18:55:53 23-уми Июни 2025 сол

ДИЛШОД МЕДАЛИ ТИЛЛОРО НАСИБИ ХУД КАРД

Дилшод Назаров, партобгари қудратманди тоҷик, бори дигар медали тилои Осиёро дар партоби чакуш насиби худ кард. Ин дар ҳоле аст, ки агарчи бархе кишварҳои Осиёи Миёна аз сармоягузориҳои ҳангуфт барои тавсеъаи варзиши худ истиқбол мекунанд, дар варзиши Тоҷикистон хабаре аз сарфи ҳазинаҳои зиёд нест.

 

Ҷумҳурии Озарбойҷон бо куштигирони рус дар мусобиқоти улампик ширкат кард. Имсол дар тури Фаронса, тими дучархасаворони Астанаи Қазоқистон аз Ормстронг ва Кунтовер суд бурд ва дар футболи бошгоҳҳои Ӯзбакистон ситорагоне мисли Ревалдо тӯб мезананд. Ин кишварҳои Осиёи Миёна машғули ҷазби чеҳраҳои мумтози байналмилалӣ ҳастанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи раиси анҷумани нависандагони варзишии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин мушкилоти варзиши Тоҷикистон резиши афроди шоистае аст, ки моил ба идомаи фаъолият дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.Бо ин ҳол, Дилшод Назаров, инак марди берақиби Осиё дар модаи қудратии партоби чакуш аст ва бо парчами Тоҷикистон, як бори дигар қаҳрамони Осиё лақаб гирифт.

 

Назаров дар ҷараёни рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Чин, муваффақ шуд Алӣ Зайн Ковӣ аз Кувейтро пушти сар бигзорад. Кова Мусавӣ аз Эрон ҳам ба мақоме беҳтар аз панҷумӣ даст пайдо накард. Ҷолиб ин ҷост, ки ду сол қабл дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, Алӣ Зайн Ковии кувейтӣ бо 71\75 метр ва дақиқан як метр бештар аз Назаров рӯйи сакуи аввал истода буд. Аммо имсол дар Гуанҷу, ҳеҷ кас натавонист чакушро дуртар аз варзишкори нерӯманди тоҷикистонӣ биандозад.

 

Собиқаи набарди Зайн Ковӣ аз Кувейт ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон, ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2003 бозмегардад; рақобате, ки ҳар бор бо пирӯзии яке аз ин ду ҳамроҳ буда. Дар ин набардҳои так ба так саҳми партобгари кувейтӣ аз медалҳои тило бештар буда, аммо муҳимтарин мусобиқаро Дилшод бурдааст. Яъне бозиҳои осиёии 2006 дар Доҳа, ки медали тило насиби ӯ шуд ва Зайн Ковӣ нуқра гирифт.

 

Дилшод имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ низ ҳузур дошт; ҷое ки партобгари словенияӣ ҳамонанди Улумпики Пекин медали тило гирифт. Дилшод дар Берлин муваффақ шуд ба финал роҳ пайдо кунад, гарчи ба унвонии беҳтар аз ёздаҳум даст наёфт. Қаҳрамони партоби чакуши Осиё, улгу (намунаи ибрат)-и варзишии худро Андрей Абдувалиев муъаррифӣ мекунад.

 

Андрей низ тоҷик аст ва дар ҳамин мода медали тилои Улампики Барселонро тасоҳуб кард. Бо таваҷҷуҳ ба мавонеъи мавҷуд, бояд дид оё барои пешрафти варзишкорони боистеъдоде монанди Дилшод Назаров барномае вуҷуд дорад, ки битавонанд муваффақиятҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам такрор кунанд?

 

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон аз тарҳҳои ҷадид давлат барои ҳимояти молӣ аз варзишкорони Тоҷикистон дар 4 соли оянда хабар додааст. Ӯ гуфтааст давлат дар заминаи таъмини буҷет барои хариди таҷҳизоти варзишӣ ва бозсозии стадионҳо ва майдонҳои варзишӣ низ иқдом хоҳад намуд.

 

Ба ақидаи Неъматов, дар гузашта низ кумакҳое дар мусобиқоти байналмилалӣ ба варзишкорон шуда, аммо ҳимоятҳо умуман то фасли баъд идома пайдо накарда ва таъсири чандоне дар пешрафти варзишкорони миллӣ надоштааст.

 

Меҳдии Рустампур

рӯзноманигори варзишӣ, Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ