ДОНИШҶӮЁН БА ДУЗДӢ МАШҒУЛАНД?
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир карданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Далер Назаров дар бораи ғорат шудани Маркази бозиҳои компютерии ба ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи гурӯҳи номаълум муроҷиат кард.
Мувофиқи аризаи шаҳрванд шахсони номаълум ба таври зӯрӣ ба Маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Аэропорт 15 ворид шуда, масъули Марказ Фирдавс Назарови 17 соларо мавриди лату кӯб қарор дода, сипас 10 адад компютерро ба маблағи 5 ҳазору 800 доллари ИМА ба яғмо бурданд. Бо вуҷуди нокифоя будани маълумоти ибтидоӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ШКД – и ноҳияи Шоҳмансур дар муддати кӯтоҳ шахсони ба ин ҷиноят даст доштаро муайян ва дастгир намуданд.
Инҳо Муҳаммадзоир Мӯминови 21 сола ва се донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Темур Асадуллоев, Далер Собиров, Беҳрӯз Сафаров мебошанд. Ҳангоми дастгир шудан аз ҷинояткорон амволи дуздидашуда дарёфт карда шуд. «Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтишот оғоз гардид», - гуфт сарчашма.
Таҳмина Ғоибназарова, АМИТ «Ховар»