“ОЯНДАИ “БАРҚИ ТОҶИК” РӮШАН НЕСТ”
Низоми муҳосибот дар “Барқи тоҷик” мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ набудааст. Ин матлаб дар гузориши ниҳоии бозрасии молии ширкати “Барқи тоҷик”, ки бо дархости созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, интишор шудааст. Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" тавзеъкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон аст ва аз пояҳои муҳими иқтисоди ин кишвар дониста мешавад. Бозрасон ё аудиторҳо аз бидеҳкории “Талко” ба ширкати "Барқи Тоҷик" барои истифода аз нерӯи барқ изҳори нигаронӣ кардаанд.
Натоиҷи ин бозрасӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки пештар Сандуқи Байналмилалии Пул аз махфӣ нигаҳ доштани натоиҷи бозрасии молии фаъолиятҳои “Талко” ва “Барқи тоҷик” ибрози норизоятӣ ва интиқод карда буд.
Бозрасии “Барқи тоҷик” дар авоили соли 2009 ва аз ин пештар дар соли 2008 анҷом шудаанд, вале натоиҷи онҳо батозагӣ дар сойти интернетии ин ширкат мунташир шуд. Ширкати бозрасии “Марка аудит Бишкек” дар гузориши худ таъкид кардааст, ки арзиши дороиҳои ин ширкат қадимӣ буда ва баҳои воқеъии онҳо мушаххас нашудааст.
Бозрасон менависанд, аз баски муъомилоти молии “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои мухталифи хориҷӣ ва дохилӣ дар заминаи харидории маводд ва таҷҳизот бо воҳидҳои пулии мухталиф сабт шудаанд, мушаххас кардани мизони дақиқи бидеҳкории ин ширкат номумкин аст.
Аз сӯи дигар, ин бозрасӣ фарогири фаъолият ва арзиши дороиҳои нерӯгоҳи ҳароратии Ёвон, хутути барқи Бадахшони Кӯҳистон ва ширкати “Коргоҳи бозсозии таҷҳизот” нашудааст, зеро "Барқи Тоҷик" дар бораи ин корхонаҳо иттилоъ пешниҳод накардааст, агарчи ин ниҳодҳо аз ҷумлаи илҳоқоти ширкат маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон бозрасон менависанд, ки “Барқи тоҷик” ба ин гузориш арзиши дороиҳои нерӯгоҳи “Роғун”-ро шомил кардааст, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амри нодуруст будааст. Дар гузориши “Марка аудит Бишкек” ба мавзӯъи бидеҳиҳои “Барқи тоҷик” таваҷҷӯҳи зиёд шудааст. Аз ҷумла, ба бидеҳии беш аз 97 милюн сомонии “Талко” барои истифода аз нерӯи барқ таъкид шудааст.
Вале ба навиштаи бозрасон, бо дастури давлати Тоҷикистон қисме аз ин бидеҳиҳои “Талко” муъоф шудаанд, зеро корхонаи тавлиди олюминиюми Тоҷикистон дар бозсозии нерӯгоҳи ҳароратии Ёвон саҳм гирифтааст. Аз сӯйи дигар, ба навиштаи бозрасон, байни иттилоъи “Барқи тоҷик” ва Вазорати молияи Тоҷикистон дар мавриди бидеиҳои ин ширкат тафовути беш аз 1,5 милюн сомонӣ ошкор шудааст.
Бозрасон ҳамчунин изҳор доштаанд, ки ҳарчанд “Барқи тоҷик” ширкати саҳҳомӣ маҳсуб меёбад, вале дар сиёсати худ мустақил нест. Фаъолияти ин ширкат ба навиштаи бозрасон ба тасмимоти давлати Тоҷикистон бастагӣ дорад. Ба ин тартиб, бозрасон эълом кардаанд, ки шароит ва камбудҳои номбурда имкон намедиҳанд, ки дурнамои фаъолияти “Барқи тоҷик” пешгӯӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ миёни мақомоти Тоҷикистон ва коршиносони Бонки Тавсеъаи Осиёӣ барои таҷдиди сохтори ин ширкат ва эҳтимоли хусусисозии он музокирот оғоз шудааст.
Барқи Тоҷик ва қазияҳои марбут ба фасод
Дар авохири соли гузашта Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бархе аз масъулини бахши муҳосиботи ин ширкатро ба иттиҳоми сирқати дороиҳои “Барқи тоҷик” боздошт карданд. Дар пайи ин қазия Раиси ҷумҳури Тоҷикистон куллия раҳбарони ин ширкатро иваз кард. Аммо рӯшан нест, ки иртикоби фасодкории эҳтимолии масъулони боздоштшуда, қабл аз замони бозрасии молӣ дар соли 2008 сурат гирифтаанд ё хайр?
Вале ду сол қабл, замоне ки созмонҳои молии байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон тақозо карданд, ки ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Талко” бозрасии молӣ шаванд, коршиносон аз вуҷуди фасоди густурда дар муъомилоти "маҳрамонаи" миёни ин ду ширкат изҳори назар мекарданд.
Ҳамакнун пас аз интишори натоиҷи бозрасӣ ҳатто ишорае ба ин мавзӯъ, яъне мавзӯъи сирқати нерӯи барқ, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз он интиқод мекунанд, дарёфт намешавад. Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон сиҳати натоиҷи чунин бозрасиро зери суол мебаранд. Қаблан масъулони Сандуқи Байналмилалии Пул дар як сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз мунташир нашудани натоиҷи бозрасии ин ду ширкат изҳорӣ нигаронӣ карда буданд.
Ҳамакнун “Барқи тоҷик” натоиҷи ин бозрасиро мунташир кардааст, ҳарчанд қаблан мақомоти ин ширкат иддаъо доштанд, ки барои чопи ин гузориш муваззаф нестанд. Зимнан мақомоти “Талко” изҳор доштанд, ки ба зудӣ натоиҷи бозрасии ин ширкатро мунташир хоҳанд кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/2435-2010-06-07-15-50-37.html