02:55:13 01-уми Июли 2025 сол

Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон боз як зина боло баромад

Дар рейтинге, ки 16-уми январ Федератсияи футболи ҷаҳонӣ-ФИФА интишор кард, Тоҷикистон дар муқоиса бо рейтинги як моҳ қабл як зина болотар баромад. Дар рейтинги ахир Тоҷикистон бо 285 хол ҷои 113-умро ишғол кардааст.

fifa-logo 2014-tajДар байни 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон баъди Украина, Русия, Арманистон, Узбекистон, Белорусия, Эстония, Озорбойҷон, Молдова, Гурҷистон, Литва ҷои 11-умро ишғол мекунад. Латвия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон баъди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар байни 48-дастаи футболи кишварҳои Осиё Тоҷикистон дар ҷои 14 қарор гирифтааст. Дар ин қитъа дастаи Эрон дар ҷойи аввал аст. Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Урдун, Арабистони Саъудӣ, Уммон ва ҷумҳурии Мардумии Чин дар даҳгонаи аввал ҷой гирифтаанд.

Дар ин рейтинг дар байни 209 дастаи  мунтахаби кишварҳои олам тими мунтахаби Испания чун ҳарвақта дар ҷои аввал мавқеъ гирифтааст. Дастаи Олмон дар ҷои дуввум ва дастаи Аргентина дар ҷойи сеюм мебошанд. Колумбия, Португалия, Уругвай, Италия Швейсария, Голландия ва Бразилия дар миёни даҳ дастаи мунтахаби беҳтарини  дунё қарор доранд. 

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ