08:20:32 16-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Медали тиллои Сабрина Абророва

Шоҳмотбози навраси тоҷик ғолиби Бозиҳои умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Ханти-Мансийски Россия гардид.

Чанд рӯз қабл шоҳмотбози 12 солаи тоҷик Сабрина Абророва дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия аз рӯйи намуди бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё ширкат варзида, Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дод ва бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Sabrina-Abrorova-2Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни табрикоти Сабрина иброз дошт: «Мояи ифтихор аст, ки имрӯз шоҳмотбозони навраси тоҷик дар ин намуди варзиш дар арсаи байналмилалӣ шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳифз карда, ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд. Барои ин комёбӣ ба Сабрина ва падару модар, инчунин мураббии ӯ изҳори миннатдорӣ мекунам. Хароҷоти сафари Сабрина Абророва ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ояндаи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ мешавад».

Бояд зикр намуд, ки 8 июни соли равон дар ҷумҳурӣ аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» оғоз шуд. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар 4 марҳила доир шуда, ғолибон 5 октябри соли 2019 дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешаванд. Маблағи умумии мусобиқаи ҷумҳурияви «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» 100 ҳазор сомониро дар бар мегирад ва Сабрина Абророва дар қатори беш аз 200 нафар яке аз иштирокчиён мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки Сабрина моҳи ноябри соли 2018 низ дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра гардида буд.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд шуда, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майлу рағбат пайдо намудаанд.

Шоҳмот намуди варзише мебошад, ки барои ташаккули майна ва тафаккури инсон мусоидат менамояд барои азхуднамоии илмҳои дақиқ заминаи хуб фароҳам меорад. Зеро он бозии зеҳнӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2017 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш зикр намуданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ дарси шоҳмот роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки доир ба ин намуди варзиш китобу дастурҳои таълимӣ таҳия ва чоп карда шавад.

Баъди супориши Сарвари давлат Вазорати маориф ва илм китоби дарсии «Асосҳои шатранҷ» — ро ба чоп расонд ва аз ҳамон сол дарси шоҳмот ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат ворид гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола   наврасону ҷавонон аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Инҷо метавон аз шоҳмотбози маъруфи Тоҷикистон Фаррух Амонатов ном бурд, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, чемпиони Осиё дар байни ҷавонон (1992), ғолиби озмунҳои «Москва- Open», чемпиони Россия (2007), ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд, Озарбойҷон (2016) ва Ҳиндустон (2017) гардидааст.

Ҳамчунин соли 2017 шоҳмотбоздухтари тоҷик Мутриба Ҳотамӣ дар Чемпионати Осиё байни духтарони 20-сола сазовори ҷойи 3-юм ва Суҳроб Ҳамдамов дар Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Қирғизистон байни шоҳмотбозони сустбин (маъюбон) сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот бозии қадима буда, дар асри 6, яъне 1400 сол пеш пайдо шудааст. Он бозии миллии халқҳои форсизабон аст. Нахустин маротиба дар сарчашмаҳои таърихии олам бозии шоҳмот дар дастнависи форсии «Карнамук» ном гирифта шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и Абуқосим Фирдавсӣ низ аз ин бозӣ бо номи «шатранҷ» ёд мешавад, ки баъдан ба вожаи «шоҳмот» табдил ёфтааст ва   сирф калимаи тоҷикии форсӣ мебошад. Дар асри 9, замони забти Испания, шатранҷ аз ҷониби арабҳо ба Аврупои Ғарбӣ бурда шудааст.

Холисаи АСОМИДДИН, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi