20:42:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Расул Боқиев: Паҳлавонони боҳунару лаёқатманд зиёд дорем

Он шом толори варзишии "Тоҷ Пайтер"-и пойтахт фазои идонае дошт. Бо даъвати раҳбарияти Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи ҷумҳурӣ аз Маскав ба ин ҷо ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекин ва қаҳрамони чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар гӯштини тарзи дзюдо Расул Боқиев барои гузаронидани машғулиятҳои намунавии тамринӣ (мастер-класс) ташриф овард.

1-rasul-boqiev 5476565Расул Боқиевро варзишгарони ҷавони тоҷик ва инчунин алоқамандони гӯштини тарзи дзюдо, ки ба ин толор омада буданд, бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтанд. Дар тани бархе аз варзишгарон футболкаҳоро бо акси Расул Боқиев дидан мумкин буд. Як тарафи толорро акси бузурги ӯ оро медод.

Аҳтам Хокиров, варзишгари номӣ, президенти Лигаи мазкур эълон дошт, ки ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев бо даъвати раҳбарияти ин созмони паҳлавонони тоҷик барои чанд рӯз аз Маскав ба Тоҷикистон омадааст, то бо варзишгарони наврас дар бархе аз ноҳияҳои кишвар машғулиятҳои намунавии тамринӣ баргузор намояд. Чунин тамринҳо то имрӯз дар ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ барпо гардиданд.

2-rasul-boqiev 5476565Сипас паҳлавонони навраси тоҷик, ки дар ин толори варзишӣ машқ мекунанд, дар назди Расул Боқиев ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Бо хоҳиши варзишгарон Расул Боқиев барои хотира дар футболкаҳои онҳо соядаст гузошт. Расул Боқиев дар қувваозмоии тамринӣ бо паҳлавони ҷавон Солеҳ Ҳасанов чанд ҳиллаи тезтар мағлуб кардани ҳарифро, азҷумла он ҳиллаҳоеро, ки худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ истифода мебурд ва бар рақибонаш ғолиб меомад, барои паҳлавонони наврасе, ки дар толор ҳузур доштанд, нишон дод.

Дар поёни ин маҳфил Расул Боқиев бо хабарнигорони дохилӣ, ки дар ин мастер -класс ҳузур доштанд, як нишасти хабарии кутоҳе доир кард. Ӯ дар ин нишасти хабарӣ азҷумла иброз дошт, ки ҳанӯз ҳам дар Маскав дар клуби маъруфи "Самбо-70" таҳти раҳбарии мураббии шинохта Павел Владимиров машқҳои худро идома медиҳад.

3-rasul-boqiev 5476565Ӯ ният дорад, ки минбаъд чун ҳарвақта на дар вазни 73, балки дар вазни 81 килограмм қувваозмоӣ кунад. Тамоми машқу тамринҳояш ба он равона карда шудаанд, ки ҳарчи тезтару хубтар худро ба қувваозмоиҳо дар ин вазн мутобиқ созад. Охири моҳи июн дар Испания як мусобиқаи байналмилалӣ баргузор мегардад, ки ӯ нияти дар он худро дар ин категорияи вазн санҷидан дорад.

Агар дар ин сабқат ва мусобиқаҳои дигаре, ки баъдан ширкат хоҳад кард, бубинад, ки то андозае ба комёбиҳо даст меёбад, тамринҳояшро тибқи барномаи махсус барои пайдо кардани ҳаққи ширкат дар Бозиҳои Олимпии оянда идома хохад дод.

4-rasul-boqiev 5476565Расул Боқиев ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор" дар хусуси он, ки мактаби падараш Худойназар Боқиев, ки дар он паҳлавонони наврас тарбия мегирифтанд, оё фаъол аст ё на, посух дод, ки мактаб фаъол аст ва дар он имрӯзҳо таҳти раҳбарии бародараш паҳлавони маъруф Рустам Боқиев наздик ба сад нафар паҳлавонони наврас тамрин мекунанд.

Ман агарчи ин шабу рӯзҳо бештар ба ислоҳи камбудиҳои худам машғул ҳастам ва аз вазъи гӯштини дзюдо дар Тоҷикистони азизамон чандон огаҳ нестам, вале боварӣ дорам, ки дар Ватани мо ҳамеша варзишгарони боҳунару лаёқатманд бешумор буданд ва дар оянда низ аз худ дарак хоҳанд дод, гуфт Расул Боқиев ба хабарнигорон.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi