Баргузории мусобиқоти Унифайт дар шаҳри Душанбе
Дирӯз, 23 – уми июн дар маҷтамаи варзишии «Якачинор»-и шаҳри Душанбе, бахшида ба рӯзи байналмилалии Олимпӣ, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз таҷлил мешавад, мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе дар риштаи муҳорибаҳои ғайрикасбии UNIFIGHT («Унифайт») баргузор гардид. Дар он ҷавонону наврасон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои гирду атроф, ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа, муовини Сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадализода Абдулло, Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мутахассиси пешбари бахши варзиши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳмадуллоев Кароматулло, Директори маҷтамаи варзиши «Якачинор» Набоев Ҳалим, Раиси федератсияи Унифайти ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷов, Сардовари федератсияи Унифайт Шарипов Фирдавс, раиси федератсияи Унифайт дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ Курбоналиев Маҳмудҷон, сармурабии дастаи ноҳияи Евон Насров Нуриддин, довар Ҳусейнов Манучеҳр, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдураҳмон, номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Ҷовид, муррабӣ аз дастаи ноҳияи Мастчоҳ Бобоев Масрур, Устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинов Суҳроб, Азиззода Маҳмадҷон, Урозов Афзалшо иштирок доштанд.
Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим аз номи роҳбарияти кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокдорони мусобиқаро ба рӯзи байналмилалии олимпӣ табрик гуфт. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар пойтахти кишвар пайваста доир шудани ин гуна мусобиқоти варзишӣ далели ҳусни таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат аст.
Муовини сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадализода Абдулло иброз дошт, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад. Далели ин гуфтаҳо баргузор гардидани чунин мусобиқот мебошад.
Дар оғози мусобиқот зумрае аз меҳмонон барои саҳм ашон дар тарбияи варзишии наврасон ва рушди варзиш миёни ҷавонон бо диплому шаҳодатномаҳо ва унвони номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон сарафроз гардонида шуданд.
Баьди садо додани суруди миллӣ ва боло кардани парчами миллӣ мусобиқот оғоз гардид.
Дар хотима наврасону ҷавононе, ки се ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, бо медал ва дипломҳо қадрдонӣ шуданд.
«Рӯзгор»