19:08:43 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо насиби паҳлавонони Миср ва Украина шуд

Охири ҳафтаи гузашта дар майдони варзишии Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар нахустин мусобиқаи байналмилалии гӯштии тарзи дзюдо барои гирифтани Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндагони сездаҳ кишвари олам байни ҳам дар ду вазн: вазни то 81 килограмм ва вазни болотар аз 81 килограмм қувва санҷиданд.

1.gushtin-4578.jpg

Мухлисони сершуморе, ки барои тамошои ин қувваозмоиҳои шавқовар омада буданд, дар тӯли беш аз 8 соат шоҳиди набардҳои пурҳаяҷону хотирмони дзюдочиёни кишварҳое ҳамчун Россия, Украина, Венгрия, Ҷумҳурии Мисри Араб, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Белоруссия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Озарбойҷон гардиданд.

Дар вазни то 81 килограмм паҳлавони Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов ва паҳлавони Украина Виталий Дудчук тамоми рақибони худро аз дигар кишварҳо мағлуб сохта ба даври ниҳоӣ баромаданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони украинӣ рақиби худ Фарҳод Раҳимовро мағлуб сохта ба гирифтани Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва маблағи 40 ҳазор сомонӣ мушарраф шуд.

2.gushtin-4578

Ба Фарҳод Раҳимов, ки дар вазни то 81 килограмм ҷои дуюмро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ гирифт, 20 ҳазор сомонӣҷоиза доданд. Паҳлавон Ласло аз Венгрия ҷои саввум ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот гирифт.

Дар вазни аз 81 килограмм боло низ як паҳлавони дигари мо Муҳаммад Абдураҳмонов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале мутаассифона, дар даври ниҳоӣӯро низ нокомӣ интизор буд. Ӯ дар қувваозмоӣ бо паҳлавон аз Ҷумҳурии Мисри Араб бо номи Ислом Ал-Шиҳобӣ, ки миёни гӯштигирони дзюдо дар ҷаҳон хеле маъруф аст, мағлуб гардид ва ҷои дуюмро ишғол кард.

3.gushtin-4578

Бояд гуфт ки дар ин вазн ҷои сеюмро ду варзишгари мо Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев соҳиб шуданд. Ба ғолиби мусобиқа дар вазни беш аз 81 килограмм паҳлавони мисрӣ низ Ҷоми Президент ва 40 ҳазор сомонӣҷоиза дода шуд. Муҳаммад Абдураҳмонов соҳиби 20 ҳазор сомонӣ шуд. Паҳлавононе, ки ҷои саввумро гирифтанд, ҳар кадом бо 10 ҳазор сомонӣ қадр гардиданд.

4.gushtin-4578

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi