02:03:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ: ҚАРОРИ ҲУКУМАТ БА ЗАРАРИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ АСТ…

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон қарори ҳукуматро дар хусуси манъи содироти ангишт, ки дар Тоҷикистон 4 моҳ боз амал мекунад, ба зарари корхонаҳои истеҳсоли ангишт арзёбӣ намуданд.

/images/stories/2012/08/16_gul-sherali-160812.jpgБино ба маълумоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат соли гузашта ҳудуди 22 – 25 ҳазор тонна ангишт содир шуда буд. Номбурда мегӯяд, содирот барои корхонаҳои истеҳсоли ангишт фоида дорад ва маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет барои хариди техникаю дигар таҷҳизот дар корхонаҳои ангишт амалӣ намешавад: «Ба ғайр аз корхонаи ангишти Исфара, ки барои хариди таҷҳизот аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад, дигар корхонаҳо аз маблағгузориҳои ҳукуматӣ бархурдор нестанд».

Вазири энергетика ва саноат таъкид кард, ки бо вуҷуд ин чи қадаре лозим аст, ангиштро дар Тоҷикистон истихроҷ хоҳанд кард.

Вазорати энергетика ва саноат ҷиҳати роҳ надодан ба ҷаҳиши якбораи нархи ангишт, ки метавонад дар паи афзоиши якбораи талабот сурат гирад, ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки маблағро барои харидории ин намуди сӯзишворӣ дар семоҳаи чорум нею аз семоҳаи дуюм ҷудо намоянд: «Ин хоҳиш аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуд.

Бо супориши ҳукумат Вазорати молия аллакай аз моҳи июни соли равон маблағҳоро барои харидории ангишт ҷудо намуд.  Истеҳсоли ангиштро дар нимсолаи аввал соли ҷорӣ 26 ҳазор тонна зиёдтар кардем ва дар маҷмӯъ қариб ба 100 ҳазор тонна расондем».

Бархе аз коршиносон барои роҳ надодан ба фазоиши якбораи қимати ангишт, ки зимистони гузашта рух дод, барои мардум зарур медонанд, ки аз моҳҳои август, сентябри ҳамин сол харидории ин намуди сӯзишвориро оғоз намоянд. Самандар Солиҳев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон манбаҳои истихроҷи ангишт зиёд аст, вале вобаста ба талаботи мардум ин навъи сӯзишворӣ кам истеҳсол карда мешавад ва ин боиси он мегардад, ки дар зимистон нархи ангишт боло меравад.

Вале масъулини вазорати энергетика ва саноат рабт доштани афзоиши нархи ангиштро ба истеҳсоли ками он рад карда, иброз медоранд, ки нархашро бозор муайян мекунад: «Сабаби асосии афзоиши нархи ангишт дар фасли сармо зиёд шудани талабот ва инчунин гаронтар шудани интиқоли он мебошад».

Қаблан президенти Тоҷикистон ба масъулин, дар робита ба истифодаи ангишт супориш дод, ки бо назардошти захираҳои бойи ангиштсанги мамлакат, ки 4,5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, имкониятҳои ба истифодаи ангиштсанг гузарондани марказҳои гармидиҳӣ ва баъзе корхонаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноат таи чанд соли охир 80 корхонаи маҳсулоти сохтмонӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1  корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази қиммату камёфти воридотӣ ба истифодаи ангишти ватанӣ гузаштаанд.

То имрӯз 36 кони ангишт дарёфт ва қисман омӯхта шудаанд ва бо вуҷуди захираҳои бузург, иқтидори корхонаҳои мавҷудаи истихроҷи ангишт наметавонад талаботи кишварро пурра қонеъ намояд. Шумораи умумии корхонаҳои фаъолро дар бахши истихроҷи ангишт масъулини Вазорати энергетика ва саноат 14 адад арзёбӣ менамоянд, ки аз ин 8 тояшон хусусӣ мебошанд.

Бино ба маълумоти масъулини Вазорати энергетика ва саноати кишвар феълан онҳо дар мавриди густаришу истифодаи ангиштсанг нияту нақшаҳоеро рӯи даст доранд.

Аммо намояндагони созмонҳои экологии кишвар аз ин ҳама нияту нақшаҳои масъулини вазорати энергетика дар мавриди густаришу истифодаи ангиштсанг истиқболи хуш надоранд. Намояндагони ташкилоти экологии «Замини хурд» 10 далелро пеш меоранд, ки густариши истихроҷу истифодаи ангиштсанг дар Тоҷикистон нигарониашонро ба бор овардаст.

Аз ҷумла худи омодагӣ ва фароҳам намудани инфрасохтор  барои истихроҷи ангишт экосистемаро вайрон мекунад. Истифодаи он бошад ба гуфтаи экологҳои «Замини хурд» ифлолсшавии сарчашмаҳои об ва партовҳои зарароварро ба атмосфера ба бор меорад. Тибқи маълумоти мавҷуда 40 фоизи гази гармхонагӣ ба ҳаво дар паи истифодаи ангишт партофта мешаванд.

Дар қатори пайомадҳои дигари манфии истихроҷи ангишт, намояндагони ташкилоти «Замини хурд» муҳоҷир шудани аҳолии муқимӣ, афзоиши обшавии яхҳо, густариши касалиҳои диққи нафасу саратони шушро ном мебаранд. Гузашта аз ин таҳлилгарони «Замини хурд» нисбатан арзон будани истифодаи ангиштро инкор карда, бо назардошти хисороти иҷтимоию экологӣ,  истифодаи ангиштсангро дар тамоми ҷаҳон зараровар арзёбӣ мекунанд, ки дар баъзе кишварҳо аз ҷониби давлат рӯйпӯш мешавад.

Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавриди истифодаи ангишт изҳор медорад, ки бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки партов ба табиат то ҳадди имкон кам бошад: «70 фоизи сӯзишвории Хитой, 60 фоизи энергетикаи Ҳиндустон ва Русия аз ангишт аст.

Мо газ надорем, нафт надорем. Агар  ангиштро истифода накунем, иқтисодиёт, истеҳсолотамонро чи хел пеш мебарем?». Номбурда таъкид намуд, ки маҳз бо ҳамин далелҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳам лоиҳаҳоеро, ки дар онҷо истифодаи ангишт пешбинӣ шудаст, дастгирӣ мекунад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi