22:05:53 28-уми Марти 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 

photo 2023-01-03 15-28-16

 
 banner ahmad zahir booke
 

yadi rozgar 1245878754

 
 banner you tube ruzgor2021

qissahoi hijrat 54452121
 
 

Тақвим

<< < Март 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Комёбии футболбозони навраси тоҷик

Футболбозони навраси соли таваллудашон 2003-и Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар як мусобиқаи байналмилалие, ки  миёни ҳамсолонашон 26-30-марти соли равон дар шаҳри Алмаато  бахшида ба хотираи ходими давлатии Қазоқистон Н. Каппаров баргузор гардид, ба комёбии назаррасе ноил шуданд. 

1 мфкяшыр 254545Дар ин мусобиқа шаш даста аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Нахуст онҳо дар ду гуруҳи седастаӣ ба ҳам сабқат карданд. Дар як гуруҳ тими  наврасони Тоҷикистон, «Динамо» Тбилисии  Гурҷистон, «Пахтакор» Тошканди Ӯзбекистон ва дар гуруҳи дигар  тими наврасони «Зенит»-и Санкт Петербург ва тимҳои  наврасони «Кайрат-1» ва «Кайрат-2»- и Қазоқистон. Дар ин гуруҳҳо футболбозони навраси Тоҷикистон ва «Зенит» рақибони худро мағлуб сохта ба мусобиқаи ниҳоии байни худ роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки футболбозони навраси тоҷик ҳам «Динамо» ва ҳам «Пахтакор»-ро  дар бозиҳои гуруҳӣ бо ҳисоби як бар сифр мағлуб намуданд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони навраси «Зенит»  тавонистанд, ки ягона тӯбро ба дарвозаи  футболбозони тоҷик бизананд ва соҳиби ҷом шаванд. Ҳамин тариқ футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷои дуюмро сазовор шуданд.

Қобили зикр аст, ки  узви тими футболбозони навраси Тоҷикистон Мурод Муродов, беҳтарин дарвозабон ва Сафаралӣ Раҳмон, Мурабии шоистаи Тоҷикистон, беҳтарин мураббии ин мусобиқаи байналмилалӣ этироф гардида бо дипломҳо қадрдонӣ шуданд.

Ин лаҳзаҳоро хабарнигори «Рӯзгор» дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато ҳангоми бозгашти тими Тоҷикистон ба ватан аксбардорӣ кардааст.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi