НИГАРОНИИ РАҲИМЗОДА АЗ АФЗОИШИ ҚИМАТ
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19 октябр дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар зимни нигаронӣ аз афзоиши қимати мавод ва колоҳо дар бозори дохилӣ гуфтааст, ки дар моҳи гузашта баҳои маводди ғизоӣ 3,2 дар сад боло рафтааст.

Аз ҷумла, бино ба иттилоъи расмӣ, дар зарфи чаҳор моҳи ахир қимати картошка ва гӯшт дар бозорҳои ин кишвар мутаносибан аз 10 то 20 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ барои аввалин бор мизони таваррум дар бозори истеъмолӣ аз рушди ҳаҷми Маҳсулоти Нохолиси Миллӣ бештар шудааст. Оқои Раҳимзода ҳушдор додааст, агар давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин вазъ тадобири зарурӣ наандешад, мизони таваррум бештар хоҳад шуд.
Зимнан, давлати Тоҷикистон ба манзури таъмини амнияти ғизоӣ ва танзими қимати маводди ғизоӣ дар бозори дохилӣ судури бархе аз маводди ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту картошкаро ба хориҷи кишвар мамнӯъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди судури гӯшт аз Тоҷикистон ба ин кишвар мувофиқатномае имзо шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши мизони тавлидоти сабзиҷоту меваҷот дар соли ҷорӣ гузориш дода ва гуфтанд, ки ин амр мумкин аст дар поин рафтани қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ мусоъидат кунад. Сиҷоиддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19 октябр дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, танҳо ҷамъоварии ғалла дар соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 20 сад камтар шудааст.
Ба гуфтаи оқои Исроилов барои таъмини сокинони Тоҷикистон бо орд бояд ба ин кишвар ба миқдори аз 800 ҳазор то 1 милюн тун ғалла ворид шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Русия судури маҳсулоти ғалларо ба хориҷи кишвар мамнӯъ кардааст, дар назар аст Тоҷикистон аз Қазоқистон ё Конодо орд ва ғалла харидорӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи хорбори ҷаҳонии СММ мукарраран аз имкони таҳдиди хатари гуруснагӣ ба ҳудуди 1 милюн тан аз сокинони Тоҷикистон ҳушдор додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соли ҷорӣ аз саканаи кишвар даъват кард, то дар хонаводаҳои худ ҳаддиақал барои ду сол маводди ғизоӣ захира кунанд. Аммо масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон нигаронӣ дар бораи хатари гуруснагӣ ба сокинони кишварро бепоя хонда гуфтанд, ки бахши аслии маводди ғизоӣ дар бозори дохилиро маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ташкил дода ва бахши дигар, назири орду ғалла ва гӯшту тухми мурғ аз хориҷи кишвар ворид хоҳад шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3382-2010-10-19-18-12-10.html