгардӣ ва раванди иҷрои Мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ кардааст.

Ҷонибҳо роҳҳои ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба манотиқи Уроли Русия, масоили марбут ба танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва бозомӯзию боло бурдани тахассусро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 1996 ба унвони як ниҳоди минтақавии амниятӣ поягузорӣ шуд ва баъдан ба тадриҷ домани фаъолиятҳои он масоили фарҳангиву иқтисодиро низ дар бар гирифт.

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонкҳой дар ҳоли идомаи буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ баргузор мешавад, ки дидгоҳҳои Русия ва Чин ду узвуи пурқудрати ин созмон дар масоили бархурд бо ин буҳрон аз дидгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ мутафовит аст. 
Чин мавзуъи интихоби арзи дигаре дар муъомилоти байналмиллалӣ ба ҷои дулори омрикоро матраҳ карда ва Русия низ аз истифодаи арзи дигаре дар равобити иқтисодии минтақавӣ сухан гуфтааст.

Бисёре аз коршиносон Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ниҳоде барои эҷоди таъодул дар минтақа дар муқобили густариши фаъолиятҳои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) медонанд, аммо кишварҳои узв ин иддаъоро рад кардаанд.

Ба ҷуз аз Русия ва Чин чаҳор кишвари Осиёи Миёна, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон узви ин созмон ҳастанд.

Эрон дар гузашта дархости узвият дар ин созмон карда буд ва ҳоло бо ҳаққи нозир дар ин созмон ширкат мекунад. Ҳинд, Покистон ва Муғулистон низ кишварҳои нозир дар ин созмон ҳастанд.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi